Ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимии №21-и ноҳияи Хуросон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 973
Имрӯз, 11 феврал, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таълимии №21-и ноҳияи Хуросон ширкат варзиданд.
Дар назди муассисаи таълимии №21, воқеъ дар деҳаи Эшмаи деҳоти “Ғаллаобод”и ноҳияи Хуросон, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ 8 синфхонаи иловагӣ бо сифати матлуб бунёд гардидааст.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳия соли 1980 сохта шудааст. Муассисаи таълимии мазкур дар масофаи 9 км аз маркази ноҳия дур воқеъ мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ то ин замон машғулият гузаронида мешуд, вале норасоии синфхонаҳои таълимӣ ба назар мерасид. Дар ин таълимгоҳ 91 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта, ғунҷоиши синфхонаҳо барои таълими дурусти хонандагон душвориро пеш меовард.
Синфхонаҳои нав бо 60 миз ва 120 курсӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар саҳни ҳавлӣ 40 адад дарахти арча шинонида шудааст. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар сохтмони ин бино 14 нафар сокинони ноҳия бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин гардиданд. Маблағи умумии лоиҳаи бино 650 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода омӯзгорону шогирдони мактабро ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани 8 синфхонаи нави иловагӣ дар назди ин муассиса шодбош гуфта, қайд карданд, ки ҳамакнун мушкилоти норасоии синфхонаҳои иловагӣ аз байн рафта, хонандагон дар синфхонаҳои барҳавои тозаву озода ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
- Сохтан ва ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ барои тараққӣ ёфтани ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи омӯзиш, маърифати хонандагон, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар гардонидани шароит барои омӯзгорон таъсири мусбат мерасонад, - афзуданд раиси вилоят.
http://khatlon-ruznoma.tj/