Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Ин китоб дар бораи бузург шудани қаҳрамони асосӣ, масъалаҳои иҷ-тимоӣ, муҳаббат ва мушкилоти ахлоқӣ нақл мекунад. Қаҳрамони асосии роман Пип ном дорад, ки аз як кӯдаки ятим ба як ҷаноб табдил меёбад ва дар ин роҳ бо озмоишҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавад.
Ин китоб маро ба ҷаҳоне бурд, ки орзуҳои инсон, иштибоҳҳо ва ҷустуҷӯи маънои ҳақиқии зиндагӣ бо ҳам мепайванданд.
Пип, қаҳрамони асосӣ, аз кӯдаки камбизоат, ба ҷавоне бо орзуҳои калон табдил меёбад, аммо мефаҳмад, ки мақом ва сарват наметавонанд муҳаббати ҳақиқӣ ва оромиши дилро диҳанд. Ӯ дар зиндагиаш ва асосан оворагардиҳову “умедҳои бузургаш” бо инсонҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки ҳар кадом як пора аз ҳақиқати зиндагиро таҷассум мекунанд.
Ҷо - поквиҷдонӣ ва муҳаббати бечунучаро, Бидди - самимияти беолоиш, Эстелла - зебоии сард ва фиребандаи орзуҳо, Памблчук - “ғамхори худхоҳ”, Герберт - дӯстии ростин, Джеггерс - шахси дақиқу ростин, Уэммик - инсони содиқ ба кору меҳрубони падари пир, Мэгвич - пушаймонӣ ва тавбаи дер, хонум Ҳэвишем - заҳри кинаи гузашта ва Орлик - хашми беасос, кинаву ҳасудӣ.
Ҳангоми хондани ин асар ман «Кимёгар»-и Пауло Коэлоро ба ёд овардам. Гарчанде сабку муҳит тамоман дигар аст, ғояҳо ба таври ҳайратовар ҳамсонанд: ҳар ду асар аз роҳи шахсӣ ва орзуҳои бузург мегӯянд, ҳар ду нишон медиҳанд, ки хушбахтӣ на дар сарват, балки дар қаноат ва худшиносӣ аст, ҳар ду қаҳрамон роҳнамоҳо доранд, ки ба онҳо дарк ва ҳушёрӣ мебахшанд ва ҳар ду дар охир ба асли худ бармегарданд, то дарёбанд, ки ҷавобҳо ба суолҳояшон дар мавриди ҷустуҷӯи хушбахтиву обрӯву сарвату мақом аз аввал ҳам наздик буданд, аз аввал ҳам фаҳмотар буд.
Ҳар ду китоб, ҳарчанд бо забон ва заминаи гуногун офарида шудаанд ва аз пурхонандатарин осор маҳсуб мешаванд, як ҳақиқатро таълим медиҳанд: Мақсадҳои мо вақте арзиш доранд, ки дар ин роҳ худи ХУД-ро пайдо кунем, ба умеди касе, ба ваъдаҳои фиребандаи ҳар касе гирифтор нашавем.
Пайроҳаи қаҳрамони ин китоб Пип, хеле рангорангу пуртазод буд, вай бо умеди ёфтани мақом дар ҷамъият ва пайи ин “умедҳои бузург” чӣ қадар ба мушкилоти руҳиву ҷисмонӣ дучор гардид, зарбаҳои нохалафонро хӯрд, сардии муҳаббати дастнораси Эстелларо ҳар сонияи умри худ ва то охирин лаҳзаи қисса дар худаш ниҳон дошт ва муносибати лагандбардорона ва боғарази хеши дураш Памбл-чукро ҳамеша дар вуҷудаш нигоҳ дошт, муносибати хонум Ҳэвишем - бонуи якумра интиқомгири муҳаббати беҷавобро бо меҳрубонӣ ва таҳаммули мардона паси сар кард, вале аз ҳама бештар муҳаббат ва самимияти Ҷоро натавонист таҳаммул намояд ва худро як умр ношукри даргоҳ, ношукри оҳангархона, ношукри меҳрубониҳои содаи Ҷо ва беғараз ба пуррагӣ ҷуброн намояд. Ӯ бо сабаби хостани мақому манзалат, бо сабаби ҷавонӣ, бо сабаби раҳо шудан аз зинда-гии одиву камбағалона, бо сабаби доштани умедҳои бузург ва пайдо кардани “муттако ва роҳнамои маблағгузору таъминкунандаи зиндагии шоиста дар ҷамъияти болонишинон” ошёни худро тарк кард, аммо надонист, ки бозгашташ ба дунболи тамом хушбахтиҳо боз сӯи маҳалли зисташ буда, боз ҳам амнтарин, содатарин, зеботарин ва беҳтарин манзили хубаш, оромии хобаш, роҳати тану ҷисму руҳаш даргоҳи азалист, боз ҳам ҳамон Ҷо аст, ки бе ягон ғараз дар мушкилтарин айём малҳамаш, шодишарикаш ва ғамхору парастораш шуд ва ӯ то охирин лаҳзаи зиндагиш фақат миннатдор аз Ҷо аст.
Ман ҳам ба қаҳрамон Ҷо ва самимияту мардонагӣ, ботақвоӣ ва матонат, содагию озодагӣ, таҳаммулу дурандешӣ, хайрхоҳиву сабуриаш ҳайрон шудам. Ҳарчанд қаҳрамони марказӣ Пип аст, аммо маҳз ба туфайли Ҷо - шавҳари марҳум хоҳари Пип, устои оҳангар ва аввалин дӯсти воқеии ӯ, хонанда арзиши ҳақиқии инсониятро эҳсос мекунад. Ҷо бо дили пок ва хоксории худ барои Пип такягоҳест, ки ҳеҷ сарват ё мақоми баланд иваз карда наметавонад. Ӯ дастгири Пип дар кӯдакӣ ва ҷавонӣ, оинаи виҷдони ӯст, ки ҳар бор ҳушдор медиҳад: бузургӣ на дар либос ва унвон, балки дар ростқавлӣ ва муҳаббати беғараз аст.
Нақши Ҷо дар роман далели он аст, ки инсонҳои ҳақиқатан арзанда аксаран хомӯш ва беҷилва зиндагӣ мекунанд, вале ҳузури онҳо сарнавиштро тағйир медиҳад.
Шаҳноз ТОҲИРӢ,
номзади илми филология,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ба номи академик Б. Ғафуров
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.