Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » МОДАРИ ФАРЗАНДКУШ


МОДАРИ ФАРЗАНДКУШ



Зан бо умеду орзуҳои нек ба шавҳар баромада, оила  месозад.  Бо  гузашти  вақт  тифлакони ширинро ба дунё меоварад ва ҳаёташ рангину афсонаро мемонад. Бале, ҳар як зан мехоҳад модар шуда, кӯдаконашро дар оғӯши гарму нарм, бо афсонаи ширину шири сефедаш калон кунад. Бедорхобӣ мекунад, то тифл хоби бароҳат кунад,  дард  мекашад,  то  кӯдакаш  солим  бошад. Ҳар гоҳ фарзандонаш “Оча, очаҷон!” мегӯянд, ӯ курта-курта  гӯшт  мегирад,  пеши  дӯсту  душман сарбаланд мешавад. Навозиши модар фарзандонро ба камол мерасонад. Ҳамин аст вазифаю масъулияти зан-модар дар зиндагӣ.


Мутаассифона,  ҳаёт  тазодҳои  зиёде  дорад,  зиндагӣ на ҳамеша ба афсонаи ширин табдил меёбад. Ҳастанд модароне, ки кӯдакони бо сад азобу дард ба дунё овардаю  ба  онҳо  ҷон  додаашро  душман  мешаванд,  чашми дидан  намекунанд  ва  баъзан  қасд  ба  ҷони  онҳо  карда, мехоҳанд  бо  бераҳмиҳои  зиёд  аз  ҳаёт  маҳрумашон  созанд. Пас аз ин онҳо кистанд: қотил, бачакуш, золим ва ё носолиму девона?! Ба ин тоифа зан-модар ҳукм баровардан чандон осон нест. Ва онҳоро ба зан-модар гуфтан 
забон намегардад.

... Ҳодисаи ҳамон рӯз рухдода дар сар то сари деҳаи Лайлакон паҳн гардид. Махсусан ҳамсоязанҳо аз рафтори модари қотил ангушти ҳайрат газида, аз якдигар суол мекарданд:

- Ҳамсоя, гапи нава шунидӣ?

- Не-ку, дар деҳа чӣ гап?-ҳайрон шуд ҳамсоя.

-  Мегӯянд,  ки  Юлдуз  бачаҳояшро  қасди  куштан кардааст,-фаҳмонд ҳамон зан.

- Наход? Боварам намеояд...

-  Ман  ҳам  аввал  бовар  накардам,  шояд  ин  кори шавҳараш  бошаду  гуноҳро  ба  сари  ҳамсараш  бор  мекунад? Мутаассифона, ҳамин тавр аст. Ӯ қотили бачаҳо буда.

- Ё тавба, охирзамонаш ҳамин бошад?

- Модар бачакуш! Не, не, ин ҳаргиз мумкин нест,-бовар карда наметавонистанд занҳои ҳамсоя.

...  Дар  тақвим  21-уми  июни  соли  2025.  Соат  тахминан  19:30  дақиқа.  Тасфии  тобистон  ҳанӯз  нарафтааст. 

мак  мезананд.  Мардум  аз  кори  саҳро  бармегаштанд. Кӯдакон  бошанд,  дар  рӯйи  ҳавлӣ  саргармии  бозианд. Мардумони  меҳнатқарини  деҳаи  Лайлакони  Ҷамоати деҳоти “Вобканд”-и ноҳияи Қубодиён чун ҳамешагӣ дар манзилҳои худ хӯрокпазию дуюмӣ рӯйи кати ҳавлӣ дастурхон паҳн мекунад. Ба ғизои шомгоҳӣ омодагӣ мебинанд. Аз ҳар як ҳавлӣ овози кӯдакони шӯху ҳанӯз аз бозӣ сернашуда ба гӯш мерасад. Онҳо бозии худро дар ҳавлиашон идома дода, ба ҷасту хезу баҷошавакон машғуланд.

Дар  ҳавлии  истиқоматии  оилаи  Хомитовҳо  низ кӯдакон ба бозӣ дода шудаанд. Пӯшида нест, ки ҷое бозии кӯдакон ҳаст, он ҷо, албатта, ҷанҷол низ ҳаст. Онҳо бо ҳам бозию хурсандӣ мекунанд, ҳамзамон ба якдигар ҷангӣ шуда, ногап мешаванд ва боз лаҳзае пас оштӣ мекунанд.Ҳамин  тавр,  дар  байни  Муҳаммад,  фарзанди  хурдсоли  Юлдуз  Бозорова  ва  бародари  хурдии  шавҳараш Абдулҳомит якбора ҷанҷол ба амал омад. Модар аз ин асабонӣ шуда, писарашро яксӯ бурда, хеле сарзаниш намуд.

- Ман ба ту чанд маротиба гуфтам, ки бо ӯ (Абдулхомит дар назар аст) бозӣ накун,-гӯён Муҳаммадро латукӯб кард. Ин ҳолатро хусури зан Панҷибой дида, келинро аввал насиҳат ва баъд сарзаниш намуд. Падарона таъкид кард, ки бачаҳоро барои чунин муноқиша озор надиҳад.

- Бозии кӯдакон ҳеҷ гоҳ бе ҷанҷол нест, онҳо боз зуд ба ҳам меоянд, - гуфт амаки Панҷибой.

Насиҳати хусур ба зан сахт расид. Худро таҳқиршуда шуморида,  якбора,  мисли  ҳезуми  хушк  даргирифт.  Ба ғазаб  омад.  Ҷониби  насиҳатгар  песонида,  барои  аламашро  баровардан  ба  кӯдаконаш  дарафтод.  Бо  ин  дилаш қарор нагирифт. Лату кӯбашро идома дод. Кӯдакони бечора  аз  тарси  модар  беовоз  ашк  мерехтанд,  ашки сӯзони тани зарбхӯрдаашон. Бечораҳолона ба ҳам печида, раҳми модари бадҷаҳлашонро оварданӣ мешуданд. Аммо, ҳайҳот, ки модар аз ақл бегона шудаю дар симои фарзандон  душмани  худро  медид.  Бо  ин  сабаб  қасди куштани  фарзандонаш-Муҳаммади  5-сола,  Исои  3-сола ва Хатичаи 4-моҳаро кард.

Модари қотил Юлдуз Бозорова барои ба мақсади нангини  худ  расидан  фарзандонро  ба  ҳуҷраи  хобашон  даровард.  Хатичаро  дар  гаҳвора  баста,  аз ошхона корди хоҷагиро гирифт. Онро аввал хуб аз назар гузаронида, аз рӯйи эҳтиёт зери остин пинҳон намуд.  Гирду  атрофро  сокит  дарёфта,  дубора  ба ҳуҷраи хоб баргашт ва дари онро маҳкам кард. Сари гаҳвора  омад,  Хатичаи  хурдакаки  бехабар  аз  ҳама ниятҳои модар, ҷониби ӯ механдид ва ҳанӯз забон набароварда,  ки  бо  лаҳни  ширини  тифлӣ  ҳарфе гӯяд. Модар бошад, ҷониби тифл чашм ало кардаю дуои бадаш менамуд. Дар ин лаҳзаҳо чашмони Юлдуз хун гирифтаю мехост ба зудӣ Хатичаи бегуноҳро сари корд кунад. Бо ин мақсад ба гаҳвораи тифл наздик шуд. Банохост шавҳараш Умедҷон аз кор баргашта, дари ҳуҷраро баста дарёфт. Онро паст-паст кӯфт, завҷаашро садо намуд.

Зан  омадани  шавҳарро  интизор  набуд,  ки даступохӯрда  шуд.  Ӯ  бо  мақсади  пай  набурдани шавҳараш аз мақсади тарҳрезикардааш кордро дар ҷевон  пинҳон  кард.  Сипас  дари  ҳуҷраро  ба  рӯйи шавҳар кушод. Фарзанди калонӣ Муҳаммад бо гиря худро ба оғӯши падар андохт. Ӯ ба падар шикоятомез гуфт: “Модарам лату кӯбамон кард. Моро танҳо нагузоред, очам боз мезанад”. Вуҷуди падар ба ларза даромад ва ӯ худро базӯр дошт. Хомӯшона фарзандонаш Муҳаммаду Исоро рӯӣ ҳавлӣ бароварда, худ аз хона баромада рафтанӣ буд.

- Падарҷон, моро танҳо нагузоред, бо худ баред, очаам мезанад,-бо ашки шашқатор ба зорӣ даромад бача.

- Тез бармегардам, - гӯён падар аз дарвоза берун шуд.

Юлдуз пас аз рафтани шавҳар, тахминан соатҳои 11-и  шаб  бо  нияти  ба  анҷом  расонидани  амали ҷинояткоронаи  худ  -  аз  ҳаёт  марҳум  кардани  фарзандонаш, онҳоро бо таҳдидҳои зиёд дар ҳуҷра хобонд. Аз байн чанд муддат гузашт. Фарзандонро хоб бурд. Модар корди аз ошхона овардаашро ба даст гирифта, нахуст назди рахти хоби фарзанди “хабаркашаш” омад. Муҳаммади 5-сола дар хоби ноз буд. Модар  “амалиёт”-ашро  аз  ӯ  оғоз  кард.  Ӯ  назди  бачаи  дар  ҳолати  оҷизӣ  қарордоштааш  омад,  кӯрпаи рӯяшро гирифта, як тараф гузошт. Нафасгирии бомарому  чеҳракушодаи  писар  раҳмашро  наовард. Кӣ медонад, кӯдак дар ин лаҳзаҳо чӣ хобе мебинад. Шояд модар ба хобаш даромадаю навозишаш дорад ва ё аз рухсораҳояш мебӯсаду бӯйи фарзанд ба машомаш мерасад. Не, не, ин тавр нест, инро танҳо аз афсонаҳо мешунавем...

Модар корд дар даст, бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими писар, яъне шикамаш 5 маротиба зарба зад. Муҳаммад оҳи бадарде бароварда, чашмонашро базӯр кушод. Болои сараш модари қотилашро кордбадаст дида, беҳолу бемадор илтиҷо кард: “Очаҷон, дигар хабаркашӣ намекунам, маро накушед!” Вале зориҳои бача ба гӯши очаи сангдил намедаромад.

Чашмонаш  хун  гирифтанд,  кирдорҳои  ҷиноятии худро идома дода, назди писари дуюмаш Исо омад. Исо ҳамагӣ 3 сол дорад. Тифлаки бегуноҳ дар назди  гаҳвораи  хоҳараш  нишаста,  онро  ҷунбонида Хатичаҷони  ширинашро  мехобонид.  Юлдуз  ӯро аз назди гаҳвора яксӯ тела дода, ба узвҳои ҳаётан муҳимаш 5 маротиба зарбаи корд зада, боз қарор нагирифт. Баъд аз ин назди гаҳвораи Хатичаи чормоҳа омад. Тифлаки  хандонрӯ  дар  гаҳвора  мехобид.  Зан  банди гаҳвораро  кушода,  болошиками  тифлро  бараҳна  карда, се  маротиба  кордро  ба  он  халонд.  Овози  тифл  набаромад, танаш оғӯштаи хун шуд. Зани  маккор-Юлдуз  Бозорова  бо  мақсади  худро  аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудан ва тарсонидани аҳли оилааш бо корд қисматҳои шикамашро зада, ҷароҳатдор намуд...

Ҳаққу  ҳамсояҳо  фарзандони  осебдидаро  ба  Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритус расониданд. Дар ин ҷо Муҳаммаду Исоро наҷот доданд. Вале Хатичаи чормоҳа дар  натиҷаи  бардоштани  ҷароҳатҳои  ҷиддӣ  ва  зарари вазнини ҷисмонӣ вафот кард...

Ҷиноят ва ҷазо. Модар ҷиноят содир намуд, акнун назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Тафтишоти пешакии ин парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Қубодиён ба анҷом расонида, баъди  тасдиқи  фикри  айбдорӣ  аз  тарафи  прокурори  вило-ят,  мушовири  адлияи  дараҷаи  1  А.Н.  Назарзода  барои баррасӣ ба Суди вилояти Хатлон ирсол карда шуд. Айбдоркунии давлатӣ аз тарафи прокурори шуъбаи назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ дар  судҳои  прокуратураи  вилояти  Хатлон,  мушовири адлияи  дараҷаи  3-юм  Э.С.  Ҳусейнзода   ба  таври  касбӣ анҷом дода шуд.

Новобаста аз ин, даст доштани судшаванда дар содир намудани ҷинояти мазкур бо нишондодҳои ҷабрдидагон, намояндаи  ҷабрдидагон,  шоҳидон,  протоколи  гузаронидаи  санҷиши  нишондод  дар  ҷойи  ҳодиса,  хулосаҳои экспертизаҳои судӣ-тиббӣ, судӣ-равонпизишкӣ, экспертизаи  криминалистӣ,  экспертизаи  тиббӣ-суди  биологӣ,  ху-лосаи экспертизаи физикӣ-техникӣ, хулосаи экспертизаи психологӣ тасдиқи худро ёфтааст.

Судшаванда Бозорова Ю.М. вобаста ба бегуноҳии худ ягон далел пешниҳод карда натавонист. 

Аз  ҷониби  мақомоти  пешбурди  тафтиши  пешакӣ кирдорҳои Бозорова Ю.М. бо моддаҳои 32 қисми 3-104, қисми  2  бандҳои  “а,в,е”  ва  104,  қисми  2  бандҳои  “а,в,е” Кодекси  ҷиноятии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  пешбинишуда, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои одамкушӣ ва сӯиқасди одамкушӣ,  яъне  сӯиқасди  аз  ҳаёт  маҳрум  сохтани  ду шахс  ё  бештар  аз  онро  муқаррар  мекунад,  банду  баст карда  шуд.  Судшаванда  Бозорова  Ю.М.  дар  маҷлиси судӣ бо айби ба ӯ эълон кардашуда худро пурра гунаҳгор ҳисобида, аз кардааш пушаймонӣ изҳор намудааст. Акнун ӯ паси панҷара уболаку амонат нишастааст. Ба як нукта менигарад ва ҳукми одилонаи судро интизор аст.

Бо ҳукми Суди вилояти Хатлон аз 19 сентябри соли 2025  Бозорова  Юлдуз  Мусурмонхужаевна  бо  моддаҳои 32  қисми  3-104  қисми  2  бандҳои  “а,в,е”  ва  104  қисми  2 бандҳои  “в,е”  КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гунаҳгор  дониста  шуда,  дар   асоси  қисми  3  моддаи  67  КҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам кардани  ҷазоҳои  таъиншуда  ба  Бозорова  Ю.М.  ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 28 сол, бо адо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

Баъди шинос гаштан бо маводҳои қабати парвандаи ҷиноятӣ ва ҳукми суд кас ба андеша рафта, ба худ савол медиҳад: Сабаби ин ҷаҳли мураккаб дар чист?!

Ба андешаи мо, яке аз сабабҳои асосии ҷаҳли мураккаб ин то андозе бесаводӣ ва тарбияи дуруст надидани ин модари бачакуш шояд дар хонаи падарӣ бошад? 

Ҷаҳлу  ғазаб  хислати   бади  инсонӣ  аст.  Шахси  оқил, ҳамон  фардест,  ки  ин  омили  бисёр  баду  хӯи  ваҳшигиро тавонад  аз  тинати  худ  дар  лаҳзаи  даркорӣ  дур  намудаву  андешаи  инсонпарваронаро  дар  қалбаш   ҷой  диҳад. 

Зеро  ин  омили  бисёр  даҳшатнок  ва  аҳриманӣ  дар  як лаҳза  аз  андешаи  инсон  мегузарад  ва  метавонад  инсонро  ба  бадбахтиҳои  зиёде  гирифтор  намояд.  Он  вақт дигар  пушаймонӣ  суд  надорад.  Иродаи  ин  гуна  шахсон заиф  аст  ва  онҳо  дар  лаҳзаи  амалӣ  намудани  кирдори ғайриинсонии худ гӯё аз чизе ва ҳатто аз марг низ парвое надоранд.  Вале  факту  далелҳои  чунин  ҷиноятҳо  гувоҳӣ онанд, ки маҳз ҳамин гуна инсонҳо аз ҷони худ метарсанд ва дар лаҳзаи ниҳоӣ дигаронро ба он дунё фиристода, худ ҷонҳавла ба ресмони ҳаёт мечаспанд. Чанд сол қалб чунин  амали  зишт  бар  асари  гӯё  рашки  зиёд  аз  ҷониби бонуе  аз  ноҳияи  Кӯшониён   сар  зада,  чанд  фарзандро ба коми оташ доду худро баъдан аз оташ раҳо кард, чун фаҳмид, ки ҷон ширин аст. Ё бону аз ноҳияи Фархор чор фарзандашро  ғарқ  карду  худ  ҷонҳавла  шино  карда,  аз коми дарёи Сурхоб ҷонашро халос кард...

Ба  ҳамин  хотир,  инсон  бояд  пеш  аз  ба  кору  амале даст задан, андешае дошта бошад ва пеши роҳи хашму ғазабро то тавонад, бигирад...

Варқаи ЗАЙНИДДИН,
ёвари калони прокурори вилоят,
С. АТТОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода