Қурбон Ҳакимзода: “Ҳисси ифтихори ватандории ҷавононро баланд бардорем”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 1 423
Имрӯз, 10 феврал, дар шаҳри Бохтар ҷаласаи навбатии Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар кори шӯро, ки таҳти раёсати раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баргузор гашт, аъзои шӯрои вилоятӣ, муовини раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ташкилоту идораҳое, ки барои мусоидат ба рафти иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, ширкат варзиданд.
Вобаста ба масъалаи якуми ҷаласаи шӯро, яъне раванди татбиқи сиёсати дарҳои кушод ҷиҳати дастрасӣ ба қонунгузории амалкунанда ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Азизбек Хайриддинзода маърӯза кард. Номбурда қайд намуд, ки соли 2021 аз ҷониби кормандони суди иқтисодии вилоят бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо сокинони вилоят 139 ҷамъомаду вохӯрӣ гузаронида шуда, аз рафти вохӯриҳо 60 маводи иттилоотӣ тариқи воситаҳои ахбори омма пахшу нашр гардидааст.
Дар идомаи ҷаласа вобаста ба масъалаи ташаккули фаҳмиши ҳуқуқӣ дар тафаккури таълимгирандагон сардори Раёсати маорифи вилоят Ашӯралӣ Олимӣ сухан гуфт. Аз ҷумла қайд гардид, ки ин тадбир дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ (кӯдакистон, синфҳои ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва таълими калонсолон) бо ҷалби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ муассиртар татбиқ хоҳад гашт.
Мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят Баҳром Миров доир ба таъмини дастрасии аҳолӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида ба воситаи расонаҳои хабарӣ гузориш дод. Қайд гардид, ки вобаста ба иҷрои банди 19-и нақшаи фаъолияти Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ, шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ ва идораҳои телевизиону радиои вилоят, нашрияҳои вилоятӣ силсилаи мақолаҳо ва хабарҳоро мунташир карда, шарҳу тафсири қонуну санадҳои алоҳидаи меъёрию ҳуқуқӣ аз ҷониби мутахассисони соҳаи ҳуқуқ, кормандони масъули мақомоти судӣ, прокуратура, агентии зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, тариқи воситаҳои ахбори омма нашру паҳн карда шуданд.
Дар идома лоиҳаи нақшаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси вилояти Хатлон барои фаъолият дар соли 2022 баррасӣ ва бо назардошти таклифу пешниҳодҳои аъзои шӯро тасдиқ гардид.
Дар ҷаласа комиссари ҳарбии вилоят Умед Солизода оид ба рафти корҳои омодагӣ ба даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ҳисобот дод. Зикр гардид, ки то имрӯз аз ҷониби комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо сокинону ҷавонони синни даъватӣ 400 суҳбату вохӯрӣ оид ба аҳамияти хизмати ҳарбӣ гузаронида шуд.
Тибқи ҳисоботи комиссарони ҳарбӣ, ба шумораи муайяни ҷавонони синни даъватӣ даъватнома равона гардидааст, ки дар миёни онҳо фарзандони шахсони мансабдор низ ҳастанд.
“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки талаботҳои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №264 ва қарори раиси вилоят дар бораи омодагӣ ба даъват ва дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар курсҳои ронандагӣ дар шаҳрҳои Кулоб, Левакант ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, А. Ҷомӣ, Ҷ. Балхӣ, Панҷ, Фархор, Восеъ ва Ҳамадонии вилоят ба таври дахлдор иҷро нагардида, сабаби кашол ёфтан ва дар муҳлати муқарраргардида иҷро нашудани нақшаи даъвати тирамоҳии соли 2021 гардид”, - қайд гардид дар ҷаласаи шӯро.
- Яке аз сабабҳои канораҷӯии баъзе ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ паст будани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонон ва волидайни онҳо буда, бо мақсади баланд бардоштани ифтихори ватандории онҳо тамоми сохторҳои соҳаи идеологӣ (ҷавонон, занон ва оила, маориф, фарҳанг, ходимони дин, васоити ахбори омма, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ҳизбҳо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ) корҳои ташвиқотиро бояд таҳким бахшанд, - вазифагузорӣ кард раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода.
Масъалаи мубрами рӯз ҷараёни маъракаи эмгузаронӣ ва вазъу ҳолати бемории коронавирус дар вилоят мебошад. Вобаста ба ин масъала ҳисоботи сардори Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят М. Раҷабзода шунида шуд.
Дар охир аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба таъмини волоияти қонун ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо, аз ҷумла хатари ҳар гуна амалҳои номатлуб, содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта, мунтазам гузаронидани чорабиниҳои таблиғотӣ-ташвиқотӣ дар байни ҷавонон, мафкурасозӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, беҳтар гардонидани сатҳу сифати барномаҳои телевизиони давлатӣ, сабт ва паҳн намудани филмҳои тарбиявии ҷавобгӯ ба арзишҳои миллӣ, омода ва паҳнсозии маводҳои ҷолибу муфиди тарбиявии ба талаботи рӯз ҷавобгӯ дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷоннок кардани рафти эмгузаронӣ, корҳои безараргардонӣ, таваҷҷуҳ ба ҳолати санитарии бозорҳо, ҷойҳои гаштугузори зиёди одамон, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, обмонӣ, гулкорӣ дар назди аъзои шӯро ва дигар масъулон вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.