Анӯшервон: «Хизмат ба Ватан шараф аст!»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 0
![]()
Ман, Анушервон Асламзода, сокини ноҳияи Муъминобод ва хатм-кардаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, бо эҳсоси баланди ифтихор ва масъулият имрӯз ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда истодаам. Барои ҳар як ҷавон, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ на танҳо як уҳдадорӣ, балки шарафи бузург ва нишонаи садоқат ба давлату миллат аст.
Хурсандиам беандоза аст, ки имкони хизмат ба Ватани азизам - Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ман насиб гардидааст. Бо тамоми масъулият ва ифтихор қадам ба ин роҳ мегузорам, зеро медонам, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби мардонагӣ, шуҷоат ва ватандӯстист. Ҳар як ҷавон дар ин мактаб на танҳо қувваи ҷисмонӣ, балки иродаи ботинӣ, эҳсоси садоқат ва муҳаббат ба Ватанро дар худ парвариш медиҳад. Хизмат ҷавононро муттаҳид, қавиирода, омодаи ҳаёти мустақил, сабур, шуҷоъ ва устувор мегардонад. Дар ин давра инсон на танҳо муҳитро меомӯзад, балки худашро низ мешиносад қуввати ирода, интизом, эҳтиром ба қонун ва муҳаббат ба Ватанро меафзояд.
Бо эҳтирому сипоси амиқ миннатдо-рии худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоям. Маҳз бо сиёсати хирадмандона ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат имрӯз шароити хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар мутобиқ ба талаботи замон ташкил ёфтааст.
Мо - ҷавонони кишвар, ин дастгириро эҳсос мекунем ва бо қалби пур аз ифтихор ба хизмати ҳарбӣ меравем. Зеро медонем, ки ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи шаҳрвандӣ, балки қарзи ахлоқӣ ва виҷдонӣ аст.
Ҳамаи ҷавонони ба синни хизмати ҳарбӣ расидаро даъват мекунам, ки бо ифтихор ба хизмати ҳарбӣ раванд. Аз хизмат набояд ҳаросид, зеро хизмат на танҳо санҷиш аст, балки имтиҳони ҳақиқии ҷавонмардӣ мебошад. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавон ба қадри сулҳу оромӣ мерасад, дӯстӣ ва ҳамраъйиро меомӯзад, ҳисси ватандӯстиашро қавитар мегардонад. Ин таҷриба дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ, хоҳ дар кор, хоҳ дар оила, хоҳ дар ҷомеа ба нафъи инсон хоҳад буд.
Бо ифтихор мегӯям:
-Хизмат ба Ватан ифтихори ҳар як ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст!
Мунавваршои ЗАФАР,
Рамазони МИРЗОМИДДИН,
«Хатлон
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
24-07-2025, 14:29
(ДАР АСАРҲОИ САЙМУМИН ЯТИМОВ)...
-
26-01-2021, 14:00