Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Бохтар: Қалъаи Қӯрғон таъмир мешавад


Бохтар: Қалъаи Қӯрғон таъмир мешавад



Масъалаи баҳси ҷамъиятҳои мусофиркашонӣ барои хатсайри «Қарияи боло- бозори «Фаровон»» мавриди суолгузории намояндагони расонаҳои хабарӣ дар нишасти матбуотии раиси шаҳри Бохтар қарор гирифт. Дар робита ба ин, раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода изҳор дошт, ки мутобиқи озмун яке аз ҷамъиятҳои ғолибомада аллакай дар хатсайри мазкур фаъолият дорад ва ҷамъияти дигаре, ки мушкил эҷод намуд, аз тарафи мақомотҳои дахлдор ба ҷавобгарӣ кашида шуд.

Инчунин, дар рафти нишасти хабарӣ вобаста ба сохтмони боғчаҳои нав ва ҳолати бехатарии онҳо, ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва сабаби кам будани шумораи ғолибон, таъмири «Кохи Ватан», ҳолати нигаронкунандаи меҳмонхонаи “Қӯрғонтеппа”, худсарона кандани роҳҳо ва гузаронидану таъмир кардани қубурҳо, вайронкунии роҳҳо, зарурати сохтмони бинои нав барои муассисаи таълимии №8 суолҳо пешниҳод гардиданд. Оид ба масъалаи эътирозҳои прокурорӣ гуфта шуд, ки давоми соли 2021 дар умум нисбати 14 қарори раиси шаҳр эътирозҳои прокурорӣ оварда шудааст. Ин эътирозҳо нисбати қарорҳо дар хусуси ҷойгиркунии дуконҳои савдо, сохтмони ҷойи бозии кӯдакон, муҳлати бастани шартномаҳо ва тозагии шаҳр мебошанд.

 

Сипас, вобаста ба зебогардонии шаҳр, насб ва нигоҳдории манораи соати гирдогирди шаҳр, таъмири қалъаи Қӯрғон, иваз намудани ҷойи муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров, ҳолати нигоркунандаи қабристонҳо ва кандани панҷараҳои онҳо, ба тозагиву рангуборкунӣ ниёз доштани қабристонҳо, вазъи пардохти маблағҳои қарзии Идораи хоҷагии манзилию коммуналӣ аз Бонки ҷаҳонии рушд ва вокунишҳои раиси шаҳр оид ба маводҳои журналистӣ суолҳо пешниҳод карда шуданд. Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода ба онҳо ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гардонид.

С.АЗИЗЗОДА, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода