Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ПОЧТАИ ТОҶИК ОЁ РӮЗНОМАҲО САРИ ВАҚТ БА ДАСТИ ХОНАНДА МЕРАСАНД?


ПОЧТАИ ТОҶИК ОЁ РӮЗНОМАҲО САРИ ВАҚТ БА ДАСТИ ХОНАНДА МЕРАСАНД?




Дар шароити муосир нақши воситаҳои ахбори омма, бахусус матбуоти чопӣ, дар  баланд  бардоштани  маърифати  иҷтимоӣ  ва  иттилоотонии  ҷомеа  хеле муҳим  аст.  Рӯзномаи  «Хатлон»  ҳамчун  нашрияи  расмии  вилояти  Хатлон,  ки ҳафтае ду маротиба чоп мешавад, вазифаи калидӣ дорад: расонидани хабарҳои саривақтӣ,  таҳлилҳои  сиёсиву  иҷтимоӣ  ва  иттилооти  расмӣ  ба  хонандагони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон. Аммо саволе ба миён меояд: оё ин рӯзнома сари вақт ба дасти хонанда мерасад?

Расонидани  нашрияҳо  яке аз  самтҳои  муҳимми  фаъолия-ти “Почтаи Тоҷикистон” ба ҳисоб меравад. Ин хизматрасонӣ ба он равона шудааст, ки шаҳрвандони кишвар,  хоҳ  дар  шаҳр  бошанд, хоҳ  дар  деҳот,  сари  вақт  ба  иттилооти  зарурӣ  дастрасӣ  пайдо кунанд.  Матбуоте,  ки  почта  мерасонад,  метавонад  рӯзномаҳои давлатӣ, хусусӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ  ва  маҷаллаҳои  гуногунро дар бар гирад.

Ҳар  сол  мардуми  Тоҷикистон тавассути  шуъбаҳои  почта  ба рӯзнома ва маҷаллаҳо обуна мешаванд. Пас аз бақайдгирии обуна, сохторҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявии  «Почтаи  Тоҷикистон» масъулияти  расонидани  мунтазами  матбуоти  давриро  ба дӯши  худ  мегирад.  Ин  раванд ба  таври  муназзам  ташкил  шудааст:  чопхонаҳо  матбуотро  ба марказҳои почта мефиристанд ва аз он ҷо кормандони почта онро мувофиқи  суроғаҳо  ба  хона  ё коргоҳи обуначиён мебаранд.

Ин  хизматрасонӣ  барои онҳое,  ки  дар  дурдасттарин минтақаҳои  кишвар  зиндагӣ  мекунанд  ва  дастрасии  маҳдуд  ба интернет  ва  дигар  манбаъҳои ахбор  доранд,  махсусан  муҳим аст.  Ҳамчунин,  бо  шарофати хизматрасонии  матбуотрасонӣ, маълумоти  муҳимми  давлатӣ, қарорҳо, қонунҳо ва дигар ахбори иҷтимоиву сиёсӣ ба мардум сари вақт мерасад.

Идораи  рӯзномаи  «Хатлон» бо  намояндагии  «Почтаи  тоҷик» шартномаи  дуҷониба  дошта,  барои  хизматрасонӣ  маблағ  пардохт менамояд ва почта уҳдадор аст нашрияро сари вақт ба хонанда расонад. Бо вуҷуди ин, бархе аз филиалҳои «Почтаи тоҷик» ба шартнома  мувофиқ  амал  накар-да, дар баъзе ноҳияҳо рӯзномаҳо бо таъхир мерасанд. Вобаста ба ин  мо  дар  ташкилоту  идораҳои шаҳру  ноҳияҳои  минтақаи  Кӯлоб пурсиш  гузаронидем,  ки  натиҷаи онро пешкаши хонандаи азиз мегардонем. Дар  натиҷаи  пурсиш  ва таҳлиле,  ки  дар  муассисаҳои таълимӣ,  тандурустӣ  ва  дигар  сохторҳои  давлатии  шаҳру ноҳияҳои  минтақаи  Кӯлоб  гузаронидем, мушкилоти ҷиддие дар самти саривақт расидани матбуоти даврӣ аз ҷониби марказҳои алоқаи  почта  ошкор  гардид.  Аз ҷумла, намояндагони муассисаҳо изҳор  доштанд,  ки  рӯзнома  ва маҷаллаҳое,  ки  ба  онҳо  обуна шудаанд, бо таъхирҳои чандрӯза, ҳатто  чандҳафтаина  ба  дасти  онҳо  мерасанд.  Дар  баъзе ҳолатҳо  шумораҳои  алоҳидаи нашрияҳо пурра намерасанд.

Ин  ҳолат  боиси  нигаронии  зиёд  гардидааст,  зеро  дар муассисаҳои  таълимӣ  омӯзгорон барои  дарсҳои  тарбиявӣ  ва омӯзишӣ  аз  маводи  нашрияҳо истифода  мебаранд,  дар муассисаҳои  тандурустӣ  бошад, кормандон  ва  беморон  тавассути  матбуоти  даврӣ  иттилооти муҳимми тандурустӣ, қонунгузорӣ ва  ахбори  рӯзро  дарёфт  мекунанд.  Таъхири  нашрияҳо  дас-трасии  саривақтии  мардумро ба  иттилооти  расмӣ  ва  муҳимми иҷтимоӣ маҳдуд месозад.

Мо  тасмим  гирифтем,  ки  андешаи чанде аз кормандони ташкилоту идораҳои давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро инҷо орем,  то  барои  хонандаи  азизи мо  фаъолияти  сохторҳои  «Почтаи  Тоҷикистон»  дар  минтақаи Кӯлоб маълум гардад.

"Аз оғози соли таҳсили 2025–2026, то ба имрӯз, ҳатто дар моҳи август низ, ки қисмати омӯзгорони мо  кор  мекарданд,  ягон  шумораи рӯзномаи “Хатлон”, на танҳо “Хатлон”,  балки  ягон  рӯзномаи дигар  ба  муассисаҳои  таълимии  ноҳия  дастрас  нагаштааст. Мо  борҳо  масъалаи  нарасидани рӯзномаҳоро пайгирӣ намудем, аз ниҳодҳои дахлдор пурсон шудем, вале то ҳол ягон натиҷаи мусбат ба даст наомадааст”- иброз дошт зимни  суҳбати  телефонӣ  Амриддин Садирзода, мудири маорифи ноҳияи Фархор. Дар  беморхонаи  марказӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва бештари ташкилоту  идораҳои  ноҳияи  Фархор низ вазъият чунин аст.

Ҳасанҷони  Холаҳмад, иҷрокунандаи  вазифаи  директори  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи умумии №49-и ноҳияи Восеъ, дар суҳбати  телефонӣ  бо  мо  чунин гуфт:  «Мо  бештари  вақт  маҷбур мешавем  худамон  ба  почта  равем, рӯзномаҳоро бигирем ва ба омӯзгорон  тақсим  кунем.  Баъзан моҳе  як  ё  ду  маротиба  рӯзнома меоранд, ҳолатҳое ҳам мешавад, ки дар ду моҳ фақат як бор мерасонанд».

Ин  ҳолат  саволҳои  ҷиддиро дар бораи масъулияти сохторҳои почтавӣ  ба  миён  меорад.  Овардани  рӯзномаҳо  ба  мактабҳо, ташкилотҳо  ва  идораҳо  вазифаи бевоситаи  хизматрасонии почта аст,  на  омӯзгорон,  на  кормандони  муассисаҳои  давлатӣ. Вақте ки кормандони соҳаи маориф,  ки  бояд  машғули  таълиму  тарбияи  насли  нав  бошанд, вақти  худро  барои  ҷамъоварии рӯзномаҳо сарф мекунанд, ин нишон медиҳад, ки низоми интиқоли матбуоти даврӣ дар сатҳи лозима кор намекунад.

Бо  дарназардошти  ниёзи рӯзафзуни хонандагон, рӯзномаи «Хатлон» кӯшиш дорад бо афзоиши даврият ва сари вақт ба нашр расондани  хабару  гузоришҳо, ҳаводиси  муҳимми  вилоятро  ба аудитория расонад. Аммо фаъолияти  нокофии  баъзе  бахшҳои маҳаллии  «Почтаи  Тоҷикистон» монеаи  ҷиддӣ  дар  расонидани саривақтии  ин  матбуоти  муҳим мегардад  ва  то  андозае  монеъ  мешавад,  ки  рӯзнома  ба ҳадафҳои худ комилан ноил гардад.

Ғаффори  Мурод,  собиқ  омӯзгори  МТМУ  №7-и ноҳияи  Ховалинг,  чунин  нақл  мекунад:  "Ман  дар соли  таҳсили  2024–2025  дар  ҳамин  мактаб  фаъолият доштам. Дар тамоми давраи кориам танҳо як маротиба рӯзномаи “Хатлон” ва дигар рӯзномаҳо ба дасти ман расид".

Ин  иқтибос  боз  як  намунаи  возеҳ  аз  мушкилоти ҷиддии дастраси ниҳодҳои таълимӣ ба матбуоти даврӣ дар минтақаҳои дурдаст мебошад.

Омӯзгорон, ки бояд яке аз табақаҳои бештар огоҳ ва мутталеъ аз рӯйдодҳои кишвар бошанд, аз чунин манбаъҳои  муҳим  дур  мондаанд.  Агар  рӯзномаи расмии вилоятӣ танҳо якчанд бор дар тӯли як сол ба дасти омӯзгор расад, пас бояд ҷиддан андешид, ки расонидани  иттилооти  давлатӣ,  маърифати  сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ин маҳалҳо дар чӣ сатҳ қарор дорад.

Ба гуфтаи сармуҳаррири рӯзномаи “Истиқлол”-и ноҳияи Темурмалик Шералӣ Давлатов, сардухтури ноҳия  Азизов  Орзу  ва  мудири  маориф  Асомуродзода   Қурбоншо,  ки  бо  онҳо  мо  дар  суҳбат  будем, вазъияти  дастрасии  рӯзномаву  маҷаллаҳо  дар  ин ноҳия  хуб  мебошад.  Ҳамаи  шумораҳои  рӯзномаи “Хатлон”  пайваста  ба  дасти  хонандагон  мерасанд. Ҳолатҳое  низ  мешаванд,  ки  роҳбарони  сохторҳо ҳангоми  омадан  ба  маҷлис  ё  корҳои  хизматӣ  ба ноҳия,  рӯзномаҳоро  шахсан  гирифта  ба  идораҳои худ  мебаранд.  Дар  маҷмуъ,  вазъ  нисбат  ба  дигар ноҳияҳо беҳтар аст. 

Сари  вақт  расонидани  рӯзнома  на  танҳо  як масъалаи техникӣ, балки яке аз нишондиҳандаҳои эътимоди ҷомеа ба расона ба ҳисоб меравад. Дар сурати ба таъхир афтодани дастрасӣ, хонандагон аз хабарҳои рӯз маҳрум мегарданд ва аҳамияти иттилоот коҳиш меёбад. Барои нашрияҳое мисли «Хатлон», ки ҳадаф дорад рӯйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоятро инъикос кунад, таъмини дастрасии фаврӣ махсусан муҳим мебошад.

Ба  иттилои  Саиданварзода  Саидакбар,  сардори  шуъбаи  “Почтаи  тоҷик”  дар  ноҳияи  Фархор, рӯзномаҳо ҳар ҳафта саривақт ба нишонаи даркориашон мерасад, ин дар ҳолест, ки намояндагони таш-килоту идораҳои давлатӣ дар ноҳия ва дар маҷмуъ шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб аз саривақт нарасидани рӯзномаҳо шикоят доранд.

Дар минтақаи Кӯлоб, ки дорои ҷуғрофияи мураккаб ва масофаҳои дур байни ҷамоатҳост, фаъолияти “Почтаи тоҷик” ба як қатор мушкилиҳо рӯбарӯ шуда-аст. Бо вуҷуди ин, мушкилот наметавонад баҳонаи саҳлангорӣ ва бетарафии масъулини бахшҳои почта  гардад.  Зеро  расонидани  саривақтии  нашрияҳо вазифаи  мустақими  кормандони  почта  мебошад ва  барои  иҷрои  он  музди  меҳнат  мегиранд.  Аммо таҷрибаи  мавҷуда  нишон  медиҳад,  ки  дар  бисёр ҳолатҳо  кормандони  почта  на  танҳо  уҳдадориҳои худро  ба  таври  кофӣ  иҷро  намекунанд,  балки  бо як навъ бепарвоӣ ва хунукназарӣ ба паҳнсозии иттилооти  расмӣ  муносибат  мекунанд.  Маҳз  ҳамин бемасъулиятӣ  боис  мегардад,  ки  хонандагон,  аз ҷумла  омӯзгорону  кормандони  соҳаи  тандурустӣ, кормандони  ташкилоту  идораи  хизматрасон,  ки бояд  аз  рӯйдодҳои  муҳимми  вилоят  ва  кишвар воқиф бошанд, аз иттилооти муҳим маҳрум мемонанд. Вақте корманди як муассисаи давлатӣ маҷбур мешавад  ба  ҷойи  корманди  почта  рӯзномаро  худаш гирад, ин на танҳо як ҳолати номатлуб, балки нишондиҳандаи равшани фаъолияти сусти сохтори “Почтаи тоҷик” дар сатҳи маҳал аст. Агар ислоҳот ва назорати ҷиддӣ сурат нагирад, чунин ҳолатҳо метавонад  ба  коҳиши  эътимоди  мардум  ба  нашрияҳои давлатӣ ва расонаҳои расмӣ оварда расонад.

Мушкилоти  саривақт  нарасидани  матбуоти даврӣ  ба  шаҳру  ноҳияҳои  минтақаи  Кӯлоб,  ки  аз ҷониби “Почтаи тоҷик” расонида мешавад, ба кори муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва дигар сохторҳо таъсири манфӣ мерасонад. Таъхир дар расонидани рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо дастрасии саривақтии мардумро ба иттилооти муҳими иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ  маҳдуд  мекунад.  Барои  ислоҳи  вазъ  зарур аст, ки мақомоти масъул чораҳои муассир андешанд, назорати сифати хизматрасонӣ тақвият дода шавад ва низоми расонидани матбуот бо таҷҳизоту кадрҳои кофӣ таъмин гардад. Ин тадбирҳо ба беҳтар шудани сатҳи иттилоотонӣ ва эҳтироми ҳуқуқи мардум ба дастрасии ахбор мусоидат хоҳад кард.

Умарҷон ТОШМАТОВ,
Алишери АБДУЛМАҶИД,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода