Рӯзномаи Хатлон » Хабари рӯз » ҲАДЯИ КИТОБУ ШУМОРАҲОИ ҶАШНИИ РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН" БА ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ


ҲАДЯИ КИТОБУ ШУМОРАҲОИ ҶАШНИИ РӮЗНОМАИ "ХАТЛОН" БА ҚИСМҲОИ ҲАРБӢ



Дар доираи ташаббуси раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, ки соли 2025 ҳамчун "Соли фарҳанги китобхонӣ" эълон шудааст, идораи рӯзномаи "Хатлон" иқдоми махсусро роҳандозӣ намуд. 

Дар ҳошияи ин иқдом имрӯз, 18 январ, ба дивизияи 17-уми тирандозии савора як миқдор китобҳои бадеӣ ва зиёда аз се ҳазор нусха аз шумораҳои махсуси ҷашнии рӯзномаи "Хатлон" тақдим карда шуд. Мақсади асосии ин иқдом мусоидат ба рушди маърифату маънавиёти сарбозон ва афзоиши завқи онҳо ба китобу мутолиа мебошад. 

Ин ҳадяҳо ба қисмҳои ҳарбии вилояти Хатлон тақсим гардида, ба сарбозон ва дигар хизматчиёни низомӣ шароит фароҳам меоранд, ки вақти холии худро бо мутолиаи китобҳои судманд ва дарки аҳамияти фарҳанги миллӣ ғанӣ гардонанд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода