Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Қурбон Ҳакимзода: “ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ҶОНФИДОИИ ФАРЗАНДОНИ ДИЛОВАРРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНАНД”


Қурбон Ҳакимзода: “ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ҶОНФИДОИИ ФАРЗАНДОНИ ДИЛОВАРРО ФАРОМӮШ НАМЕКУНАНД”



16 апрел раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои ҳолпурсии волидони Суннатулло Маҳмадов ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сафар карданд.

Қобили зикр аст, ки шодравон Маҳмадов Суннатулло Маҳмадзарифович зимни адои хизмати ҳарбӣ баҳри ҳимояи хоки Ватан дар дидбонгоҳи Хоҷаи Аълои отряди Исфарагии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар задухӯрдҳои байнидавлатии сарҳадӣ аз худ аз шуҷоату далерию мардонагӣ нишон дода, рӯзи10 марти соли 2022 қаҳрамонона ҳалок гардид.

Маҳмадзариф - падари Суннатулло гуфт, ки писараш 8 январи соли 2001 дар деҳаи Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Марҳум муассисаи таълимии №3-ро хатм намуда, соли 2020 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудааст. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба волидони Суннатулло таслият баён карда, зикр намуданд, ки корномаи ӯ барои ҳазорон ҷавонони тоҷик сабақи ватандӯстию ҷавонмардист.

- Ватан ва миллат ҳеҷ гоҳ номи фарзандони ҷонфидою ҳомиёни баҳодури худро фаромӯш намекунанд, - идома дод раиси вилоят.

- Ман ифтихор мекунам, ки писарам бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ барои таъмин намудани амнияти Ватани азизамон, пойдории сулҳу субот, зиндагии осудаи мардуми кишвар сина сипар кардааст, - қайд намуд Маҳмадзариф Маҳмадов.

Ба ин хонавода аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон кумаки пуливу молӣ расонида шуд. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ҳамчунин ваъда доданд, ки барои ба итмом расонидани манзили нимсохти ин оила мусоидат намуда, масолеҳи сохтмонӣ дастрас мекунанд.

Инчунин таъкид шуд, ки бо мақсади қадрдонӣ ва пос доштани хотираи неки муҳофизи шуҷои ватан, бо пешниҳоди коллективи меҳнатии омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таълимгоҳи мазкур ба номи Суннатулло Маҳмадов гузошта шавад.

Айни замон, тибқи тартиби муқарраргардида, ҳуҷҷатҳо ҷиҳати ба номи Маҳмадов Суннатулло гузоштани номи муассисаи таълимӣ омода гардида, ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳод карда мешавад.

Мардуми Тоҷикистон ҳам бо Суннатулло Маҳмадов барин сарбозони далеру ҷасури Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоли худ, ки фарзандони миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик мебошанд, ифтихор доранд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода