Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶЛИЛИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ШӮРОИ СОБИҚАДОРОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН


ТАҶЛИЛИ 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ШӮРОИ СОБИҚАДОРОНИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН



Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба 30 -юмин солгарди таъсиси Шӯрои собиқадорони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон чорабинӣ доир гардид.

Дар он сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан а собиқадорону кормандони Раёсат ва Шӯро иштирок доштанд.



Дар назди Санги поси хотира чун рамзи эҳтиром гулчанбар гузоштанд. 

Сипас, дар толори маҷлисии Раёсат ҷамъомад гузарониданида шуд. Дар он сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан, раиси Шӯрои собиқадорони милитсия дар вилояти Хатлон Табарзода Валиҷон Саид ва чанде дигарон дар бораи ҳадафи таъсиси Шӯро, хизматҳои шоёни собиқадорони соҳа ва дигар самтҳои фаъолияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.


Собиқадорони соҳаи корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон баромад карда, аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳо ва дигар хизматҳои худ ёдовар гардида истодаанд.

Дар қисмати дигар филми мустанаде аз таърихи фаъолияти милитсияи вилояти Хатлон ба намоиш монда шуд,ки фарогири тамоми самтҳои фаъолияти милитсияи Хатлон аст. 

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода