Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «АЛИҶОН»


БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ «АЛИҶОН»




Имрӯз раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафар ба ноҳияи Ёвон дар деҳаи Чоргули Ҷамоати деҳоти "Чоргул" аз ҳолати парвариши бодиринг дар гармхона ва парвариши пиёзи барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии «Алиҷон», воқеъ дар деҳаи Чоргули Ҷамоати деҳоти "Чоргул", дидан намуд.

Хоҷагии деҳқонии «Алиҷон» 2 гектар замини корами обиро дар ихтиёр дорад. Кишварзони хоҷагии деҳқонии мазкур соли ҷорӣ дар 7 гармхона бодиринг ва майдони 1,5 га пиёз кишт намудаанд.

Саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ ният доранд, дар рӯзҳои наздик бодиринги парваришкардаашонро ба фурӯш бароварда, бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бо сабзавоти хушсифат таъмин намоянд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҳангоми боздид бо кормандон ва саҳмдорони хоҷагии деҳқонии "Алиҷон" суҳбати самимӣ намуда, барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори сипос намуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода