Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Таҷлили ҷашни Сада дар маркази вилоят


Таҷлили ҷашни Сада дар маркази вилоят



Имрӯз, 29 январ, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ҷашни Сада бо шаҳомати хос таҷлил гардид.

Нахуст, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳамроҳонаш аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ниҳолону гулбуттаҳо дидан намуданд. Намояндагони шаҳру навоҳии вилоят беҳтарин намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, анвои мухталифи таомҳои миллӣ, қаннодӣ, ниҳолони дарахтони мевадиҳанда ва ороиширо ба маъраз гузошта буданд.

Сипас дар толори театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов қисмати тантанавии ҳамоиши идона барпо гардид.


Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аҳли толорро ба муносибати ҷашни ниёгон - Сада шодбош гуфт. Қайд гардид, ки дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Аҳурамаздову Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад.

 - Аслан иди Сада ва Меҳргон, ки ҷашни кишоварзон аст, аз дастоварду муваффақиятҳои барзгарон ёдовар гардидан ба маврид аст, - зикр кард раиси вилоят. - Дар заминаи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишоварзони вилоят ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба 20 миллиарду 694,5 миллион сомонӣ расониданд, ки афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи соли 2020-ум 1 миллиарду 191,6  миллион сомонӣ ё ин, ки 6,1  фоизро ташкил менамояд. 


Дар идома вазири кишоварзии мамлакат Каримзода Саъдӣ низ ба сухан баромада, дастовардҳои кишоварзони Хатлонзаминро қобили таҳсин хонд.


Дар қисмати баъдии чорабинӣ ба беҳтаринҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорон, асалпарварон, чорводорон, полезкорон, пилапарварон,  парандапарварон ва дигар фаъолони комплекси агросаноатӣ ифтихорнома ва мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.


Дар қисмати охир, барномаи фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд.







Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода