«ДУХТАРИ ОТАШ» - рамзи далерию озодӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 октябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 54
![]()
Романи Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ «Духтари оташ» дар мавзуи муҳим навишта шудааст. Нависанда ҳаёти тоинқилобии мардуми меҳнаткаши халқи тоҷик ва рӯзҳои аввали инқилоби Бухороро бо маҳорати баланд тасвир кардааст. Дар роман мавзуи дӯстии халқҳо ҷойи муҳимро ишғол мекунад. Санаи оғози ин қисса соли 1900, ибтидои асри XX буд. Дар он замон шаҳри Бухороро «Бухорои Шариф» меномиданд.
Қаҳрамони асосии мо низ дар Бухоро дар яке аз деҳаҳои Абдулло Хӯҷа зиндагӣ мекунад. Қиссаи ин зан аввал аз он сар мешавад, ки чашмае буд, бо номи чашмаи Хубон. Шумо агар аз тарафи Деҳнав ба тарафи Ҳисор мерафтед, рӯ ба рӯи Юрчӣ омада манзараҳои зебою чашмаҳои шифобахшро медидед. Ривоят мекарданд, ки ҳар кас аз ин чашмаҳо об нӯшад, соҳибҳусну ҷамол мешавад. Яке аз ин чашмаҳо чашмаи Хубон аст.
Қишлоқи чашмаи Хубон яке аз қишлоқҳои сераҳолӣ мебошад. Номи ин қишлоқ аз нақли халқ гирифта шудааст. Гуё, ки дар замонҳои қадим дар ин деҳа панҷ нафар духтарони пок, зебт ва боинсоф мезистанд. Боре душманони онҳо, ки маҳбубҳои онҳо дар ҷанг буданд, ба сӯи ин деҳа меоянд. Хубони ҷаҳонро асир кардани мешаванд, аммо онҳо гурехта ба сӯи осмон нигариста илтиҷо мекунанд:
-Эй осмон, моро наҷот бидеҳ, ту баландӣ ҳама неку бадро мебинӣ. Ба мо раҳм бикун, моро наҷот бидеҳ!
Осмон гӯё ба додашон нарасидааст, ки онҳо ба сӯи замин хитоб намудаанд;
-Мо аз хокему бар хокем, эй замин, ту модари мо ҳастӣ, моро аз чашми бади душманон нигаҳ дор!
Дар ин вақт хок душманонро зер карда, хубонро дар оғуши худ нигоҳ медорад. Хубони ҷаҳон дар зери хок гиристанд. Дар ин дам онҳоро чашма фаро гирифт. Баъзе воқеаҳои роман низ дар ҳамин ҷо ба амал омадааст.
Романи "Духтари оташ" дар эҷодиёти Ҷалол Икромӣ мақоми босазо дорад. Адиб дар романи худ дар бораи зиндагии як духтаре қисса мекунад, ки дар зиндагӣ чӣ қадар ранҷу азоб кашидааст. Ин духтар қаҳрамони роман Фирӯза мебошад. Вай духтаре буд гандумгун, бо чашму абрӯи сиёҳ ва лабу даҳони мисли ғунча зебо, бо рухсораҳои мисли себи сурх тар ва тоза, бо сари дили баланд ва дасту пойи чаққон ва серҳаракат дошт. Ба ғайр аз як пиразан дигар касе надоштааст.
Бибии вай, ба қавли худашон, тутаҷонаш Дилором-каниз буд. Аз симояш дида мешуд, ки бо вуҷуди синни зиёд доштанаш тавоно ва муқтадир аст.
Аммо баъди марги кампир дӯстони вай ба наберааш Фирӯза сарпарастӣ мекунанд. Яъне шоир хубиҳову ғамхориҳои Дилором-холаро рӯи қалам овардаасту ба мо панд медиҳад, ки бо одамони хуб дӯстӣ кунем. То баъд аз маргамон ҳам бо ёди мо бошанд. Чӣ тавре ин пиразани хирадманд хизматгори бой буд ва аз дасти амлокдорони он давра азоб кашидааст.
Ҷалол Икромӣ дар асари худ дар бораи занони ҷасуру мубориз ва маърифатпарвар сухан намудааст. Яке аз занҳои донишманд, ки диққати маро, ҳамчун хонандаи ин асар, ба худ ҷалб кардааст, ин Оймуллои Танбӯр мебошад, ки бо овози нарми худ дар дили ҳамагон ҷо гирифтааст. Номи асосии ин зан Каримабону мебошад. Каримабону ба бибихалифагӣ машҳур мешавад. Мегуфтанд, ки вай танбӯр менавозад.
Оймулло чунон шоираи зур ва ҳаҷвнавис будааст, ки дар ҳар хусус ҳаҷвияҳои тезу кушода гуфта медод. Аз ин сабаб ӯро Оймуллои Танбӯр мегуфтанд. Аз ин васфи нависанда бармеояд, ки нақши зан-модар дар ҷомеа ва тарбияи илмию ахлоқии инсон ҷойи аввалро ишғол мекунад. Каҳрамони ҳикояи мо - Фирӯза яке аз шогирдони беҳтарини ин Оймулло будааст.
Фирӯза бо вуҷуди бекасию ятимӣ, дарбадарӣ ва хорӣ боз ноумед нашудааст. Яъне боз ҳам ба худ боварӣ дошта-аст, ки як рӯз ин ҳама дарду алам паси сар мешаванд. Ин мақоми занро боз ҳам баландтар мебардорад. Муаллиф ба занҳои ҳалиму пурқувват боз саводро низ иншо кардааст, ки дар асар ду навъи занон шинохта мешавад. Якумин донову оқил, дуюм бошад, нодону бадрафтор. Ба қатори занҳои доно Фирӯзаю Дилором-хола ва Оймуллои Танбӯрро ном бурдан мумкин аст. Аммо ба симои занҳои нодону бадрафтор занҳои бой, ки ҳамеша бо ҳам ҷанг мекарданд, нақш мебозанд. Онҳо хатту савод надоштанд. Зебогии худро дар зоҳир мебинанд.
Аз қабили он занҳо Назокат, Адолат ва Мағфират-оим мебошанд. Онҳо дар ҳавлии як бой зиндагӣ мекарданд. Яъне ҳар се палонҷ буданд. Онҳо хеле хасису нодон буданд, ки ҳаррӯз бо баҳонае ҷанг мекарданд. Бале, дар зиндагӣ ҳастанд занҳое, ки худашон бад бошанд, муҳит ва насли онҳо низ бад мешавад.
Ҳаммоми Кунҷак яке аз ҳаммомҳои қадимаи Бухоро ба ҳисоб мерафт, ки бо номи дигар онро «Ҳаммоми Қозикалон» ҳам мегуфтанд. Ин ҳаммом асосан занона буда, доранда ва соҳиби он ҳам яке аз занҳои машҳури ҳамонвақтаи Бухоро буд. Ҳамоми Кунҷак дар ҳақиқат ҳам дар кунҷи ғарбии масҷиди калони Бухоро воқеъ буда, дарвозааш рӯ ба рӯи девори ҳамин масҷид кушода мешавад.
Барои ба ҳамом даромадан аз дарвоза, ки ворид шудед, як - ду гирд гашта, бо зинаҳои васеъ ба поён, ба ҳарамхонаи ҳаммом меравед. Дар рӯ ба рӯи шумо ба болои суфачаи бо гилему кӯрпаву кӯрпачаҳо ороста, дар назди сандуқи калон соҳиби ҳаммом Муҳаррами Ғарч менишаст. Вай зане буд қадбаланд, чаҳорпаҳлу, ситорагарм вале бадҷаҳл, дорои овози ғафси мардона, сергап ва шӯх. Тақрибан, ҳамеша дар пояш мӯзаи хиромии ғарчнок мепӯшид, ки лақаби ғарч аз ҳамин омада буд.
Романи нависандаи барҷастаи халқи тоҷик Ҷалол Икромӣ аз се боб иборат аст, ки ҳар боб ба қисмҳо ҷудо шуданд.
Боби якум “Дилором-каниз” ном дорад боби дуюм дарбадарӣ, сеюм бошад, дӯст ва душман. Боби якум “Дилором-каниз” сухан дар бораи зиндагии Дило-ром-каниз бо наберааш Фирӯза меравад. Боби дуюм баъди марги Дилором-холаро дар бар мегирад. Яъне ҳаёти Фирӯзаро пас аз марги Дилором-каниз. Боби сеюм бошад, дар бораи дӯсту душман навишта шудааст.
Хулосаи ин асари пурарзиш ва пурҳикмат ҳамин аст, ки духтарон низ метавонанд далер ва ҳақталаб бошанд. Қаҳрамони асар дар мушкилиҳои зиёд аз ҳақи худ мегузарад, зулмро қабул намекунад ва барои озодии худ мубориза мебарад. Ин китоб ба мо меомӯзад, ки бояд ҳамеша ростгӯ, боинсоф ва боирода бошем.
Насиба НУСРАТОВА,
хонандаи синфи 9-и МТМУ №1-и шаҳри Кӯлоб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...