Рӯзномаи "Хатлон" кӯдаконро шод карда
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 895
Санаи 20 майи соли ҷорӣ дар боғи ба номи Раҳмон Мӯрчаеви шаҳри Бохтар бахшида рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ва эълони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ доир гардид. Чун анъана, идораи рӯзномаи “Хатлон” бахшида ба ин сана ба кӯдакони дорои имконияти ҷисмониашон маҳдуд туҳфаҳо омода карда, ба ҳамаи онҳо дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Носирҷон Маъмурзода, сардабири рӯзномаи “Хатлон” иброз дошт, ки дастгирӣ ва ҳавасмангардонии кӯдакон, алалхусус кӯдакони имконияташон маҳдуд дар заминаи дастуру супоришҳо ва сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буда, дар рушди минбаъдаи кӯдакон, азхудкунии донишҳо ва ба камол расидани онҳо саҳми арзандаи хушро хоҳад гузошт.
Бояд зикр кард, ки дар ин чорабинӣ муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шамъигул Шарифзода ва дигарон ширкат доштанд.
Муовини раиси шаҳри Бохтар Наргис Қурбонзода зимни баромади хеш ҳамаи кӯдаконро ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон табрик намуда, иброз дошт, ки бояд дар тарбия ва бавоя расонидани кӯдакон волидайн ва дар умум аҳли ҷомеа таваҷҷуҳ карда, баҳри босавод ва соҳибилм гардидани онҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурд.
Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Шамъигул Шарифзода аз иқдоми рӯзномаи “Хатлон” хурсанд буда, ба аҳли эҷод сипосгузории худро изҳор дошт.
Қобили зикр аст, ки чунин иқдоми рӯзномаи “Хатлон” бори аввал набуда, қабл аз ин ятимони мактаб-парваришгоҳи ноҳияи Вахш ба тамошои бозии футбол оварда, ба ҳар яки онҳо сару либоси варзишӣ, тӯб, маводҳои хӯрока ва дигар туҳфаҳо супурда шуд.
http://khatlon-ruznoma.tj/