Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАҶЛИЛИ 77-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ ДАР БОХТАР


ТАҶЛИЛИ 77-СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶБВ ДАР БОХТАР



Субҳи имрӯз, 9 майи соли ҷорӣ дар боғи ба номи “Раҳмон Мӯрчаев”-и шаҳри Бохтар дар назди пайкараи ёдгории шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ чорабинии идона бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, кормандони ташкилоту идораҳо, иштирокчиёни  ҶБВ, хонандагони мактабҳо ва сокинони шаҳри Бохтар баргузор гардид. 

Нахуст, раиси вилоят ҳамаи иштирокчиёни ҷамъомади мазкурро бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намуда, оид ба каҳрамониҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ иброз дошт, ки меҳтарони мо дар он давру замонҳо бо ҷони худ бозӣ карда, баҳри ҳифзи шаъну шараф ва давлату миллати хеш бар зидди душманон ҷангида, имрӯзи ободу осоиштаро барои ҳамаи мо фароҳам овардаанд. 

-Мо набояд фаромӯш кунем, ки бобову бобокалонҳои мо дар замони ҷанг чӣ қаҳрамониҳое нишон додаанд. Баҳри пос доштани арзишҳои миллӣ, якпорчагии замин ва осоиштагии мардум шабу рӯз ҷангидаанд. Ҳамаи ин қаҳрамониҳо дар таърих бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст,-ироа дошт раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода. 

Ҳамасола дар арафаи Рӯзи Ғалаба собиқадорони ҷанг бо мукофотҳои пулӣ тақдим мегардад. Вобаста ба ин, бо қарори раиси вилояти Хатлон барои 17 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки алҳол дар қайди ҳаётанд, ба миқдори 2500 сомонӣ (ҷамъан 42500 сомонӣ) мукофотпулӣ таъин гардид. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба аёдати ҳамаи иштирокчиёни ҷанг рафта, кумакпулиро ба онҳо супориданд.

Ҳамчунин, дар охири чорабинӣ дар назди пайкараи ёдгории шаҳидон аксҳои хотиравӣ бардошта шуд, ки аз ин собиқадорони ҷанг хушҳол шуданд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода