Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ТАҶДИДИ КАНАЛИ ОБРАСОНИИ "ЛОЙҚАСОЙ"


ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ ТАҶДИДИ КАНАЛИ ОБРАСОНИИ "ЛОЙҚАСОЙ"




Имрӯз, 12 апрел, зимни сафари корӣ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ёвон аз раванди корҳои таъмиру азнавсозии канали обрасонии "Лойқасой" шинос шуд.

Зимни шиносоӣ, иттилоъ дода шуд, ки дарозии канал зиёда аз 97 километр буда,19 400 га заминро дар ноҳияҳои Ёвон, Хуросон ва қисман Абдураҳмони Ҷомӣ дар сурати ба анҷом расидани корҳои таъмиру азнавсозии қубурҳои обгузар бо об таъмин менамояд.

Ғунҷоиши об имрӯз дар канали мазкур 8 кубро ташкил дода, пас аз амалишавии лоиҳа то 15-20 куб зиёд мешавад.

Зимни суҳбат, раиси вилоят супориш дод, ки барои сифатнок амалишавии лоиҳа чораҳои зарурӣ андешида, дар фурсати муайянгардида ба истифода дода шаванд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода