Ифтитоҳи 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №17-и ноҳияи Хуросон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 033
Имрӯз ҳамчунин бо иштироки раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода расми ифтитоҳи 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №17-и ноҳияи Хуросон барпо гардид.
Бинои 4 синфхонаи иловагӣ дар масоҳати умумии 228,1 метри мураббаъ сохта шуда, фармоишгар ва маблағгузори иншооти мазкур ташкилоти ҷамъиятӣ-хайриявии “Тоҷикистон” мебошад. Дар назди бинои мазкур буғхонаи марказонидашудаи ангиштӣ бунёд карда шудааст, ки тариқи он ҳамаи ҳуҷраю айвонҳои бино бо гармӣ таъмин карда мешавад.
Ҳуҷраҳои бино бо мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар рафти сохтмони ин бино 15 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардиданд.
Арзиши лоиҳавии сохтмони иншооти мазкур 928 ҳазор сомониро дарбар мегирад.
Бунёди ин бинои замонавӣ барои толибилмони деҳаи Истгоҳи Даҳана туҳфаи арзанда дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба ҳамаи дастандаркорони сохтмони бинои мактаб арзи сипос намуда, зимни суҳбат бо омӯзгорону волидайн онҳоро ба таъмини сифати баланди таълим ва тарбияи шоистаи насли наврас даъват намуданд.
- Соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дастгирӣ ва рушди кори соҳа дар вилоят таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад, - қайд карданд раиси вилоят.
Дар ноҳияи Хуросон феълан 62 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар назар дошта шудааст, ки соли 2022 дар назди 10 МТМУ-и ноҳия бунёди 80 синфхонаи иловагӣ оғоз меёбад.
Қобили зикр аст, ки соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағузорӣ дар вилоят 75 иншооти соҳаи маориф бо 622 синфхона барои 29586 нафар дар ду баст мавриди истифода қарор дода шудааст, ки ҷиҳати коҳиш додани нораосии ҷойи нишаст ва аз себаста баровардани муассисаҳои таълимӣ мусоидат намуда истодааст.
http://khatlon-ruznoma.tj/