ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТ АЗ ҶОНИБИ РӮЗНОМАИ «ХАТЛОН»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 март, Бахш: Фарҳанг ва адабиёт, Боздид 291
Имрӯз, 10 март, бо ташаббуси рӯзномаи «Хатлон» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик таҳти унвони «Матбуоти даврии маҳаллӣ: воқеият ва дурнамои рушд» Конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ доир гардид.
Дар чорабинӣ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода, ректори донишгоҳ Сайфиддин Давлатзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Носирҷон Маъмурзода, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Баҳром Миров, омӯзгорони донишгоҳ, намояндагони васоити ахбори омма ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши омоданамудаи ҳайати эҷодии рӯзномаи «Хатлон» ва донишгоҳ дидан намуданд.
Дар оғози ҳамоиш Сайфиддин Давлатзода, ректори донишгоҳ, суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки журналистика яке аз самтҳои фаъолияти иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, дар тарғибу ташвиқи ҳаводиси ҷамъиятӣ нақши муассир дорад.
Сипас, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода, баромад намуда кормандони васоити ахбори оммаро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик таҳният гуфт.
Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон», баромад намуда, оид ба рушди матбуоти даврӣ дар сатҳи маҳал суханронӣ намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки рӯзномаи «Хатлон» дар тарғибу ташвиқ ва инъикоси масоили иҷтимоӣ ва рӯзмарра фаъол буда, дар самти тарбияи журналистони ҷавон ҳисса мегузорад. Маврид ба ёдоварист, ки дар рӯзномаи «Хатлон» мактаби «устоду шогирд» амал намуда, ҷиҳати омода намудани кадрҳои ҷавон пайваста даст ба кор аст.
Баъдан, Баҳром Миров, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Дилором Маҳкамова, номзади илмҳои филологӣ, Сангимурод Шарипов, мудири кафедраи рӯзноманигорӣ, низ маърӯзаҳои худро пешкаши ҳозирин намуданд.
Дар қисми навбатии конференсия ғолибони озмуни эҷодии «Абурайҳони Берунӣ - алломаи Машриқзамин» ва «Тахти Сангин - рамзи таърихи пурғановати тоҷик», ки аз ҷониби рӯзномаи «Хатлон» ташкил ва ҷамъбаст карда шуда буд, қадрдонӣ шуданд.
Ҳамчунин, аз ҷониби рӯзномаи «Хатлон» ба як қатор омӯзгорон ва собиқадорони матбуот туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Дар охири ҳамоиш, намоиши омоданамудаи донишҷӯён пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН, «Хатлон»
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00