ПРОФЕССОРИ ХАТЛОНӢ КИТОБҲОЯШРО ДАР ҶАҲОН МУАРРИФӢ МЕКУНАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 16 июн, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 240
![]()
Профессор Абдулҳай Комилӣ, доктори илмҳои физика ва математика, директори Институти илмӣ-таҳқиқотии таърихи илмҳои табиатшиносӣ ва техникаи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, яке аз чеҳраҳои шинохтаи илми муосири тоҷик ба шумор меравад, ки бо фаъолияти густурдааш дар сатҳи байналмилалӣ эътироф ёфтааст.
Устод Абдулҳай Шарифзода Комилӣ бо пажӯҳишҳои амиқу густурдааш дар бахшҳои гуногуни илмӣ, аз физикаи плазма то таърихи илмҳои табиӣ, шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст.
Ӯ соли 1962 дар деҳаи Хоҷаҳои ноҳияи Ғончӣ ба дунё омада, соли 1986 факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносовро хатм кардааст. Ӯ муассис ва роҳбари мактаби илмӣ дар бахши таърихи илмҳои табиӣ ва методикаи таълими физика дар Тоҷикистон мебошад. Зиёда аз 360 мақола ва 59 рисола, ки мавзуъҳои физика, натурфалсафа, методология, таърихи илм, адабиёт ва ҳатто таърихи шоҳмотро дар бар мегиранд, таълиф намудааст. Устод Комилӣ на танҳо дар илми ватанӣ, балки дар ҷаҳони илмӣ нуфузи устувор дорад. Асарҳои ӯ ба забонҳои англисӣ, қирғизӣ, русӣ ва ӯзбекӣ тарҷума шудаанд, ки нишонаи эътибори байналмилалии ин муҳаққиқи тоҷик аст.
Профессор Комилӣ дар ба-робари корҳои илмӣ дар тарбияи кадрҳои илмӣ саҳми арзанда гузошта, зери роҳбарии ӯ 27 нафар рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намудаанд.
Ӯ узви фаъоли якчанд Ака-демияи байналмилалӣ ва миллии илмӣ, аз ҷумла Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Русия мебошад. Бо унвонҳо ва ҷоизаҳои муҳими миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла “Олими сол”, “Аълочии фарҳанг”, “Аълочии маориф”, “Зеҳни миллат” (Москва) ва медалҳои байналмилалӣ дар Англия, Австрия ва Қазоқистон қадрдонӣ шудааст.
Саҳми илмию фарҳангии профессор Абдулҳай Комилӣ дар боз-шинохт ва тавсеаи мероси илмии ниёгон, аз ҷумла осори Ибни Сино, Закариёи Розӣ ва дигар донишмандони Шарқ барои насли имрӯз ва фардои илми тоҷик арзишманду мондагор мебошад. Ӯ намунаи барҷастаи олимест, ки бо вуруд ба умқи илми муосир ва такя бар фарҳанги ниёгон Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад.
Осори илмии профессор Комилӣ дар кишварҳои зиёди дунё, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Русия, Украина, Эрон, Ҳиндустон, Англия, Олмон, Белгия, ИМА ва дигар давлатҳо ба нашр расидаанд. Аз ҷумла, китобҳои беназири ӯ «Физика Авиценны» ва «Физика Абу Бакра ар-Рази», ки ба забони русӣ дар Федератсияи Русия интишор ёфтаанд, дар ду намоиши бонуфузи байналмилалии китоб: 52-умин Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Ню-Дели (1–9 феврали соли 2025) ва 32-юмин Намоишгоҳи китоб дар шаҳри Минск (12–16 марти соли 2025), ба таври расмӣ муаррифӣ шуданд.
Қаблан ин китобҳо дар намоишгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Москва, Пекин, Франкфурт ва Истамбул низ ба намоиш гузошта шуда буданд. Инчунин, китоби «Физика Авиценны» соли 2017 ба забони қирғизӣ дар Қирғизистон ва соли 2024 ба забони англисӣ дар ИМА тарҷума ва нашр гардидааст.
Дар ин баробар ба китоби “Абу Алӣ ибни Сино ва илми ситорашиносӣ” соли 2024 аз тарафи нашриёти “Маҳорат”-и Самарқанд ба ду забон - тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба табъ расидааст.
Бо дарназардошти саҳми ар-зандааш дар рушди илми тоҷик ва шиносондани мероси илми Шарқ дар сатҳи ҷаҳонӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пазируфта, профессор Абдулҳай Ко-милиро соли 2025 бо унвони “Олими сол” қадрдонӣ намуд.
Ин муваффақият на танҳо ифтихори ҷомеаи илмии кишвар, балки мояи сарфарозии миллати тоҷик дар миқёси байналмилалӣ мебошад.
Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...