Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Занон – нигини тоҷи миллат»


«Занон – нигини тоҷи миллат»




Таҳти ин унвон ба ифтихори 25-солагии батасвибрасии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», дар доираи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030, инъикоси раванди таъмини баробарии гендерӣ, татбиқи санадҳои барномавӣ дар сатҳи давлатӣ, инчунин чорабиниҳо барои ташаккул додани андешаи ҷомеа дар робита ба боло донистану боло бурдани мақоми зан идораи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон озмуни эҷодӣ эълон менамояд.

Озмун аз рӯзи нашри эълон оғоз гардида, то 20 ноябри соли 2024 идома меёбад. Ғолибони озмун бо Диплом ва мукофотҳои арзишманд қадрдонӣ карда мешаванд.

Маводҳо дар шакли чопӣ ва электронӣ дар ҳаҷми то 4 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 қабул карда мешавад.

Беҳтарин маводҳо дар рӯзномаи “Хатлон” чоп гардида, пас аз ҷамъбасти озмун дар шакли маҷмуа ба нашр расонида мешаванд.

Иштирокчиёни озмун метавонанд, аводҳои худро тариқи почтаи электронии мо: khatlon.tj@mail.ru ё бевосита ба идораи рӯзнома – шаҳри Бохтар, кӯчаи Логинов – 12, бо ишораи “Барои озмун” пешниҳод кунанд. 

Ҳамчунин, довталабон маводҳои худро тариқи ватсап ва телеграм (+992 985-33-33-97) ирсол намоянд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода