Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Маърифат - сифати олии инсон


Маърифат - сифати олии инсон




Тамоми ҷанбаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, вазъи ниҳоят муташанниҷи сайёра ва тағйирёбии иқлим аз ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар илман таҳлил ва баррасӣ шуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои суръат бахшидан ба раванди ташаккули ҳама самтҳои иқтисодӣ дар кишвар таъкид карданд: “Таъмин намудани рушди устувор ва босуръати кишвар танзими ҳуқуқии саривақтӣ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Қонунгузорӣ бояд пайваста такмил дода шавад ва ҳамқадами ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бошад. Аз ин рӯ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бояд тамоми саъю кӯшиши худро ба ин самт равона созанд”.

Барои ба ин дастовардҳои рушдёфта ноил гардонидан лозим аст, ки дар сатҳи кишвар маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони мамлакат бисёр хуб бошад. Он вақт бо сари баланд ва ифтихор гуфта метавонем, ки ҷомеаи мо воқеан ҳам пешрафта ва адолатпарвар аст. Маҳз ҳамин андешаи Сарвари мамлакат сабаб шуд, ки соли 2024-ро Соли маърифати ҳуқуқӣ дар мамлакат эълон карданд.

Маърифат калимаи арабӣ буда, бо мурури замон ба захираи луғавии забони тоҷикӣ ворид шуда, имрӯз дар истеъмоли забони тоҷикӣ маъмул  аст. Дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” “Маърифат” чунин шарҳ дода шудааст: “Маърифат” ба маънии илму дониш, шинохтан, донистан, биниш, тамиз, фаҳм”.

Ҷои пӯшида нест, ки имрӯз ҷомеаи мо аз маърифати ҳуқуқӣ костагӣ дорад ва эълон гардидани соли 2024-ро ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ беҳадаф набуд. Метавонам бигӯям, ки асос ва рушду пешрафти давлатҳои тараққикардаи олам, мисли Ҷопон, Чин, Олмон, Фаронса ва дигарҳо риояи маърифати ҳуқуқӣ асту халос. Беҳуда нагуфтаанд, ки “қонун барои одамон таҳия мешавад ва одамон ба қонунҳо бояд арҷ гузоранд”. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ҳам атрофи ҳамин масъала бисёр хуб гуфтаанд: “Бояд гуфт, дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони кишвар нақши калидӣ дорад”.

Агар аз нуқтаи назари илми мантиқ “Маърифати ҳуқуқӣ”-ро аз мизони ақл мегузаронем, чунин маънӣ ҳосил мешавад: Ҳуқуқ-қонун моро вазифадор мекунад, ки барои оқилона кору зиндагӣ кардан пеш аз ҳама соҳиби илму дониш бошем. Чун ба ин сармояи беназири инсонӣ соҳиб шудем, инсони хуб ба камол расида, роҳбари хубу дилсӯз, кордону халқдӯсту ватандӯсти асил шуда метавонем.

Воқеан ҳам Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 калидест, ки қулфҳои карахтӣ, худношиносӣ, бегонапарастии бисёре аз сокинонамонро кушода мекунад. Ин ғамхории беназир аст аз ҷониби Сарвари муаззамамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати давлату миллати тоҷик. Ҳақ ба ҷониби академики Академияи илмҳои Украина Борис Паттон аст, ки гуфта буд: “Эмомалӣ Раҳмон одами ҷомеаи навинанд. Ӯ пешрафт ва рушди кишварашро бе илми замони муосир тасаввур карда наметавонад”.

Боварӣ дорем, ки дар ин сол мардуми шарифи Тоҷикистон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маърифати ҳуқуқии худро нишон дода, дар пешрафти ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дар якҷоягӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Маҳмадсаид НАСИМЗОДА,
прокурори ноҳияи Фархор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода