Модар аввалин мураббии башарият аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 862
Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ифтихори Рӯзи модар
Модарону хоҳарони арҷманд!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи модар, ки ба рӯзҳои нахустини баҳори хуҷастапай рост омадааст, самимона шодбош гуфта, бароятон сарфарозиву сарбаландӣ, саломатии бардавом ва рӯзгори босаодатро таманно дорам. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон модарро аввалин мураббии башарият номида, таъкид доштаанд, ки тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад.
Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад. Дар тамаддуни куҳани мо, аз нигоҳи Пешвои миллат, мақом ва нақши модарӣ шояд муҳимтарин нақши ҳар зан бошад. Зеро меҳру муҳаббати модар ба фарзандон, танзими зиндагӣ ва роҳбарии дохили хона фазои орому осудаи оиларо таъмин месозад. Тавре ки бузургон фармудаанд, зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ ширкат дорад ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст.
Хушбахтона, халқу Ватани азизамон бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ муваффақ гаштаву бо умеди ояндаи дурахшон ва бо қадамҳои устувору самимӣ ба сӯйи қуллаҳои орзуву ормон раҳсипоранд. Заҳмати дастҷамъонаи мардону занон аз он далолат медиҳад, ки агар зан дар идоракунии давлат ва давлатдорӣ шарик гардад, решаи дарахти сиёсат дар умқи қалбҳо маскан мегирад. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо бонувони пуртаҷрибаю донишманд ва пайрави воқеии Пешвои муаззами миллат, занону духтарони зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, ватандӯсту меҳанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманди тоҷик ифтихор мекунанд.
Дар ҳақиқат, Пешвои миллат, дар баробари сиёсати одилонаву оқилона ва муваффақашон, нисбат ба мавқеи занмодар таваҷҷуҳи хосса ва некбинона доранд. Аз ин ҷост, ки имрӯз бонувони тоҷик сиёсатмадор, табиб, муҳандис, олим, варзишгар, роҳбар, омӯзгор мебошанд. Саҳми занон дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи вилоят назаррас буда, имрӯз дар муассисаҳои соҳаи маориф 26002 нафар, тандурустӣ 23619 нафар, фарҳанг 1698 нафар, соҳаи сохтмон ва меъморӣ 495 нафар, саноат 3407 нафар, почта ва алоқа 201 нафар, хоҷагии коммуналӣ 777 нафар, бонкҳо 1176 нафар, кишоварзӣ 162034 нафар бонувон фаъолият мекунанд. 11359 зани хатлонӣ роҳбарии хоҷагиҳои деҳқониро ба зимма доранд.
Теъдоди занони сарвар дар вилояти Хатлон сол то сол зиёд гардида, айни замон 9 ҳазору 833 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият мекунанд, ки нисбат ба соли 2019-ум шумораи онҳо 3 ҳазору 247 нафар зиёд аст. Дар баробар ин, 6 бонуи хатлонӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24 зан (34,7%) вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, 343 нафар (36,4%) вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 1037 зани хатлонӣ вакили маҷлисҳои вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд. Баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Ҳамин аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат дастур доданд, ки Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030 таҳия ва татбиқ карда шавад. Бо амалӣ гардонидани чунин иқдомот Ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи неруи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад. Мутмаинам, ки минбаъд низ иқдомоти муҳим дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, аз ҳисоби духтарон омода кардани кадрҳои замони нав ва боз ҳам беҳтар гардонидани сиҳатии модару кӯдак аз ҷониби давлат амалӣ гардонида мешаванд.
Нақши бонувон дар пойдор нигоҳ доштани оила, боло бурдани нақши иҷтимоии он дар ҷомеа, таъмини осудаҳолӣ ва танзими сарфу харҷи он бениҳоят калон аст. Қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо гузашти айём нишон дод, ки воқеан ҳам саҳми занон дар татбиқи самараноки он бағоят намоён буда, аз ҳар як зан фарҳанги волои сариштакорӣ ва рӯзгордориро тақозо менамояд. Дар баробари ин, модарон бояд кӯшиш намоянд, ки фарзандон, бахусус духтарон таҳсил карда, соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шаванд ва дар зиндагии мустақилона ба мушкилот дучор нагарданд.
Зеро агар бонуи хонадон босавод бошад, метавонад фарзандони худро тарбияи дуруст диҳад, онҳоро солиму бардам ва ҳамчун шахсиятҳои соҳибмаърифат ба камол расонад, яъне оилаи намунавӣ барпо намояд. Раванди зудтағйирёбандаи рӯйдодҳо дар ҷаҳони муосир ҳамаи моро ба ҳушёрии сиёсиву хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ, тарбияи фарзандон дар рӯҳияи меҳанпарастиву ифтихори ватандорӣ ва некию накукорӣ талқин мекунад.
Дар самти пешгирӣ аз вайроншавии оилаҳо, даст ба амалҳои номатлуб задани бархе аз занону духтарон, гароиши баъзе ҷавонон ба ҳаракату равияҳои ифротӣ, рӯ ба фарҳанги бегона овардани қисмате аз занону духтарон, маҳз модарону хоҳарони соҳибназару миллиандеши мо, ки дорои таҷрибаи бойи зиндагӣ ва маърифати азалӣ мебошанд, имкон доранд дар баробари мақомоти давлатӣ, фаъолона дар ҳалли ин масъалаҳо кумаки бевосита расонанд. Тадбирҳои андешидаи Пешвои муаззами миллат дар самти беҳтар намудани шароити зиндагии мардум, ободонӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон бесобиқа буда, боварӣ дорам, ки ҳар як фард, бахусус занони шарафманди Хатлонзамин, дар иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари мамлакат бо ташаббускорию масъулиятшиносиашон пешоҳангу намунаи ибрат мешаванд. Саҳми занон дар ободии Ватан ва хурраму назаррабо гардидани ҳар як гӯшаву канори диёрамон назаррас мебошад.
Дар пеш моро бузургтарин ҷашнҳо, аз ҷумла Наврӯзи байналмилалӣ, 25-солагии Ваҳдати миллӣ, 30-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон интизор аст. Мутмаинам, ки ба истиқболи ин ҷашнҳо шурӯъ аз имрӯз барои тозаву озодагии маҳалли зист, хуррамгардонии атроф камари ҳиммат мебандем ва дар дастаҷамъӣ Ватанро боз ҳам ободтар хоҳем кард. Бо ҳамин нияти нек, бори дигар кулли модарону хоҳарони арҷмандро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрику таҳният гуфта, ба аҳли хонаводаи шумо бахту нишот, ободиву осоиш ва хушҳоливу хушрӯзӣ орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, модарони меҳрубон, бонувони гиромӣ, хоҳарони азиз!