Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Соли 2022 моро чӣ интизор аст?


Соли 2022 моро чӣ интизор аст?



Бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якшанбеи чоруми моҳи январ Иди Сада бо ба намоиш гузоштани ниҳолҳо ва тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад.

**** 
Амалишавии барномаи «Нури рӯшноӣ» барои хотима додан ба ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбат ба занон ва духтарон, бархӯрдор гардидани занону духтарон аз ҳуқуқҳои худ ба зиндагии бехушунат равона гардида, дурнамои амалишавии он дар Тоҷикистон то моҳи декабри соли 2022 муайян шудааст.

*****
Дар панҷ соли минбаъда муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯи ихтисосҳои тиб 13770 нафар ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии тиббиро 47 880 нафар хатм мекунанд.

****
Дар давоми солҳои 2022–2026 зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингард, 53 пул, 7 нақб ва 5 долони зидди тарма бунёд мегарданд, ки қисми зиёди онҳо дорои сатҳи байналмилалӣ мебошанд. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёти мамлакат 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст.

*****
Солҳои 2022-2025 дар баробари сохтмони муассисаҳои томактабӣ омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои нави педагогӣ: педагог-равоншинос, педагог-логопед, сурдопедагог, тифлопедагог ва тайёр намудани мутахассисон барои марказҳои инкишофи кӯдак ва дигар шаклҳои имконпазир дар назди коллеҷҳои омӯзгорӣ дар назар аст.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода