Назорати прокурориро дар ҳама самтҳо пурзӯр мекунем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 октябр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 346
![]()
Прокуратураи вилояти Хатлон баҳри амалӣ намудани сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳайати мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, барои таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа дар 9 моҳи соли 2025 корҳои муайянеро анҷом дод.
Дар ин давра, вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми худ аз 28 декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иброз намуданд, нақшаи чорабиниҳои Прокуратураи генералӣ таҳия гардида оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои лозима андешида шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои босифати бандҳои Нақша чорабиниҳои мазкур тамоми прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони мутасаддии дастгоҳи прокуратураи вилоят вазифадор карда шудаанд.
Ҳамчунин, дар 9 ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба баррасии 11 масъала, 46 маҷлиси фаврӣ-назоратии назди прокурори вилоят оид ба баррасии 164 масъала гузаронида шуда, дар маҷмӯъ дар онҳо 175 масъала баррасӣ ва аз натиҷааш қарорҳои дахлдори уҳдадоркунанда қабул карда шудаанд.
Риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бо-раи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» таҳти назорати доимӣ қарор дошта, дар ин раванд ба қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ баррасии саривақтӣ ва ҳаматарафаи муроҷиатҳои онҳо диққати ҷиддӣ дода шуда, қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамарӯза амалӣ мегардад.
Дар ин давра, ба прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҳамагӣ 7436 муроҷиат аз ҷумла, шахсони воқеӣ 7075 ва шахсони ҳуқуқӣ 361 муроҷиат ворид гардида-аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гу-зашта дар умум 1,7% ё худ 132 муроҷиат зиёд мебошад.
Аз ин 2076 муроҷиат аз ҷониби мақомоти прокуратура мавриди баррасӣ қарор гирифта, бо натиҷаи баррасӣ 643, ё худ 30,9 фоиз муроҷиатҳо қонеъ, 114 рад ва бо 1319 муроҷиат талаботи қонун фаҳмонида дода шудааст. Дар ин давом 643 ҳолати ҳуқуқҳои поймол гаштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян гардида, барқарор карда шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар ин самт 61 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи онҳо 696 қонунвайронкунӣ ошкор гардида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 173 амр, 15 эътироз ва 154 пешниҳод оварда, 194 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 136 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, барои саривақт баррасӣ накардани муроҷиатҳои зиёди шаҳрвандон 22 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Назорати умумӣ яке аз самтҳои муҳими назорати прокурорӣ буда, дар ин муддат, вобаста ба ҳолати риоя ва иҷрои талаботи қонунгузории ҷорӣ 1605 санҷишҳо гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо ҳамагӣ 33425 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд, ки 2396 адад ё 7,1% зиёд мебошад.
Бо натиҷаи санҷишҳо ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 6298 амр, 4504 эътироз ва 2750 пешниҳод, 5063 нафар а ҷавобгарии интизомӣ, 4016 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 389 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, инчунин 1153 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Кор дар самти барқарор кардани зарар беҳтар шуда, маблағи 397,5 (320,1 миллион.) миллион сомонӣ барқарор шудааст, ки назар ба соли гузашта 77,4 миллион сомон, ё 19,4% зиёд мебошад.
Аз 397,5 млн. сомонӣ маблағи зарари тибқи санадҳои прокурорӣ барқарроргашта, 90 миллион сомонӣ қарзи андоз, 3,4 миллион сомонӣ қарзи гумрук ба манфиати буҷет, 76,6 миллион қарзи музди меҳнат, 95,1 миллион қарзи нафақа ба манфиати маъюбон ва нафақагирон, 27,8 миллион дар самти ноболиғон, 96,1 миллион энергетика ва маблағи 8,1 миллион сомонӣ дар самтҳои дигари назоратӣ рӯёнида шудааст.
Вобаста ба қонунгузории буҷет 50 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи он 572 қонунвайронкунӣ ошкор карда, дар натиҷа 110 амр, 46 эътироз ва 56 пешниҳод оварда шудааст. Нисбати 80 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 192 моддӣ ва 38 маъмурӣ оғоз гардида, дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 1,9 млн. сомонӣ зарар барқарор 47 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 11 парвандаи ҷиноятии коррупсионӣ ва 37 пар-вандаи ҷиноятии хусусияти иқтисоди коррупсионидошта мебошанд.
Прокуратураи вилоят дар самти таъмини қоидаҳои истифодабарии қувваи барқ 77 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи он 3426 қонунвайронкунӣ ошкор кард. Дар натиҷа 743 амр, 41 эътироз ва 116 пешниҳод оварда шуда, нисбати 304 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 1629 моддӣ, 515 маъмурӣ оғоз гардид. Дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи 96,1 миллион сомонӣ зарар барқарор шуда, 81 (21) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст, ки аз ин 25 парвандаи ҷиноятии коррупсионӣ ва 29 парвандаи ҷиноятии хусусияти иқтисодӣ-коррупсионидошта мебошад.
Прокуратураи вилоят назорати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дуруст ба роҳ монда, ҷиҳати амалисо-зии меъёрҳои қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Бо натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда дар ин самт дар фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ комиссияҳои танзими анъана ва ҷашну маросим, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, тарабхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон қонунвайронкуниҳо, ба монанди вайрон кардани вақти баргузории чорабиниҳо, зиёд кардани теъдоди иштирокчиёни маъракаҳо, таъсис надодани комиссияҳои ҷамъиятӣ ва ғайраҳо, дар маҷмӯъ 605 қонунвайронкунӣ ошкор карда, дар натиҷа 55 амр, 16 эътироз ва 161 пешниҳод оварда шуда, нисбати 167 нафар истеҳсолоти интизомӣ, 189 маъмурӣ ва 4 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Дар самти қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва ҷангал бошад, 65 санҷиш гузаронида, 1271 қонунвайронкуниҳо ошкор карда шуд. Барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 120 амр дода, 87 пешниҳод ирсол намуда, ба санадҳои ғайриқонунии мақомоти дахлдор 312 эътироз оварда, 105 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 60 нафар ба ҷавобгарии моддӣ каши-да, нисбати 535 нафар парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 60 пар-вандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Оид ба иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» аз ҷониби прокуророн барои бекор кардан ва ба қонун мутобиқ гардонидани 517 қарору амрҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят эътироз ва пешниҳод оварда шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 69 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии 517 қарору амрҳои эътирозшуда 413 адади он, ё ин ки 80% вобаста ба замин мебошанд. Аз шумораи умумии 413 қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабул кардаи раисони шаҳру ноҳияҳо, ки доир ба ҷудо кардан ва вобаста намудани замин буда, барои бекор карданашон эътироз ва пешниҳод оварда шудаанд, 191 қарор ё ин, ки 46% қарору амрҳои ғайриқонунӣ қабул кардаи раисони амалкунандаи шаҳру ноҳияҳо мебошанд.
Дар самти қонунгузории меҳнат 90 санҷиш гузаронида, 2225 қонунвайронкунӣ ошкор карда, ҷиҳати фавран бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 363 амр ва 184 пешниҳод ирсол карда шуд. Ба 463 фармоишҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор эътироз оварда, маблағи 76,6 миллион сомонӣ зарари расонидашуда барқарор карда шудааст.
Вазъи иҷрои талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар ин давра 57 маротиба мавриди санҷиш қарор дода шуда, 1258 қонунвайронкунӣ ошкор ва аз натиҷаи он 109 амр ва 133 пешниҳод ирсол карда, бо санадҳои ғайриқонунии муассисаҳои тандурустӣ 147 эътироз оварда, 367 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 159 нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида, 315 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 38 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.Фаъолият дар самти назорати иҷрои қонунгузориҳои санитарию эпидемиологӣ ҷоннок карда шуда, 74 санҷиш гузаронида, дар фаъолияти бозорҳо, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва марказҳои савдо 2123 қонунвайронкунӣ ошкор карда шудааст. Аз натиҷаи он 151 амр ва 102 пешниҳод ирсол карда, ба санадҳои ғайриқонунии муассисаҳои тандурустӣ 306 эътироз оварда, 352 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 36 нафар ба ҷавобгарии моддӣ ва 1161 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 21 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ҳолати иҷрои конунгузории замин таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, кӯшиш ба харҷ дода шуд, ки истифодаи оқилона ва самараноки замин дар доираи талаботи қонун таъмин карда, тақсимоти ғайриқонунӣ ва ғасби худсаронаи он пешгирӣ карда шавад.
Новобаста аз ин, то ҳол дар миқёси вилоят ҳолатҳои ғайриқонунӣ ҷудо кардан, хариду фурӯши ғайриқонунии замин ва ғасби худсаронаи он ҷой дошта, дар ин самт 133 санҷиш гузаронида, аз натиҷаи онҳо 5295 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, баҳри бартарафсозии қонунвайронкуниҳои ҷойдошта унвонии роҳбарони мақомоти дахлдор ва ташкилоту муассисаҳо 2279 санади прокурорӣ бароварда, бо натиҷаи баррасии онҳо 2615 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, интизомӣ ва маъмурӣ кашида, барои ғайриқонунӣ додани замин, худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва дигар ҷиноятҳо, аз ҷумла ҷиноятҳои мансабии ба замин алоқаманд 436 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудаанд. Бо санадҳои эътиноии прокурорӣ маблағи зарар 1,4 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст, ки нисбати соли гузашта 117,8 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Баҳри пешгири намудани қонунвайронкуниҳои замин дар асоси санадҳои эътиноии прокурорӣ дар миқёси вилоят майдони 55,23 гектар қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва ғайриқонунӣ додашудаи зери сохтмон ба ҳолати аввала бозпас гардонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта майдони 1,55 гектар зиёд мебошад.
Ба назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон чун ҳарвақта диққати хоса дода шуда, дар ин давра 143 санҷиш гузаронида, 5030 қонунвайронкуниҳо ошкор гардида, бо натиҷаи онҳо 755 амр, 638 эътироз ва 418 пешниҳод бароварда шудааст. 1410 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 581 нафар ба cавобгарии моддӣ ва 1029 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 173 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва зарар ба маблағи 27,8 миллион сомонӣ барқарор карда шудааст. Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам аз тара-фи шахсони мансабдор ва хизматчиёни давлатӣ содир кардани ҷиноятҳои сӯйистифода аз ваколатҳои мансабӣ, тасарруфи маблағҳои буҷетӣ, воситаҳои асосӣ, сохтакории хизматӣ ва дигар ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ ва иқтисодии коррупсионӣ дар муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят ҷой дошта, дар ин самт 49 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва тафтиш карда шуданд.
Бо назардошти нақш ва аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар тарбияи насли наврас ҳолати иҷрои он таҳти назорати ҳамарӯза қарор дошта, аз тарафи прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он 61 санҷиш гузаронида, 1552 қонунвайронкунӣ ошкор ва аз натиcаи он 198 амр, 78 эътироз ва 172 пешниҳод оварда, 467 ҷавобгарии интизомӣ, 80 ҷавобгарии моддӣ ва 469 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 102 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкоркунии он аз 145 ба 208 ҳолат расида, миқдори маводи нашъаовари дарёфтгардида дар маҷмӯъ 1484 кг. 578 гр. ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 120 кг. 397 гр. ё 8,8 фоиз зиёд маводи нашъаовар дарёфт ва мусодира шудааст.
Дар самти мубориза бо коррупсия аз ҷониби мақомоти прокуратураи вилоят 383 (355) ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор ва бо 353 (312)-тои онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, маблағи зарари ошкоршуда 24,9 (14 миллион) миллион сомониро ташкил намудааст, ки аз он 10,1 миллион (6,6 миллион) сомонӣ дар рафти пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ барқарор карда шудааст, ки аз ин 3,3 миллион (3 миллион) сомонӣ ба фоидаи давлат мебошад. Ҳамзамон, дар ин самт 94 (74) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.
Прокуратураи вилоят тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ назорати прокурориро дар ҳамаи самтҳо пурзӯр намуда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ҷомеа тамоми чораҳои дахлдорро андешад.
А. НАЗАРЗОДА,
прокурори вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00