Якумин “Соати сиёсӣ” дар таълимгоҳҳо доир гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 968
Дар доираи амалиёти муштараки «Роҳ ба сӯи маориф» дар тамоми муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон дар мавзуъҳои “Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва ҳувияти миллӣ”, “Вазъи бавуҷудомада дар ҳамсоякишвар — Афғонистон ва таҳдидҳои он ба Тоҷикистон ва ҷаҳон” ва “Фишангҳои муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ” ташаббуси ҳизбӣ - “Соати сиёсӣ» доир гардид.
Аз ҷумла, 30 апрел дар МТМУ №7-и шаҳри Бохтар ин иқдом бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қиёмиддин Миралиён баргузор шуд.
«Амалиёти муштараки “Соати сиёсӣ” омили бедории зеҳнии наврасону ҷавонон ба ҳисоб рафта, дар кори шинос гардонидани насли ҷавон бо равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ҷиҳати аз бар намудани асосҳои сиёсати давлат, пуштибонӣ аз арзишҳои миллату давлатдорӣ дар ташаккули афкори наврасону ҷавонон нақши муассир мегузорад», — иброз дошт раиси Кумитаи иҷроия.
Мақсад аз гузаронидани амалиёти мазкур - баланд бардоштани маърифати сиёсии наврасон ва ҷавонони 12-24-сола, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ таҳти унвони “Роҳ ба сӯи маориф” аз ташаббусҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Раёсати маорифи вилоят буда, 20 апрел бо иштироки масъулини кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва мудирони маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят муаррифӣ гардид. Дар доираи он ду ташаббус – “Соати сиёсӣ” ва “Мактаби ман” мунтазам доир мегарданд.
Ташаббуси мазкур дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон (24.02.2022) ва дастурҳои Пешвои миллат дар доираи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) ҳамчун идомаи ташаббускориҳо ҷиҳати таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон ба роҳ монда шуд.
Ҳангомаи Исмат, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
6-04-2022, 12:41
«Дар маҷмӯъ, мафҳум ва тафаккури дунявӣ дар фарҳанги мо бо дарки илмии истилоҳоти «миллат»,...