Ҷавонони хатлонӣ пайравони воқеии Пешвои миллатанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 21 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 826
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Ҷавонони саодатманди диёр!
Ҳамаи Шумо – ояндасозони давлату миллат, неруи ободгари мамлакати соҳибистиқлоламонро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саодатмандӣ, комёбӣ ва сарсабзӣ орзумандам.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ кор бо ҷавононро аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон карда буданд. Сарвари мамлакат хуб дарк мекарданд, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо барои ҷавонони кишвар таҳти таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд.
Таъсиси сохтори алоҳидаи давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон, қабули як қатор қонуну барномаҳои давлатӣ, консепсияҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, таъсиси квотаҳо ва грантҳои президентӣ барои идомаи таҳсил дар мактабҳои олӣ ва рушди тиҷорат, дастгирии ташаббусҳои ҷавонони фаъолу лаёқатманд, бунёди иншоотҳои мухталифи варзишию фарҳангӣ, ташкили озмунҳои бонуфузи илмӣ, маърифатӣ ва ҳунарӣ аз ҷумлаи ғамхориҳои давлату Ҳукумат барои рушди ҷавонони мамлакат мебошанд, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ самараи неке ба бор овардаанд.
Имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки ҷавонони Тоҷикистон дар масири истиқлол бо пешрафтҳои назарраси худ дар соҳаҳои илму маориф, варзишу фарҳанг, иқтисоду тиҷорат ва хизмати давлатӣ мақоми шоиста касб намуда, барои таъмини ояндаи сарсабзи ватани маҳбубамон заминагузор ҳастанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар пайравӣ ба ҳидояту дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон чораҳои мушаххас меандешад.
Дар вилояти Хатлон шумораи умумии ҷавонон 1 миллиону 26 ҳазору 145 нафарро ташкил менамояд, ки аз ин теъдод 516 ҳазору 151 нафарашон писарон ва 509 ҳазору 994 нафарашон духтарон мебошанд. Теъдоди ҷавонони машғули таҳсил дар вилояти Хатлон 338 ҳазору 636 нафар, донишҷӯёни дар муассисаҳои давлатии хориҷи кишвар таҳсилкунанда дар соли хониши 2021-2022-юм 2460 нафар мебошад.
Ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сол то сол афзун гардида, феълан шумораи роҳбарон аз ҳисоби ҷавонон ба 721 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 67 нафар зиёд мебошад. Ҳамзамон, шумораи вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз ҳисоби ҷавонон 159 нафар зиёд шуда, ба 822 нафар расидааст.
Сарвари давлат бо боварӣ ба неруи созандаи ҷавонон чунин зикр намудаанд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд».
Дарёфти мақому ҷойгоҳи муносибу сазовор дар ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта мақсаду мароми давлати мост. Барои расидан ба ин ҳадаф, он гуна ки Пешвои муаззами миллат таъкид медоранд, мо бояд қобилият ва сатҳи маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавононро баланд бардорем, насли нави дорои тафаккури пешрафтаву созанда ва аз дастовардҳои илму техникаи муосир бохабару баҳраварро тарбия намоем.
Ҷавонони моро мебояд, ки дар пасманзари ҳаводиси зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва минтақа бо ҳисси ифтихори баланди ватандорӣ кору таҳсил кунанд, ба арзишҳои миллию давлатдорӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ арҷ гузоранд, неъматҳои истиқлолу озодиро ҳимоя намоянд. Фаромӯш насозанд, ки Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳимояи муқаддасоти миллӣ ва рушди Тоҷикистони азизамон, пеш аз ҳама, ба ҷавонон такя кардаанд. Ҷавонони ватандӯсту огоҳи мо бояд минбаъд низ ҳушёр бошанд ва нагузоранд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯи дохиливу хориҷӣ дар шуури дигар наврасону ҷавонони мо мафкураи бегона, хурофотӣ ва ифротгароёнаро ҷой намоянд.
Итминони комил дорам, ки ҷавонони вилояти Хатлон дар радифи ҷавонони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон дар пайравӣ ба ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ҷонибдорӣ аз сиёсати Ҳукумати кишвар карда, баҳри амалӣ намудани ормонҳои баланди миллӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҳифзи суботу ваҳдати комил аз тамоми неру ва имкониятҳо ба таври самарабахш истифода хоҳанд кард.
Бори дигар, ҳамаи ҷавонони азизро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфта, бароятон хушиҳои зиндагӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.
Саломату сарбаланд бошед!
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...