Ҷаҳони андеша ё фарқ байни падару модар
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 апрел, Бахш: Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 205
1. Касе, ки аз замоне чашм боз мекунӣ туро дӯст медорад, модар аст. Ва касе, ки дӯст дорад бидуни он ки зоҳир кунад, падар аст. Ба ӯ ҷафо мекунӣ.
2. Модар туро ба ҷаҳон тақдим мекунад, падар талош мекунад, то ҷаҳонро ба ту тақдим кунад. Ба сахтӣ меафтад.
3. Модар ба ту зиндагӣ медиҳад, падар туро меомӯзад, ки чи гуна ин зиндагиро эҳё кунӣ. Ба талош водор мекунад.
4. Модар туро нуҳ моҳ дар раҳми худ нигаҳ медорад, падар боқии умр туро ҳамл мекунад, бори туро бар дӯш дорад. Мутаваҷҷеҳ нестӣ.
5. Модар вақти таваллудат фарёд мекашад, садояшро намешунавӣ, агар падар ба сарат фарёд кашад, аз ӯ гила мекунӣ.
6. Модар гиря мекунад, вақте бемор мешавӣ, падар бемор мешавад, вақте гиря мекунӣ.
7. Модар мутмаин мешавад, ки гурусна нестӣ, падар туро ёд медиҳад, ки гурусна намонӣ. Дарк намекунӣ.
8. Модар туро рӯйи синааш нигоҳ медорад, падар туро ба дӯш мекашад. Ӯро намебинӣ.
9. Модар чашмаи муҳаббат аст, падар чоҳи ҳикмат. Метарсӣ аз умқи чоҳ.
10. Модар масъулиятро аз дӯши ту бармедорад, падар масъулиятро дар вуҷуди ту мекорад.
11. Модар туро аз суқут (афтодан) нигаҳ медорад, падар меомӯзад, ки баъд аз суқут баланд шавӣ.
12. Модар ёд медиҳад чигуна рӯйи пойи худ роҳ биравӣ, падар ёд медиҳад чи гуна дар роҳҳои зиндагӣ ҳаракат кунӣ.
13. Модар камол ва зебоиро мунъакис мекунад, падар воқеият ва талошҳоро мунъакис мекунад.
14. Меҳри модарро вақти валодат ҳис мекунӣ, меҳри падарро вақте падар шудӣ, ҳис хоҳӣ кард.
Бинобар ин, МОДАР бо чизе муқоиса намешавад ва ПАДАР такрор нахоҳад шуд...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00