Аз таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 1 283
Соли равон мардуми кишварамон, аз ҷумла ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳисси ифтихору сарбаландӣ 29-умин солгарди таъсиси Артиши миллӣ ва 25-солагии Ваҳдати миллиро ҷашн мегиранд. Дар остонаи ин ҷашнҳои фархунда мо беихтиёр замони ташкилёбию роҳи пуршарафи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки кафили сулҳу амонӣ ва истиқлолияти кишвар мебошад, пеши назар меорем.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳаматарафа аз нав бунёд гардида, дар сафи он сохторҳои наву замонавӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла, ҷузъу томҳои десанти ҳавоӣ, муҳандисию сапёрӣ, сохторҳои таъминоти ақибгоҳӣ, сохтмонӣ, тиббӣ, таълими ҳарбӣ ва монанди инҳо барпо карда шуд. Такмилу инкишоф ва бозсозии Қувваҳои Мусаллаҳ минбаъд низ идома ёфт. 10 апрели соли 1993 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баталлйони таъйиноти махсуси қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бригадаи махсуси вазорат табдил ёфт.
Аз рӯзҳои аввали фаъолият сохтори мазкур аз санҷишҳои ҷиддии ҷанги шаҳрвандӣ гузашт, бригадаи махсус боварии Сарвари давлат ва мардуми кишварро ба даст овард. Бо назардошти дастовардҳои ҳарбӣ ва ҷангӣ бо Фармони Президенти кишвар аз 17 январи соли 1995 бригадаи махсус ба Гвардияи Президентӣ табдил дода шуд. Мутобиқи дастури Вазорати мудофиа бо мақсади рушду нумӯи варзиш аз 4 марти соли 2002 Клуби маркази варзиши артиш ташкил карда шудааст.
Нахустин мактаби касбии ҳарбӣ дар Тоҷикистон соли 1992 дар пойгоҳи техникуми геологии коллеҷи олии ҳарбии фармондеҳию муҳандисӣ ташкил карда шуд ва оянда ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа табдил дода шуд.
Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва донишҷӯёни низомии тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода шуданд.
Айни замон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дорад.
Ҳамин тариқ, нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ баланд гардида, дар давоми соҳибистиқлолӣ мавқеи он мустаҳкам гардид.
Имрӯз сафҳои Артиши миллӣ аз ҳисоби низомиёни касбӣ, ки мактабҳои ҳарбии дохилию хориҷии дуру наздикро хатм кардаанд, мукаммал гардидааст.
Наврӯз ТОҲИРЗОДА,
прокурори ҳарбии гарнизони Бохтар,
Давлаталӣ АЛИМОВ,
профессори ДДБ ба номи Носири Хусрав