Барои табобати нодуруст 3 корманди тиб аз кор озод гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июл, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Тандурусти ва экология, Боздид 1 168
Сардори Раёсати тандурустии вилоят Миралӣ Раҷабзода дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки бо сабаби нодуруст табобат кардани беморон 3 нафар кормандони соҳаи тиб аз кор озод карда шуданд. Аммо М. Раҷабзода дар бораи кӣ ва аз кадом беморхона будани табибони мазкур иттилоъ додан нахост.
Миралӣ Раҷабзода сабаби риоя нагардидани масофаи иҷтимоиро зимни ташхис дар марказҳои ташхисгузаронии муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Хатлон аз бемаърифатии аҳолӣ унвон кард. Ҳарчанд ҳамарӯза риояи масофаи иҷтимоӣ, ниқоб ва дигар талаботи пешгирӣ аз вируси нав гуфта мешавад, аммо аз бемаърифати худи аҳолӣ риоя намекунанд ва дигаронро сироят менамоянд, ки боиси зиёдшавии беморӣ мегардад.
Инчунин, дар бораи маблағталабкунӣ ва тамаъҷӯй дар таваллудхонаҳо, ташкили Маркази равоншиносӣ, истифодаи чандкаратаи бахилҳо дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набудани марказҳои саломатӣ суолҳо пешниҳод гардиданд.
Дар посух ба суолҳо гуфта шуд, ки давоми соли равон 10 ҳолати фавти модару кӯдак ба қайд гирифта шудааст, ки 3 ҳолат аз соли гузашта зиёд мебошад.
С. АЗИЗЗОДА
-
26-01-2021, 14:00
-
3-02-2021, 15:04
-
12-05-2021, 17:57