Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » А. АБДУСАЛОМЗОДА: "ҲАДАФ - ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ"


А. АБДУСАЛОМЗОДА: "ҲАДАФ - ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ"




Бо дастури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имрӯз, 11 апрел бо роҳбарии муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода гурӯҳи кории МИҲД-И вилояти Хатлон ба шаҳри Левакант омаданд.

Нахуст, дар маҷлисгоҳи МИҲД-И шаҳри Левакант муовини раиси вилоят мақсаду ҳадафҳои  фаъолияти усули "Хона ба хона”-ро ба ҳайати гурӯҳ фаҳмонда, самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи гурӯҳро баён карданд.

Бо роҳбарии сардорони ташкилоту идораҳои вилоятӣ дар маҳал гурӯҳҳои корӣ ба фаъолияти худ оғоз карданд.

Бо мақсади фарогирии бештари аҳолӣ гурӯҳҳои корӣ дар деҳаҳои шаҳри Левакант ба зергурӯҳҳо тақсим шуда, хона ба хона бо сокинон суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронданд

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастури раиси вилоят корбарӣ бо усули фардии “Хона ба хона” идома меёбад.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода