Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Боздиди раиси вилоят аз мавзеъҳои сохтмонӣ


Боздиди раиси вилоят аз мавзеъҳои сохтмонӣ



Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Кӯшониён ва Вахш шинос шуданд.

Сараввал раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои ободониву сарсабзгардонӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар дидан намуд. Саҳни бинои фурудгоҳ бо тарҳу намои замонавӣ таъмир гардида, шароити зарурӣ барои мусофирону сайёҳон ва истиқболгирандагон муҳайё карда мешавад. Ҳамчунин, раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ ширкат намуда, бо кишоварзон оид ба истифодаи самараноки замин, дарахтшинонӣ ва вусъати корҳои ободонӣ суҳбат намуданд.

Тибқи иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят аз маҷмааи хизматрасонии “Тахти Сулаймон”-и ноҳияи Кӯшониён боздид ба амал овард. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки маҷмааи хизматрасонии “Тахти Сулаймон” аз ду ошёна иборат буда, дар он нуқтаҳои шустушӯи нақлиёт, мағоза, ошхона ва тарабхона барои 100 ҷойи нишаст бунёд шуда истодааст.

Ҳоло бо меҳнати 35 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ 80 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, ифтитоҳи иншоот дар арафаи ҷашни Наврӯз ба нақша гирифта шудааст. Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Абулмуъмин Ҳалимов сохта ба истифода супорида мешавад.

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилояти Хатлон аз ҷараёни таъмиру бозсозии корпоратсияи “Салтанат”, ки бунёди коргоҳҳои хурду бузурги саноатиро ба нақша гирифтааст, боздид карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар коргоҳи истеҳсоли оби ҷав корҳои васлу насби таҷҳизот аз ҷониби мутахассиони дохилию хориҷӣ идома дорад. Баъди ба истифода супоридани ин коргоҳ садҳо ҷойи нави корӣ барои сокинон пайдо мегардад. Дар ҳудуди корпоратсияи “Салтанат”, ки оянда ба як шаҳрчаи саноатӣ табдил меёбад, бунёди корхонаҳои хурду калон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Вахш аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастор дидан намуд. Мактаб-интернати кӯдакони ятиму бепарастор барои 480 хонанда, хобгоҳ барои 480 кат ва ошхона пешбинӣ гардидааст.

“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода