Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ш. Шоҳин


Шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Ш. Шоҳин



26 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҳамзамон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази таълимии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар маркази таълимӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси нақшаи тарҳрезигардида босуръату сифати баланд ҷараён дорад. Иттилоъ дода шуд, ки Маркази таълимӣ дар масоҳати наздики 5 гектар замин бунёд мегардад ва дар ҳудуди он баробари иншооту биноҳои таълимӣ ҳамзамон, майдончаҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои истироҳату фароғат ва дигар инфрасохтори зарурӣ дар асоси талаботи имрӯза муҳайё карда мешавад. 


Дар рафти корҳо дар ҳама қитъаҳои иншоот, асосан бинокорону мутахассисони маҳаллӣ ба фаъолият ҷалб гардидааст. Масолеҳи сохтмонии истифодашаванда дар иншоот истеҳсоли корхонаву коргоҳҳои ватанӣ буда, дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои имрӯза мебошанд. 



Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти сохташаванда дар ҳудуди Маркази таълимӣ ва суҳбат бо бинокорону сохтмончиён ҷиҳати иҷрои босифати корҳо ва дар муҳлати муайнгардида ба истифода додани он дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

President.tj

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода