Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН


ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН



 
Зимни сафари корӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ёвон дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти "Ҳаёти нав" аз рафти парвариши картошка дар хоҷагии деҳқонии “Лолахон” боздид намуд.

Хоҷагии деҳқонии “Лолахон” дорои 4 гектар заминҳои корами обӣ буда, дар соли ҷорӣ дар майдони 0,60 га картошка, 2 га пахта, 0,50 га  пиёз ва дигар намуди зироатҳоро кишт намудааст.

Зимни мулоқот бо кишоварзон ва сокинон, раиси вилоят мақсаднок истифода бурдани заминҳоро намунавӣ арзёбӣ карда, таъкид намуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба сокинони мамлакат пешниҳод намудани маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ дар мади аввал гузошта шавад.

-Моро лозим аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода буда, гирифтани ду-се ҳосилро аз як замин таъмин намоем, - гуфт Давлаталӣ Саид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода