Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Азми истеҳсоли 286 тонна пилла


Азми истеҳсоли 286 тонна пилла



Соли равон дар вилояти Хатлон истеҳсоли 286 тонна пилла ба нақша гирифта шуда, айни замон ҷамъоварии он идома дорад. Дар ин бора ба рӯзномаи “Хатлон” намояндаи идораи “Пиллаи тоҷик” дар вилояти Хатлон Абдуғаффор Қурбонов маълумот дод.

Ба қавли манбаъ, то 17 май дар шаҳру навоҳии пиллапарвари вилоят 157 тонна пилла ҷамъоварӣ шудааст. Дар нуқтаҳои қабул бар ивази як килограмм пилла 15 сомонӣ дастмузд пардохт мекунанд.

- Қариб 20 ҳазор нафар дар шаҳру навоҳии вилоят ба кирмакпарварӣ ҷалб гардида, барои ҳосил гирифтан ба хоҷагидорон 10 ҳазору 65 қуттӣ кирмак тақсим карда шудааст, - афзуд А. Қурбонов. 

Пиллапарварони шаҳри Левакант бо истеҳсоли се ҳазор тонна пилла дурнамои истеҳсолро якумин шуда дар вилоят иҷро кардаанд.

Пилла ашёи муҳими саноатӣ буда, бо назардошти ин, «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» қабул карда шудааст. Ҳоло барои рушди соҳа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд. Масалан, имсол аз ҷониби ҶСК “Пиллаи тоҷик” қариб 80 ҳазор дарахти тут ба вилояти Хатлон оварда, ба хоҷагидорон тақсим карда шуд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода