ПИСАРИ ӮГАЙ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 241
Инсон як маротиба ҳаёт мебинад. Дар зиндагии пурталотуму ноҳамвор як маротиба имконияти бахтро дорад. Агар кас ба қадри бахт расида тавонад, хушбахт мешавад. Вале инсон табиати идоранашаванда дорад. Аз бахт ношукрӣ мекунад ва як хатое боиси тақдиршиканӣ мешавад. Бахт бошад, хатоиро намебахшад.
...Ҷавонӣ давраи нотакрор ва орзу карданҳост. Малика низ дар ҳавои ҷавонӣ дар парвоз буд. Мисли дигар духтарон орзуи бахтро мекард. Бисёр мехост шавҳари дӯстдоштаю вафодор, оилаи солиму обод ва фарзандони ширин дошта бошад. Ҳамин орзуҳо рӯзе риштаи умрашро ба ҷавони дӯстдоштааш пайваст. Дар дунёи зебою рангини ишқу муҳаббат ҳавас мешикаст.
Се соли зиндагии якҷоя бо Усмон ширин гузашт. Вале ниҳоли бахташон самар наовард. “Бахти инсон дар фарзанд аст”,- гӯянд. Бефарзандӣ ишқу муҳаббати онҳоро сард гардонд. Малика аз бахти аввал толеъ надид. Ҷудоӣ аз бахти аввал барояш гарон буд. Вале, чи чора, ки онҳо тақдирро тадбире наёфтанд.
Малика ба умеди дарёфти бахти худ дубора ба шавҳар баромад. Ин дафъа номзади худро бе ишқу муҳаббат, бе дӯстдорӣ, вале ба хотири фарзанддор шудан интихоб намуд. Бори дуюм низ шавҳари ҳалиму меҳрубон насибаш гардид. Аз Баҳодур эҳтироми зиёд медид. Ӯ низ мисли Малика бетақдиру ташнаи бахт буд. Бахти аввалаашро маҳз бефарзандӣ шикаст. Ҳарду дар ин зиндагии ноҷуру бераҳм ҳамтақдир буданд ва як дард, дарди бефарзандӣ доштанд. Мутаассифона, шавҳардории Малика боз тӯлонӣ набуд. Дубора хонавайрон шуд. Ҷудоӣ ва боз бахтшиканӣ. Он заҳрест ба коми инсон. Бахтшикастаро дигарбора бахт ёфтан корест муҳол. Акнун ӯ мисли зоғи ало гашта, бо безуриётӣ ном баровард. Магар ин барояш осон аст? Дигар ягон мард бо нияти зан кардан аз дари ӯ надаромад.
Бахтҷӯю фарзандталаб дар ин дунё оромӣ надорад. Барои кушодани гиреҳи бахт сарро ба обу оташ, сангу хок мезанад. Малика низ бо сад умеде назди табибони халқию фолчиҳо мерафту ҳеҷ не, ки муродаш ҳосил шавад.
Малика ҳамон рӯз ҳам аз назди фолчие бармегашт. Дар даромадгоҳи ҳамсоядеҳа гиряи тифлаке ӯро аз роҳ боздошт. Ин тасодуф буд ё тақдир, Худованд ин тифлакро сари роҳи ӯ монда буд. Соҳиби бачаи сесоларо суроғ карда, вориди деҳа шуд. Зане тифлро дида, зуд шинохт.
-О, ин сағираи Орифи шофёр-ку,- гӯён зан хонаи падари кӯдакро нишон дод. Малика дари дарвозаи ҳавлии Орифро нимроғ кушода, садо кард. Дар хона касе набудааст. Ӯ вориди ҳавлӣ шуда, кӯдакро болои суфачаи зери ток хобонда, соҳибхонаро интизор шуд. Қарибиҳои бегоҳ соҳиби хона омад. Зани бегонаро болои сари тифлаш дида, ҳайрон монд. Малика барои рафъи тааҷҷуби мард ба ӯ воқеаро як-як гуфта дод. Ориф миннатдорӣ намуда, ба гилагузорӣ гузашт.
-Сағира сарсахту ҳолаш чунин будааст. Тифл дусола буд, ки модараш аз олам даргузашт. Ӯро дар назди хешу табор монда, аз пайи рӯзгор мешавам ва бисёр вақт кӯдак беназорат мемонад. Ҳар дафъа кӯдакон Орзуҷонро ҳамроҳи худ ба бозикунӣ мебаранду вайро
дар кӯча фаромӯш мекунанд.
Суҳбати мард бо зани бегона тасфид. Ҳарду аз тақдири шӯри худи шикоят мекарданд. Тифли аз кӯча ёфтаи зан ба тақдири ояндаи ӯ сабаб шуд. Дӯстии беғаразонаи байни зану мард дер давом накард. Он якбора ба муҳаббати калон табдил ёфт. Ҳамин шуду рӯзе мард ба зан рози дил кард:
-Ҳоло ки ҷавонем, биё ҳамхона шуда, зиндагии нав оғоз кунем. Охир, мо ҳам ҳаққи бахтро дорем. Чаро ин имкониятро аз даст диҳем? Ба ман зани меҳрубону ба кӯдак модари ғамхор ва ба ту низ шавҳару фарзанд лозим аст. Пас, мо ҷуфти муносибем,- гуфтани мард ба қалби зан шуълаи умед афрӯхт ва таклифашро қабул намуд.
Орзу барои зани ба нохуни фарзанд зорро орзуи зиндагӣ шуда монд. Малика ба тифл меҳри модарӣ медод. Акнун ҳавасҳояшро бо ӯ медид. Хандаю ҳаракатҳои нотакрори кӯдак ноумедию бефарзандиро аз ӯ рабуд. Худро ҳамроҳи тифл хушбахт меҳисобид. Бо гузашти вақт аз забони ширини Орзу аввал сухани муқаддаси “Оча!”-ро, ки тамоми умр орзуи онро мекард, шунида, гӯё дубора тавлид шуд.
Бо гузашти айём Худованд зани фарзандталабро ба мурод расонд. Соҳиби тифлакони ширин шуд. Фарзандони худӣ ҷойи холигии қалбашро пурра сохтанд. “Ҷигар ҷигар асту дигар дигар”, гуфтаанд. Ҷигарбандон занро гӯё оҷиз карданд.
Ӯ танҳо тифлони худро медиду таваҷҷуҳаш ба Орзуҷон рӯз то рӯз кам мегардид. Рафта-рафта ба меҳрубониҳои падару бисёрхӯрии ӯ рашк мекардагӣ шуд. Ин рашк оқибат ӯро “душман” гардонид. Писари шавҳарро бо чашми бад менигарист. Мехост чизҳои беҳтарин танҳо аз фарзандони худаш бошанд. Орзуҷон ин муносибати сардро ҳис карда, аз онҳо дурӣ меҷуст. Ҳар гоҳ шавҳараш шириниҳои гуногун меовард, бештари онҳоро ба Орзуҷон медод, “Бемодариашро ҳис накунад”,- мегуфт. Вале зан баъди рафтани шавҳар ҳаққи “сағира”-ро гирифта, ба ҷигарбандонаш медод. Бача хомӯшона ашк мерехту аз ин амали модари ӯгай ба падар шикоят намекард.
... Орзуҷон бемор шуд. Ҳарорати баданаш баланд буд. Шабҳо хоб надошту ҳазён мегуфт. Дар хона аз гандуми худӣ нон мепухтанд. Он сиёҳу сахт буд. Орзуҷон нони сахтро хӯрдаю ҳазм карда наметавонист. Падараш барои ӯ аз бозор нони сафеду кулчаҳои қаймоқӣ, себу анор меовард. Малика шабона нонҳои сафеду кулчаҳояшро гирифта, ба кӯдаконаш мехӯронд.
-Ягон нонрезаро намонда хӯред, боз падаратон аз ин дуздии мо пай набарад,- мегуфт модар ба кӯдакон. Онҳо нонҳои сафеду сиёҳро омехта карда хӯрданд. Гурусначашмӣ шикамро мекафонд. Нон сари дили якеро гирифту ҳолаш бад шуд. Падар дар хона набуд. Малика даступохӯрда шуда, намедонист сарро ба куҷо занад. Нолаю фарёди Орзуҷон ба ҳоли додарчааш ҷигарсӯзу осмонкаф буданд.
-Очаҷон, чорае ёфта, додарчаамро аз дард наҷот диҳед, ба духтур баред, хоҳиш мекунам, ки тезтар шавед,- гӯён Орзуҷон дасти Маликаро маҳкам медошт. Ӯ ашк мерехту додарчаашро дилбардорӣ мекард.
Беҳаракатии модарро дида, ҳамсояҳоро ба кумак хонд. Бо кумаки онҳо бачаро ба беморхона расониданд.
-Очаҷон, ба падарам нагӯед, ки нони маро ба додарчаҳоям додед. Намехоҳам шумо ҷангӣ шавед,- хоҳиш кард Орзуҷон.
Фарзанд аз беморхона баргашт. Акнун модар ба чашмони Орзуҷон нигоҳ карда наметавонист. Пеши ӯ гунаҳкор буду худро бахшида наметавонист. Ин амалаш ӯро азоб медод. Малика дигар тоқати ин азобҳоро надошт. Асли воқеаро ба шавҳар нақл кард. -Хока хӯру нони ятимон махӯр,- гуфтаанд. Ҳаққи сағира касро мекафонад, уболаш мегирад,-гӯён шавҳар занро насиҳат намуд. Малика аз карда пушаймон шуд. Қалби кӯчакеро озор дод, аз боварии шавҳар низ баромад. Вале Орзуҷон минбаъд насибаи худро бо додаронаш медод. Ин амали ӯ модарро руҳбаланд мекард...
P.S. Писари ӯгай ба зан бахт оварда, бо рафтору амали худ сабақ дод. Пас, фарзанд худию ӯгай намешавад. Онҳоро бояд дар як поя монда, байнашон фарқияте нагузоред. Фарзандонро дӯст доред, ба қадрашон бирасед. Пас, аз ин дар қалби шумо осудагӣ, дар хонадон барака, дар оила бахт меояд...
С. АТТОР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...