Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Як қадами дигар ба сӯйи ғолибият


Як қадами дигар ба сӯйи ғолибият



Малика Очилова баробари садҳо нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ бо омодагии ҷиддӣ, барои иштирок кардан дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм -фурӯғи маърифат” дар макони баргузории озмун ҳозир гардид.

Ӯ соли 2020 дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” фаъолона ширкат варзида, дар даври ниҳоии он аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти шифоҳӣ” сазовори мақоми дуввум гардида буд.

Имсол бошад, дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” аз рӯйи номинатсияи «Химия», ҳамроҳи омӯзгоронаш омодагӣ гирифтааст.

-Чунин озмунҳо барои мо - ҷавонон имкон медиҳанд, ки сатҳи дониши худро санҷида, онро боз ҳам тақвият бубахшем. Аз ин хотир, моро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳо ва имкониятҳои фароҳамоварда, дар рушди диёри нозанинамон саҳми арзандаи хешро гузорем. Ман, махсусан миннатдории самимиамро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, ки барои наврасону ҷавонон ҳама гуна шароитро фароҳам меорад,- гуфт Малика Очилова. Ӯ тасмим дорад, ки оянда ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи А. Сино супорад. Зеро ӯ аз хурдӣ орзуи духтур шуданро дошт. Барои ҳамин ҳам дар ин озмун номинатсияи «Химия»-ро интихоб кардаасту ҳамроҳи омӯзгораш аз ин фан омодагӣ гирифта истодааст.

Тибқи маълумоти масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ, соли гузашта дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ҳамагӣ 250 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда буданд. Имсол бошад, 450 нафар довталаб ширкат дошта, миёни ҳам рақобат намуда истодаанд.

Озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва Илм фурӯғи маърифат”, ки бо ташаббус ва сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст, сол аз сол миёни аҳли ҷомеа бахусус хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ маҳбубияти бештар пайдо менамоянд.

Мудири маорифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмасаидзода иттилоъ медиҳад, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия барои ҷалб ва омодагии ҳамаҷонибаи муҳассилин ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ 470 маҳфили гуногун фаъолият менамоянд, ки дар онҳо омӯзгорони варзида баъд аз барномаи таълимӣ бо хонандагон корбарӣ менамоянд.

Баҳри дар сатҳи лозима баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ва ширкати озоду баҳогузории шаффофи малакаву дараҷаи дониши хонандагон аз рӯи номинатсияҳои муқарраргардида шароити лозима фароҳам оварда шуда аст.

Гуфта шуд, ки акнун нафароне, ки дар ин даври озмун ғолиб меоянд, барои иштирок дар озмуни сатҳи вилоятии он ҳамроҳи омӯзгорон омодагиҳоро боз ҳам ҷиддитар ба роҳ мемонанд. Зеро иштирок дар озмуни мазкур баҳри рушду ташаккули зеҳн, тақвияти илмомӯзӣ ва сатҳи навовариву ихтироъкории насли наврасу ҷавон ва амалигардии нақшаву барномаҳои марбут ба «20-солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» мусоидат менамояд.

Таваралӣ Соҳибназаров, журналист

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода