Ҷавонони хатлонӣ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона хизмат мекунанд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 1 164
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ҚУРБОН ҲАКИМЗОДА БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо камоли ифтихор ва самимияти беандоза тамоми хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Бо қаноатмандиву сипос хотирнишон месозам, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи замони соҳибистиқлолӣ буда, неру, қудрату тавоноии он ба як ниҳоди пуриқтидори муосири замонавӣ табдил ёфтааст, ки имрӯз ҳимояи марзу буми меҳани аҷдодиро ба дӯши худ гирифтааст.
Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва дастовардҳои таърихии он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлат ва осоиши ҷомеа саҳми басо арзишманд гузоштаанд.
Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонони ватандӯсту худшинос, ҷасуру ҷонфидо ва ҷисману рӯҳан обутобёфта хизмати Ватан-Модарро ба ҷо меоранд.
Мавриди ёдоварист, ки бо талошу ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фарзандони содиқи ин марзу бум, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, беҳтар гаштани сатҳу сифати зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси мо дар мушкилтарин лаҳзаҳо паҳлуи Пешвои миллат қарор гирифта, дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистони азиз содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хизматҳои таърихии фарзандони далеру шуҷои худро ҳамеша пос медоранд ва хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳаргиз фаромӯш намекунанд.
Дар ин рӯзи муборак ёдоварӣ аз хизмати ватандӯстонаи диловарони Ватан, ки барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва иҷрои супориши ҳарбӣ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, амният ва субот дар мамлакатро таъмин намуданд, метавон мактаби ватандӯстии онҳоро ба наслҳои имрӯзу фардо мавриди омӯзиш қарор дод, зеро маҳз истодагарӣ ва диловарии онҳо буд, ки имрӯз сулҳу субот ва амният дар кишвар пурра таъмин аст.
Насле, ки барои Ватан хизмати арзандаю шоиста менамояд ва дифо аз марзу бумаш мекунад, воқеан ҳам ба ҳама қадршиносӣ ва ситоиш арзанда аст.
Mo-насли имрӯзи ҷомеа ба мардонагиву шуҷоатмандии онҳо сари таъзим фуруд оварда, баҳри болидагии рӯҳи абадзиндаи онҳо сулҳу суботи устувор ва ягонагии давлати мустақили худро чун гавҳараки чашм муҳофизат хоҳем кард.
Роҳбарияти Олии мамлакат дар раванди татбиқи барномаҳои ислоҳоти сохторӣ ба масъалаи рушду пешрафт, бунёди иншооту биноҳои зарурии замонавӣ ва бо техникаву лавозимоти ҷангии муосир таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат эътибори аввалиндараҷа медиҳанд.
Бояд ёдовар гардид, ки бо такя ба хизматҳои шоистаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки аз 1-уми январи соли 2022-юм музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шуд, ки ин ғамхории Пешвои муаззами миллат бори дигар масъулияти кормандонро дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули худ дучанд менамояд.
Дар заминаи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хизмати ҳайати шахсӣ ва кормандони мақомоти амнияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро қадрдонӣ карда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии онҳо тадбирҳои муассир меандешад.
Таъкид менамоям, ки хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан – Модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.
Ин рисолати бузурги ватандорию ифтихори миллиро ҷавонони қавииродаи хатлонӣ дар ниҳоди худ парварида, ҳамеша баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодӣ ва музаффариятҳои замони соҳибистиқлолӣ омода буда, доимо дар ҳифзи Ватананд.
Таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, қадршиносӣ ва дастгирии ҳайати ҷузъу томҳо аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳад, ки ҳамасола 23 феврал дар сартосари Тоҷикистони азиз бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Таҳаввулоти босуръати ҷаҳонӣ, ки имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон таъсири манфии худро расонида истодааст, дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҳар як фарди ватандӯсту баор дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими милливу давлатӣ вазифаҳои бисёр ҷиддиро мегузорад, ки ҳалли онҳо аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва шахси худогоҳ иродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.
Бори дигар тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони хизмати ҳарбиро ба ифтихори 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар самимона табрик гуфта, дар ҳифзи Ватани азизамон, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистон барояшон рӯҳи қавӣ, иродаи матин ва барору комёбиҳо орзу менамоям.
Рӯзи Артиши миллӣ муборак, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!