Набимуҳаммад Хоркашев чемпиони ҷаҳон оид ба ҷудо миёни собиқадорон шуд
Имрӯз, 3 ноябри соли равон Набимуҳаммад Хоркашев дар Чемпионати ҷаҳонӣ оид ба гӯштини ҷудо байни собиқадорон, ки дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад, соҳиби мақоми аввал гардид.