Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 12 000 НАФАР ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР


ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 12 000 НАФАР ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР



Субҳи 15 майи соли равон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Дави миллӣ баргузор гардид. Маросими ифтитоҳи Дави миллӣ аз майдони Исмоили Сомонӣ оғоз шуда, иштирокчиён ва варзишгарон тавассути маҳаллаи Дӯстии халқо ва истгоҳи нақлиётии шаҳри Бохтар маҳорати худро нишон доданд. 

Дар маросими ифтитоҳии Дави миллӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, муовинони раиси вилоят, намояндагони ташкилоту идораҳо ва сокинону варзишгарони шаҳр иштирок доштанд. 

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода дар маросими ифтитоҳӣ ҳамаи ҷамъомадагонро ба муносибати Рӯзи Дави миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки мо саҳми ҷавононро дар рушди варзиш, оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мушоҳида менамоем, зеро барои наврасону ҷавонон ва тамоми шароити муносиб фароҳам оварда шудааст. 

-Варзишгарони вилоят дар беш аз 26 чемпиноат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 120 медали тилло, 107 медали нуқра, 145 медали биринҷӣ, дав маҷмуъ 372 медал ба даст оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 151 медал зиёд мебошад. 


Тибқи иттилоъ, дар Дави милли имрӯза беш аз 12 000 ҳафар иштирок намуданд, ки аз онҳо 4400 нафарро занон ташкил медиҳад. Дави миллӣ дар се давр: марафони дучархаронӣ, марафон миёни наврасону ҷавонон ва ташкилоту идораҳо барои ғолибият талош намуданд. 
Дар охир, ғолибон муайян гардида, бо Сипоснома ва  Диплом сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мегардем, ки Дави миллӣ дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз субҳи имрӯз бо як шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. 



Фирдавс УМАРОВ, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода