Ҷавонписарон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ мераванд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 037
Шурӯъ аз якуми апрел иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тақрибан 70 фоизро ташкил намуд.
Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аст, ки ҳанӯз дар рӯзҳои нахустин ва давоми як моҳи ҷараёни чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ноҳияҳои Носири Хусрав, Шамсиддин Шоҳин, Фархор, Балҷувон ва ноҳияи Данғара даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро ба анҷом расонида, иҷрои нақшаро дар қаламрави ин вилоят қариб ба 70 фоиз баробар намуданд.
Қобили зикр аст, ки аз якуми апрел дар мамлакат даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона идома дошта, масъулини комиссияҳои даъватӣ ва мақомоти вобаста ба ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба муваффақияти назаррас ноил гардиданд.
Тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ миёни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, аксари онҳо бо дарки баланди эҳсоси ватандӯстиву адои вазифаи ҷавонмардӣ ва бо анҷоми масъулияти шаҳрвандии худ дар назди қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ, баъди гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зист, барои ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои давлатӣ ҳозир мешаванд.
Давоми як моҳи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки шумораи ҷавонписарони ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ омада ва дорои маълумоти олӣ баҳори соли 2022 нисбат ба солҳои пешин хеле зиёд мебошад.
Мояи ифтихору сарфарозист, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат шароити хизмативу маишӣ ва таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандони мамлакат имкон доранд дар фазои сулҳу суботи Тоҷикистон ва дар Ватани худ хизмати пуршарафи Модар-Ватанро адо намоянд.
Ҳангомаи Исмат, “Хатлон”