ҲАМЕША БО ВАТАН, ҲАМЕША БО ХАЛҚ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 215
Газетаи «Тоҷикистони сурх» модари матбуоти Тоҷикистони советӣ, ҳатто модари матбуоти тоҷикии советист, ки имрӯз даҳҳо фарзандони баркамоли республикавӣ, вилоятӣ ва районӣ дорад…
Садриддин АЙНӢ
Мактабдори матбуот
Тирамоҳи заррин ҳукм меронд. Дар саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ аз ҷамъоварии ҳосил, махсусан пахта, зиёд мақолаҳо ба чоп мерасиданд. Бо ҳаҷму муҳтавои гуногун.
Ҳамон вақт дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» матлаби пурмуҳтавое хондам аз рафти пахтачинӣ аз ноҳияи Қумсангир (Ҷайҳун). Муаллифон ҷараёни ғунучини «тиллои сафед»-ро мавриди таҳлил қарор дода, дар хусуси мушкилоти деҳқонон дар давраи нави сохти ҷамъиятӣ ва ба ҷамъоварии ҳосил ҷалб намудани хонандагон қалам ронда, таъкид медоштанд, ки ба ин маърака тули се моҳ сафарбар кардани наврасон ҷоиз нест. Зеро аз омӯзиш қафо мемонанд ва ҳам дар саҳро саломатиашонро аз даст медиҳанд. Ҳаҷми мақола аз нисф зиёди як саҳифаи рӯзномаро фаро гирифта буд. Он рӯз дар ошхонаи нашриёти «Шарқи озод» бо яке аз муаллифони матлаб вохӯрдам.
Вай Шафоатуллои Абдулло буд, ки ҳамроҳи ҷавонмарде ғизои нисфирӯзӣ мехӯрд. Наздашон курсии холӣ буд. Бо иҷозати онҳо паҳлуяшон нишастам. Шафоатулло донандаи хуби бозии шоҳмот буд, ҳар ду дар сабқатҳои шоҳмотбозон, ки нашриёт, Иттифоқи журналистон ва ҳам рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик созмон медоданд, маҳорат санҷида будем. Аз ин рӯ, бо ҳам дӯсти наздик шудем. Он замон ман дар рӯзномаи порлумонӣ адои вазифа доштам. Баъди салом гуфтам:
-Шафоатулло, дар «Ҷумҳурият» як мақолаи хубатро хондам. Муаллифи дуюмро нашинохтам, Қурбон Шарифӣ будааст. Навиштаҳоятон ба ман хеле писанд омад, таҳлилӣ, мушкилоти деҳқононро дар давраи гузариш ба муносибатҳои нави иқтисоди бозаргонӣ хуб инъикос кардаед. Ҳаммуаллифатро ба ман шинос намекунӣ, ки ба вай низ офарин бигӯям. Соҳаи кишоварзӣ, махсусан пахтакориро чун агроном хуб таҳлил намудаед.
Шафоатулло як хандиду ба ҷавони наздамон нишаста ишора намуда гуфт:
-Қурбон Шарифӣ ана ҳамин кас.
Ҳамин тавр шиносоии мо оғоз ёфт. Аз соли 2006, ки ман ба «Ҷумҳурият» пайвастам, ҳамкор шудем. Вай дар шуъбаи иқтисодиёт фаъолияти густурда дошт. Бисёр менавишт, хубу аъло. Дар ҳар осораш ҳалли мушкилотеро хотирнишон месохт. Баъдтар бо фармони сармуҳаррир Камол Абдураҳимов сарварии шуъбаи иқтисодро бар дӯш гирифт. Албатта, барои журналисти ҷавон роҳбарӣ ба як шуъбаи асосии рӯзнома осон набуд, аммо ӯ ҳамкориро бо мутахассисони соҳа, олимони Академияи кишоварзӣ ва пажуҳишгоҳҳои илмиву тадқиқотии кишоварзии умҳурӣ хуб ба роҳ монд. Акнун дар саҳифаҳои ҷарида мақолаҳои коршиносон муттасил ба нашр мерасиданд ва ходимони рӯзнома низ аз онҳо қафо намемонданд. Шуъба дар як муддати кӯтоҳ ба сафи пеш баромад ва парчами пешқадамиро аз даст намедод.
Эҳсос мекардам, ки Қурбоналӣ журналисти як соҳа нест, майдони эҷодаш хеле фарох аст, зеро дар масъалаҳои иҷтимоӣ, илмиву фарҳангӣ, варзиш, мақомоти қонунгузор низ менавишт, бештар масъалаҳоеро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор медод, ки ба манфиати ҷомеа буду ҳаллашон ногузир аст. Агар ба ноҳияе сафари эҷодӣ менамуд, аз комёбиҳои ҳамаи соҳаҳо мақолаҳо омода мекард, вале бештар ба ҳалли камбудиҳо таваҷҷуҳ зоҳир месохт. Дар эҷоди мақолаҳои танқидӣ дасти қавӣ ва ҳам диди хоссае дошт. Як мақолааш дар хусуси тарзи қабул ва табобати маризон дар бемористони ноҳияи Данғара сухан меронд. Муаллиф бо як раҳмдилӣ вазъи беморони ба ҳоли худ гузоштаро тасвир мекард ва ҳам аз бепарвоии табибону хоҳарони бешафқат бонги изтироб мезад. Баъди мутолиаи ин матлаб хонанда ба фикр фурӯ мерафт, ки наход имрӯз ҳам ҳастанд духтуроне, ки қасами ба Гиппократ додаи худро ба боди фаромӯшӣ супурдаанд. Ин мақола боиси вокуниши зиёде аз ҷониби ҷомеа ва ҳам вазорату раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон гардид.
Памфлет
Рӯзе Қурбоналӣ Раҳмонзода, ки бо тахаллуси Шарифӣ мақолаҳои таҳлиливу танқидӣ менавишт, ба дафтари кориам омад ва матлаберо наздам гузошта гуфт, ки як маротиба аз назар гузаронам. Чун фурсати холӣ даст дод, хондам: «Памфлет». Тааҷҷубам афзуд, хато кардам, тааҷҷуб не, ҳайратам боло рафт, зеро дар солҳои наздик дар ин жанри хеле душвор мақолае нахонда будам. Танҳо «Косадум» ном памфлети устоди забардаст, Нависандаи халқии Тоҷикистон Фазлиддин Муҳаммадиевро дар солҳои 80-уми асри ХХ, ки дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» нашр шуда, сару садоҳои зиёд ба миён оварда буд, дар зеҳн доштам. Памфлети Шарифӣ «Занкалон» унвон дошт. Албатта, дар бораи хушунати оилавӣ мақолаҳои зиёде то ин давра ба нашр расида буданд, аммо он чизе, ки аз «Занкалон» хондам, маро дар шигифт овард. Мавзуъ не, тарзи дода тавонистани он, пешниҳоди мақсад, тарзи гуфтугӯ бо хонанда диққати мутолиакунандаро филфавр ба худ мутеъ менамуд. Журналист аз мушоҳидаҳои рӯзгори иҷтимоии мо бардошти дуруст карда, муносибатҳои ҷавонмардро бо ҷавондухтар, домодро бо арӯс бо як танзу истеҳзо ба қалам медиҳад, масалан, мегӯяд: “Аз бозе, ки худро мешиносам, касе ба дастонам об нарехтааст, вале баъди зангирӣ раваду дастонамро худам шӯямман занкалон”... Ҳамин гуна ҳар як муносибати маҳрамонаи зану шавҳарро мард бо вожаи “занкалон” ташбеҳ дода иҷрои амали савобро нисбат ба занаш барои худаш “таҳқир” меҳисобид. Ва ҳам метарсид, ки рафту муносибати хубашро ҳамсояҳо ва ё рафиқонаш дида монанд, ба вай лақаби “занкалон”-ро мечаспонанд.
Яъне, муҳтавои памфлет, аз рӯи таҳлили доктори илми филология Нуралӣ Нурзод, муаммои бисёр ҷиддии рӯзгори моро тафсир медод, ки воқеан бисёр дарднок аст, чун баъзе мардҳо бар асари таассуб дар муносибатҳои оиладорӣ, зиёдаравӣ мекарданд ва муносибатҳои хуби оилавӣ ва ёрӣ ба бонуи хонаро ба шаъни мардии хеш муносиб намедиданд. Муаллиф касодии маънавии ҷавононро мавриди баррасӣ қарор дода, кӯшидааст, ки дар тарбияи ахлоқии онҳо саҳме бигирад, то ки навоиладорон ба хушунат рӯ наоранд, ки он боиси пушаймонӣ ва эҷоди мушкилот дар ҳаёти онҳо мегардад. Муаммоҳои зиёди оилавӣ дар памфлет шарҳу тафсир ёфтаанд ва дар меҳвари онҳо масъалаҳои риёкорӣ, хушунат дар оила тавассути ҳаҷву танз ва истеҳзо дар қолаби жанри публитсистӣ ба қалам омадаанд. Ин масъалаҳо доғи ҷомеаанд ва журналист бо истифода аз жанри памфлет ба тарзу усули тасвири ҳаҷвомези онҳо хостааст дар ислоҳи тафаккури ҷавонон нақши муассир гузорад. Мардони тоҷик аз қадим нисбат ба оила, зан-модар ва фарзандон эътибори ҷиддӣ медоданд, бо онҳо муносибати неку дилгармона дошта, эҳтиромашонро ба ҷой меоварданд, зеро медонистанд, ки оилаи солиму мустаҳкам асоси ояндаи онҳост, пойдории ҷамъияту давлат аст. Памфлет низ ҷавононро бори дигар ҳушдор додааст, ки ба гапи шахсони бесаводу кӯрназару торикботин дода нашуда, бошуурона зиндагии ояндаи худро идома бахшанд.
Пас аз мутолааи “Занкалон”, дасти муаллифро сахт фишурдам. Шод гаштам, ки дар осмони матбуоти муосири тоҷик ситорае ба дурахш омад.
Баъди чопи чунин матлабҳои пурмуҳтаво Қурбоналӣ Раҳмонзодаро муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” таъин намуданд, сипас, ба телевизиони Тоҷикистон даъват карданд, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилӣ дар рушди васоити ахбори омма саҳм гузошт.
19 июни соли 2015 мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Қурбоналӣ Шариф сармуҳаррири рӯзномаи “Ҷумҳурият” таъин шуд. Аллакай аз шумораи 23 июни соли 2015, № 128 (22690) мақолаҳои пурмуҳтаво, таҳлилию танқидӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалии муаллифони ҷамъиятӣ, коршиносони шинохта ва журналистони варзида рӯйи чоп омадан гирифтанд, ба монанди “Бунёди оила таҳдоби ҷомеа”, “Писари раҳгумзадаам, баргард”, “Соҳибкорӣ: монеаҳо садди роҳ нахоҳанд шуд”, “Одамкушон дин надоранд”, “Сарсахттарин душманон ихтилофангезонанд”, “Ҷуволи холӣ рост намеистад ё ғизои солим бояд шиори инсоният бошад”, “Аз ҳасрат то ифтихор”, “Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар СММ дастури кор аст”, “Ваҳдати миллӣ ва ваҳдати динӣ”, “Модар проблема ё чӣ тавр пурхӯрӣ эҳтимоли маргро зиёд мекунад?”, “Аз буҳрон то бозори Аврупо. Бешу ками саноатчиёни вилояти Суғд”, “Мусалмони комил кист?”, “Ҷавонон ва нақши онҳо дар давлатдории миллӣ”, “Замин, инсон ва дин”, “Санади қутбнамои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Сохтмони неругоҳи “Роғун”-ро масъалаи ҳаёту мамоти Тоҷикистон эълон намудем” барин мақолаҳо баъди як моҳи сармуҳарририи Қурбоналӣ Раҳмонзода нашр шуданд, ки ин гувоҳи воқеии журналисти воқеъбин ва дорои ҷаҳонбинии васеъву соҳиби таҷрибаи мукаммали рӯзноманигорӣ, дониши амиқи сиёсӣ будани ӯст. Ва ин солро “Ҷумҳурият” бо мақолаи “Пешво-ифтихори ман ва ифтихори мо”, ки ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим мутааллиқ буд, ҷамъбаст намуд.
“Шоми шанбе ” ва озмунҳо
Аз 22 августи соли 2015 саҳифаи фарҳангӣ - истироҳатии “Шоми шанбе” зуҳур кард. Аммо дар як рӯз рӯи саҳифа наомад, албатта.
Рӯзҳову ҳафтаҳо сардабир дар атрофаш, номаш, муҳтавояш андеша ронд. Инак, зиёда аз 6 сол аст, ки муттасил ба дасти хонанда мерасад. Дигар нашрияҳои даврӣ низ аз “Шоми шанбе” илҳом гирифта, саҳифаҳои махсуси истироҳатию фароғатӣ ё худ фарҳангиашонро созмон додаанд. “Шоми шанбе” муштарии зиёде дорад, онҳо аз ҳазорҳо нафар бештаранд: аз хонандаи мактаб то ба донишҷӯён, коргарону хизматчиён, ва маорифпарварон. Як хонандаи мактаб чунин нигошта буд: -“Маро “Шоми шанбе”-и рӯзномаи “Ҷумҳурият” кашф кард. Бори нахуст аз рози табиат мақолае навиштам ва он нашр гашт. Ҳамин тавр, мунтазам навиштан гирифтам, ҳоло донишҷӯям. Агар дар “Ҷумҳурият” ба эҷоди шогирдонаам эътибор намедоданд, донишҷӯ ва баъди он тарҷумони забонҳои хориҷӣ намешудам”. Чунин номаҳои сипос ба нишонии рӯзнома ҳар рӯз мерасанд ва чанд намуна чун хӯшае аз хирвор нашр ҳам шудаанд.
Беҳтарин хислат баҳри сармуҳаррир Қурбоналӣ Раҳмонзода ҳавасманд намудани журналистони кишвар ва ҳам хабарнигорони ҷамоавӣ барои ҳамкорӣ бо Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд. Аз ин рӯ, роҳҳои нав ба нави робитаи эҷодиро меҷуст ва 11 марти соли 2016 якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бахшида ба 25-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам ба хотири гиромидошти журналист ва шоири шинохтаи тоҷик, хабарнигори вақти “Тоҷикистони советӣ” Ғоиб Сафарзода озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият”-ро эълон кард. То ба ин рӯз вобаста ба таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатӣ ва ҳам ёдбуди Ғоиб Сафарзода озмуне роҳандозӣ нашуда буд, қадами “Ҷумҳурият” дар ин боб нахустин буд. Ба озмун, ки 7 сентябр дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҷамъбаст гардид, беш аз 50 матлаб ворид гашт ва 21-тои он ба нашр расид. Мақсади Қурбоналӣ Раҳмонзода аз баргузор намудани озмун, тараннуми дастовардҳо дар тули 25 соли соҳибистиқлолии кишварамон ва инъикоси воқеии рушди ҳамаи соҳаҳо ва, ҳамчунин, бозтоби хизматҳои мондагори шоири ватандӯсту навовар Ғоиб Сафарзода, равшан намудани саҳифаҳои торики зиндагиномаи ӯ буд, ки, хушбахтона, ба он даст ёфт. Ӯ кӯшид, ки ба ин васила жанри таҳқиқоти журналистикаи муосири тоҷик рушд, малакаю маҳорати журналистон, махсусан, эҷодкорони ҷавон сайқал биёбанд.
Вақте ки соли 2017 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гашт, бо ташаббуси Қурбоналӣ Раҳмонзода рӯзномаи “Ҷумҳурият” 10 феврал озмуни “Пайрави Пешво”-ро эълон дошт. Мақсад, аз як ҷиҳат ҷалби ҷомеа ба ҳалли мушкилоти ҷавонон бошад, аз тарафи дигар боло бурдани мавқеи шаҳрвандии онҳо дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳам муаррифии ҷавонони ҳимматбаланду масъулиятшиносу муваффақ дар соҳаҳои истеҳсолӣ буд. “Ҷумҳурият” тавонист, ки дар баробари инъикоси воқеии дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бозтоб намудан, инчунин, аз ташаббусҳои ватандӯстонаи ҷавонон мақолаҳо ба нашр расонад. Аз ҳама муҳим, зимни офаридани чеҳраҳои ҷавонони созанда, симои кулли ҷавонони лаёқатманди кишвар, ки ба давлат содиқона хизмат намуданро рисолати шаҳрвандӣ ва асолати ҷавонмардӣ меҳисобанд, тасвир гашт.
Дар ҳамин сол бо ташаббуси сармуҳаррир рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Айнӣ ду озмун созмон дод, ки яке бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва дигаре бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ буд ва ин озмунҳо дар сатҳи хеле баланд дар ноҳияҳои Рашт ва Айнӣ бо иштироки фаъолонаи мизбонон сурат гирифтанд.
Ҳамчунин, Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», бо баргузории озмуни вижае бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, як ҳайати 45-нафараро на танҳо ба Панҷакент барои ҷамъбасти озмун ва саёҳат дар гӯшаҳои таърихӣ бурд, балки як қисми меҳмонони арҷмандашро ба Самарқанд, ба майдони Регистон расонд, ки дар таърихи нашрия ва ҳатто матбуоти тоҷик бесобиқа аст.
Озмуне, ки соли 2018 рӯзномаи “Ҷумҳурият” бо якҷоягии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба даст гирифт, ба ҳаёт ва фаъолияти илмию давлатдории Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шуд. Масрур Абдуллозода, доктори илмҳои филология, профессор, дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз 26 июни соли 2018, зикр намудааст, ки бузургдошти чунин шахсиятҳои миллӣ, қадр намудани мақому манзалати онҳо, омӯзишу таблиғи осори мондагорашон маҳз аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат маншаъ мегирад. Таблиғу тарғиби осори гузаштагон вазифаи ҷонии ҳар як фарди худогоҳ ва, бешак, воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб меравад. Ин вазифаи худро рӯзномаи миллии мо –“Ҷумҳурият” шуруъ аз соли 1925 сарбаландона иҷро карда меояд.
Арҷгузорӣ ба хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини саодати рӯзгор, сарсабзии мардуми сарбаланди тоҷик ва, ҳамчунин, шинохти чеҳраи воқеии Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аз ҳадафҳои аслии озмун ба шумор мерафт. Ҳузури раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин чорабинии ҷашнӣ ва тақдими ҷоизаву туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба барандагони озмун аҳамияти ташаббуси сармуҳаррир ва ҳайати таҳририяи рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро дар ростои чунин иқдом бозгӯ намуд. Аз ҷумла, раиси вилоят изҳор дошт: «Дар ҷаҳони имрӯз, ки масъалаҳои амният, худшиносӣ, худогоҳӣ ва истиқлолияти миллии кишварҳои ҷаҳон аҳамияти муҳим пайдо кардаанд, хидматҳои мондагору таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аллома Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими ваҳдати миллӣ, гиромидошт ва маърифати мафҳумҳои Ватан, миллат, истиқлолият, сулҳу субот ва амният ҳамчун сарчашмаи худшиносии миллӣ арзиши бештаре касб менамоянд”.
Аслан, дар тасаввури мардум гузарондани чунин озмунҳо, чорабиниҳо кори иттиҳодияҳои махсуси эҷодкорӣ, рӯзномаву ҷаридаҳои соҳавӣ бояд бошад, аммо «Ҷумҳурият» қолабҳоро шикаст. Саҳифаи аввали рӯзномаро баробари муҳимтарин ахбори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии рӯз, шеърҳои бачагона низ оро медоданд. Озмуни «Беҳтарин шеъри бачагона» собит сохт, ки «Ҷумҳурият» бори адабиёти кӯдакро низ мекашад.
Ба ин озмун аз гӯшаву канори гуногуни ҷумҳурӣ шеърҳо, номаҳо, шодбошиҳо мерасиданд. Дар маҷмуъ, зиёда аз сесад шеър аз сад муаллиф ба унвони идораи рӯзнома расид ва беҳтарин шеърҳо дар саҳифаҳои нашрия чоп шуданд. Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин бобат чунин иброз дошт: «Бо баргузории ин озмун «Ҷумҳурият» бори дигар собит кард, ки он танҳо ба ном ва мавқеи сиёсиву расмӣ ҷаридаи рақами аввали ҷумҳурӣ нест, балки амалан низ пешбарандаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – муассиси худ мебошад».
Озмуни «Тоҷикистон - хонаи умеди мо», ки ба ифтихори 30 - солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон роҳандозӣ шуда буд, дар бинои бошукӯҳ ва зебову замонавии қасри фарҳанги ноҳияи Данғара 15 майи соли 2020 ҷамъбаст гашт. Ҳангоме ки меҳмонон аз осорхонаи даврони мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан менамуданд, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода гуфт: «Рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо сарварии журналисти шинохтаву ташаббускор Қурбоналӣ Раҳмонзода дар тарғиби сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши созгор дорад.
Озмунҳое, ки нашрия ба ин хотир дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо анҷом медиҳад, саривақтианд. Роҳандозӣ намудани чунин озмунҳо на танҳо дар тарбияи худшиносии миллӣ нақши мондагор доранд, балки матлабҳое, ки дар доираи онҳо нашр мегарданд, дар рушди адабиёт ва публитсистика мусоидат хоҳанд кард».
Месазад дар бораи озмунҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар соли 2021-соли Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар саргаҳашон сармуҳаррир Қурбоналӣ Раҳмонзода меистад, ҳарфе зад. Дар як сол бо ҳамдастии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав 3 озмун: бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудан ва дар сатҳи бисёр баланд анҷом додани онҳо кори саҳле набуд. Рӯзҳо, ҳафтаҳо, моҳҳо эҷод намудан, фикру андешаҳои тоза дарёфтан, журналистон, адибон ва публитсистони худӣ ва хориҷиро ҷалб кардан, неруи азиме мехостанд.
«Басо рамзист, ки 18-19 июни соли 2021 дар арафаи ҳумоюнҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳайати бисёрнафараи олимону адибон, муҳаққиқону мутарҷимон ва публитсистону рӯзноманигорони шинохта дар ноҳияи Шаҳринав, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ҷамъбасти озмуни рӯзномаи “Ҷумҳурият” бахшида ба бузургдошти қаҳрамонфарзанди миллат устод Мирзо Турсунзода, ки вожаи ваҳдатро бисёр зебо ва барҷо истифода бурдааст, баргузор мегардад:
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
Ваҳдат, истиқлолият, худшиносиву худогоҳӣ, меҳанпарастӣ ва миллатдӯстӣ вожаҳои муқаддасеанд, ки аз устодони бузург, назири Мирзо Турсунзода ба мо мерос мондаанд ва масъулияти ба ояндагон расондани онҳо бар дӯши мост. Ҷашне, ки рӯзномаи муътабари мо – «Ҷумҳурият» бо роҳбарии сармуҳаррир Қурбоналӣ Раҳмонзода ба ифтихори 110-солагии шоири маъруф баргузор кард, яке аз рукнҳои меросдорӣ ва бузургдошти муқаддасоти миллист», - ибрози андеша намуд Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. Меҳмонон ҳама аз дӯстиву бародарӣ сухан мегуфтанд, дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон, Тоҷикистону Афғонистон ва Тоҷикистону ҷаҳон…
Ба ҳамин маънӣ раиси вақти ВМКБ Ёдгор Файзов гуфта буд: -“Ба созмондиҳандагони озмун сипос мегӯям, ки дар татбиқи сиёсати эҳёгаронаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм гузошта, хидматҳои мондагори Шириншоҳ Шоҳтемурро бори дигар рӯнамоӣ карданд. Халқи тоҷик дар дарозои таърихи мавҷудияташ дар орзуи озодӣ, истиқлол, таъсиси давлати мустақили худ буд. Агар дар замони шуравӣ абармардоне ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳаммаслаконаш Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро барпо намекарданд, мо ба чунин рӯзҳои пурсаодат намерасидем».
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Сафарзода изҳор дошт, ки маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои
муаззами миллат буд, ки мо ба гузаштаи таърихии худ рӯ оварем ва ба мақому хизматҳои ватандӯстонаи қаҳрамонҳои хеш ба воситаи рӯзномаи “Ҷумҳурият”арҷ гузорем. Воқеан, ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур аз зумраи он фарзандони сарсупурдаи миллат мебошад, ки бо ҷоннисориҳояш дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт шудааст. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ иқдоми наҷиберо пеш гирифтанд ва ин озмун дар худшиносии миллӣ такони ҷиддие бахшид.
Ва ба гуфти сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода ин нуктаро бояд таъкид кард, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ бо файзи хиради Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар баробари эҳёи давлатдории миллӣ, барои худогоҳӣ ва шинохти ҷойгоҳи таърихии миллат роҳи мунаввари худшиносӣ боз шуд.
Қурбон МАДАЛИЕВ,
собиқадори матбуот
«Ҷумҳурият» - нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100-сола мешавад
Рӯзномаи маҳбуби миллати тоҷик «Ҷумҳурият», ки онро Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ «модари матбуоти тоҷик» ном бурда буданд, 100-сола мешавад. Аввалин шумораи рӯзнома 15-уми марти соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» ва аз шумораи навбатӣ бо унвони «Бедории тоҷик» ба нашр расид, ки барои мардуми кишвар ва тоҷикони дунё воқеаи таърихӣ ва мондагор буд. Минбаъд бо номҳои «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шуравӣ» ба дасти хонандагон мерасид ва ҳоло ин минбари миллатсоз, ки аз 14-уми марти соли 2000 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифтааст, бо унвони шоистаи «Ҷумҳурият» азизи ҳар хонадони тоҷик мебошад. Коршиносони соҳаи матбуот «Ҷумҳурият»-ро таърихи зиндаи Тоҷикистон ва мардуми он медонанд, зеро тамоми воқеаҳое, ки тайи сад сол ба вуқуъ пайвастанд, дар саҳифаҳои рӯзнома инъикос ёфтанд. Қомуси садсолаи Тоҷикистон аст он.
Ҳайати кормандони нашрия тасмим гирифтаанд, ки ба муносибати ин санаи фархундаву таърихӣ Қомуси «Ҷумҳурият»-ро ба нашр расонад. Аз ин рӯ, аз кормандони собиқи рӯзнома, фарзандону наздикони онҳо, таърихнигорон, адибону журналистон хоҳиш менамоем, ки дар мураттаб намудани Қомус ёрии худро дареғ надоранд. Агар дар бораи зиндагиномаи ходимони эҷодиву техникии «Ҷумҳурият» дар тули сад сол хотирае ва ё санаде (ҳолнома) дошта бошед, ба мо ирсол намоед. Хотираҳо, ёддоштҳо, аксҳо дар Қомус, «Ҷумҳурият»-и имрӯз ва саҳифаҳои рӯзнома ба чоп мерасанд.
«Ҷумҳурият»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...