Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳамкорӣ ба хотири рушди иқтисод ва рақобатпазирии Агробизнес


Ҳамкорӣ ба хотири рушди иқтисод ва рақобатпазирии Агробизнес



3 феврал дар шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода роҳбари намояндагии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ҷаноби Питер Райл ва ҳайати ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфтанд.

Роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) мавзӯи меҳварии мулоқоти мазкур буд.

Раиси вилоят зикр карданд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон аз тарафи USAID лоиҳаҳои зиёде дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят амалӣ гардидаанд.

Гуфта шуд, ки дар доираи барномаи “Озуқа ба хотири оянда” 4 лоиҳаи USAID: “Модари солим, кӯдаки солим” (17,3 миллион доллар), “Шукуфоии Тоҷикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ” (20 миллион доллар), “Оид ба рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” (18,6 миллион доллар) ва “Деҳқон барои деҳқон” (1,7 миллион доллар) ба маблағи умумии 57,8 миллион доллар амалӣ гардида, дар доираи онҳо корҳои назаррас баҳри некуаҳволии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба анҷом расонида шудаанд.

Қобили қайд аст, ки айни ҳол лоиҳаи “Рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон” дар 13 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон амалӣ гардида истодааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур соли 2021 дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои зиёд, аз ҷумла омода намудани 62 маҳсулоти нав дар занҷираи арзиши иловашуда, омӯзонидани 20 ҳазору 806 нафар доир ба усулҳои беҳтаркунии пешбурди агробизнес, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 657,5 ҳазор доллари ИМА, ҷалби 3,6 миллион доллар барои дастгирии корхонаҳои зерҳадаф дар бахшҳои боғдорӣ, истеҳсол ва коркарди шир ба анҷом расонида шуд.

Ҳамзамон, лоиҳаи “Модари солим, кӯдаки солим”дар 12 ноҳияҳои ҳадафии вилояти Хатлон” (Ёвон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Левакант, Вахш, Кӯшониён) амалӣ гашта истодааст, ки мақсади лоиҳаи беҳтар намудани вазъи ғизо, пешгирии беморӣ, фавти модару кӯдак мебошад. Дар доираи лоиҳаи болозикр ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши момодояҳо, ҳамшираҳои шафқат ва модарон семинарҳои омӯзишӣ, курсҳои такмили ихтисос ва тақсими дастурамалҳо гузаронида шудааст.

Дар мулоқоти Қурбон Ҳакимзода ва Питер Райл инчунин раванди татбиқи лоиҳаи “Шукуфоии Тоҷикистон: шарикӣ барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ”, ки дар 9 ноҳияи наздисарҳадии вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон амалӣ гардида истодааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мақсади лоиҳа афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорони хурду миёна, ташкил намудани кумитаҳои маҳал ва кашидани хатти оби нӯшокӣ буда, то ин давра ба маблағи 50,5 миллион сомонӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардидааст.

Раиси вилоят ба ҳайати намояндагони USAID барои ҳамкории самарабахш миннатдорӣ баён намуда, пешниҳод кард, ки ҳангоми тарҳрезии лоиҳаҳои амалкунанда ва аз нав таҳиямешуда ҷиҳати дастгириҳои молиявӣ, грантҳо ва кӯмакҳои техникӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, аз ҷумла ба самти бунёди корхонаҳои коркарди хурду миёнаи истеҳсолии саноатию кишоварзӣ таваҷҷуҳ карда шавад.

Питер Райл ба раиси вилояти Хатлон барои истиқболи гарм изҳори сипос намуда, ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда изҳори умедворӣ кард. “Ҳукуматҳои Тоҷикистону ИМА тӯли 30 сол дар бисёр лоиҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаи кишоварзӣ, тандурустӣ ва маориф якҷоя кор мекунанд”, - гуфт роҳбари намояндагии USAID.

Зимни мулоқот раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва роҳбари намояндагии USAID Питер Райл инчунин доир ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти бунёди корхонаҳои хурди коркард ва хушккунии меваю сабзавот, гармхонаҳои доимамалкунандаи замонавӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза, зиёд намудани иқтидори содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ, роҳандозии таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи акушер-генекологӣ ва табибони кӯдакона ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши касбӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ сарвари вилоят ба Питер Райл ҷомаи миллӣ бо гулдӯзии мунаққаш ва ба ҳамкоронаш туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро тақдим намуд.

Н. Маъмурзода,
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода