Рӯзномаи Хатлон » Хабари рӯз » Аёдати собиқадори 80-сола


Аёдати собиқадори 80-сола



Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Шаҳритус ба аёдати собиқадори меҳнат Карим Одилов омад.

Карим Одилови 80-сола, ки ихтисосаш муҳандис-гидромелеоратор аст, солҳои зиёд ба ҳайси сармуҳандиси хоҷагии Тоҷикистони ноҳияи Қубодиён, сардори раёсати техникаи кишоварзии ноҳияи Шаҳритус ва вилояти собиқ Қӯрғонтеппа, директори генералии совхозҳои вилояти Қӯрғонтеппа фаъолият кардааст.

Ин меҳтари меҳнат ҳамзамон солҳои 1983-1992 раиси комиҷроияи ноҳияи Шаҳритус буд.

Заҳматҳояш бо орденҳои "Байрақи сурхи меҳнат", "Шарафи меҳнат" ва "Дӯстии халқҳо" қадрдонӣ карда шудааст.

Карим Одилов падари ду писар ва чор духтар, соҳиби 16 набера ва 8 абера буда, ҳоло дар ҳалқаи онҳо давлати пирӣ меронад. Ҳамаи духтаронаш дорои маълумоти олӣ ва корманди ниҳодҳои гуногуни давлатианд.

Мавсуф бо фараҳмандӣ аз раиси вилоят барои аёдат ва ҳолпурсиаш изҳори сипоси фаровон намуд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба собиқадори меҳнат туҳфаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро супорида, ва барояш саломатии бардавому рӯзгори ободу осуда таманно намуд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода