ИНСОНИ НАҶИБ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 июн, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1
![]()
Инсон як маротиба ба дунё меояд. Аз ин рӯ, тавре бояд зист, ки аз худ номи неку кори нек, хонаи ободу фарзандони наку ва дарахти бороваре боқӣ гузошт, то ба некӣ ёд кунанд. Муқаддасоти ҳаёт низ ҳамин аст. Инсони ҳалиму хоксор, дӯсти меҳрубон, шахси ҳақҷӯю ҳақбин Қутбиддин Сафархолов аз ҷумлаи онҳост, ки тӯли 89 соли умри бобаракаташ соҳиби ин ҳама муқаддасот гаштааст.
РОҲ БА ДОНИШГОҲ ДУШВОР БУД
Қутбиддин соли 1936 дар деҳаи Тошахӯр (ҳозира Боғдара) дида ба дунёи ҳастӣ кушод. Қутбиддин баъди хатми мактаби миёнаи №1-и ноҳияи Ёвон азми идомаи таҳсилро дар муассисаи олии пойтахти кишвар намуд. Вале ин хоҳиши ӯро падараш напазируфт. Роҳ ба сӯи донишгоҳ барояш мушкилиҳо пеш овард. Ӯ ки писари калони оила буд, падар мехост, ки дар хона монда, рӯзгорро ба уҳда гирад. Қутбиддин низ кӯшиш менамуд хонда, соҳиби маълумот ва касб шавад. Бо ин мақсад борҳо инро ба қиблагоҳ фаҳмонд, вале бефоида. Падар ҳамоно “гапам якто, ба ҳеҷ куҷо намеравӣ, хонаро соҳибӣ кун!”-мегуфт.
...Давраи қабули довталабон ба донишгоҳҳо ба охир мерасид. Барои дохилшаванда ҳуҷҷатсупорӣ ҳамагӣ як рӯз боқӣ монда буд. Қутбиддин ноумед нашуда, назди бародараш, ки котиби ҷамоат буд, рафту гуфт: “Агар маро ба хондан намонанд, фардо ба Комиссариати ҳарбӣ рафта, ба ихтиёри худам ба аскарӣ меравам”. Бародараш бо душворӣ бошад ҳам, падарро розӣ кунонид. Падар ба ӯ дуо дод...
Қутбиддин субҳи 31 июли соли 1956 роҳи Душанберо пеш гирифт. Худи ҳамон рӯз бояд ба Донишгоҳ расида, ҳуҷҷатҳояшро ба комиссияи қабул месупорид. Он солҳо дар маркази ноҳия на вокзал буду на мошини мусофирбар.
Бо азобҳои зиёд ба Душанбеи обод, вале барояш ношинос ворид шуда, карибии соати панҷи бегоҳ ба назди Донишгоҳи омӯзгорӣ расид. Дар ҳавлӣ касе наменамуд. Бахти ҷавон баландӣ кард. Тасоддуфан бо як ҳамдеҳааш вохӯрда монд. Бо кумаки ӯ ҳуҷҷатҳояшро ба комиссияи қабул супорид. Қутбиддин имтиҳонҳои қабулро супорида, донишҷӯ шуд...
...Солҳои донишҷӯӣ сипарӣ шуданд. Қутбиддин Сафархолов Донишгоҳи омӯзгориро бо муваффақият ба итмом расонида, дар мактаби №1-и ноҳияи Ёвон ба ҳайси омӯзгор ба фаъолият пардохт. Бо гузашти солҳо донишу қобилияти ӯро ба инобат гирифта, вазифаи директори мактаби №16-ро ба уҳдааш вогузоштанд. Баъди як соли фаъолияти пурсамар ба вазифаи мудири маорифи ноҳия таъйинаш намуданд. Дар ин давра таваҷҷуҳ ба соҳаи ма-ориф бештар шуд. Мактабҳо ба омӯзгорон таъмину фарогирии хонандагон, махсусан духтарон низ боло рафт...
Бо гузашти вақт ҳаёти Қутбиддин Сафархолов рангинтар мешуд. Аз ҷумла фаъолияти кории худро тағйир дода, ба кори боз масъулиятноктар гузашт. Соли 1967 нахуст курси яксолаи Комитети давлатии бехатарии Иттиҳоди Шуравиро дар Ҷумҳурии Беларусия хатм намуда, дар вазифаҳои гуногуни Кумитаи бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон: аз корманди одӣ то сардори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияҳои Фархор, Московский (ҳозира Ҳамадонӣ), Ёвон, Вахш, Ҳисор, собиқ вилояти Қӯрғонтеппа, Вазорати амнияти Тоҷикистон, мудири шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ, мудири кафедраи курси олии кумита фаъолият карда, аз лейтенанти хурд то ба полковник расид.
Барои тақвияти гуфтаҳои боло лаҳзаеро аз фаъолияти кории Қутбиддин Сафархолов оид ба амалиёти бобарори ӯ ҳангоми дастгир намудани ҷинояткори “собиқадор” қисса мекунем.
ҒОРАТГАР ДАР ЛИБОСИ ЧЕКИСТӢ
Ин воқеа соли 1992 дар хоҷагии “Ватан”-и ноҳияи Ҳисор ба вуқуъ пайваста буд. Ин “меҳмон”-и нохонда, ки ҷавони бузургҷуссае буду дар даст ҷузвдони чармини “роҳбар”-она дошт, аз мошине фаромада, ҷониби идораи хоҷагӣ роҳ пеш гирифт. Чун вориди идора гардид, аз роҳбарони хоҷагӣ нафареро наёфт. Баъди худро ба посбон шиносонидан таъкид кард, ки пагоҳ раис ӯро интизор шавад.
Раиси хоҷагӣ Нуралӣ Тешаев тибқи амри “меҳмон”-и аз марказомада мунтазири ӯ гардид. “Меҳмон” баробари шиносоӣ ба раис аз ӯ талаб намуд, ки хазинадор ва сармуҳосиби хоҷагиро ба наздаш даъват намояд. Раис оҷилан онҳоро ҳозир намуд. “Меҳмон” шаҳодатномаеро ба онҳо нишон дода, худро ҳамчун полковники КБД-и СССР Свиридов муаррифӣ намуда, афзуд:
“Ба мо маълумот расидааст, ки гурӯҳи калони ғоратгарон рӯзҳои наздик ба хазинаи хоҷагии шумо ҳамла меовардаанд. Маро вазифадор кардаанд, ки ин амалиёти онҳоро ошкор сохта, гурӯҳи авбошонро дастгир намоям. Дар ин амалиёт танҳо ҳамкории шумо лозим аст.
Рӯзи сеюм “меҳмон” бо хазинадору чанд коргари дигар барои овардани маблағи ҳаққи маоши аъзоёни хоҷагӣ ба маркази ноҳия рафт. Раису сармуҳосиб ба суханони “корманд”-и КБД итминони комил пайдо намуданд, ки хазинаи хоҷагӣ аз тарафи дуздони номаълум тороҷ мегардад.
Онҳо аз бонк 600000 рублро гирифта, ба хоҷагӣ бармегаштанд. Дар нимароҳ “меҳмон” аз ронанда талаб намуд, ки мошинро аз роҳи поён (аз маркази ноҳия ба сӯи ин хоҷагӣ ду роҳ мерафт) ронад. Зеро дар ин роҳ, мувофиқи наҷшаи “меҳмон” ҳамроҳонаш ӯро интизор буданд.
Вале ронандаи рамузфаҳм ба талаби “меҳмон” ва баъдтар ба таҳдидҳои ӯ эътибор надода, баҳона пеш овард, ки сари роҳ ба колхозчиён ҳаққи маош бояд дод ва мошинро бо роҳи асосӣ рондан гирифт.
Аз талаб ва таҳдидҳои ғайримуқаррарии “меҳмон” аллакай дар дили хазинадору ҳамроҳони ӯ ҳисси шубҳа пайдо гашт. Вале аз тарси оне, ки “сирри давлатӣ” (забонхат навишта буданд) мабодо ошкор нагардад, имкон надоштанд, ба ҷое муроҷиат намоянд.
Бегоҳирӯзӣ “меҳмон” раисро таъкид намуд, ки шояд ҳамин шаб дуздон амалиёташонро гузаронанд. Раису сармуҳосибу хазинадор бояд ҳамроҳи ӯ дар идораи хоҷагӣ бошанд. Сармуҳосибу хазинадор аз пешгӯиҳои таваккалии “меҳмон” ҳисси шубҳаю ҳарросашон боз ҳам баланд гашт ва ба раиси хоҷагӣ пешниҳод намуданд, ки ба шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабар расонад. Раис пас аз чунин ранг гирифтани “амалиёт”-и “меҳмон” оҷилан ба шуъбаи бехатарии давлатии ноҳия занг зада, онҳоро аз асли воқеа хабардор намуд.
Корманди КДАМ Сафархолов оҷилан ба ҷойи воқеа ҳозир шуд. Рӯзи корӣ анҷом ёфта буд. Қутбиддину раис мувофиқи маслиҳати пешакӣ ба идораи хоҷагӣ ворид гардиданд. Қасд кардагӣ барин, ҳамон бегоҳӣ дар идораи хоҷагӣ қувваи барқ хомӯш гардида буд. Шаб чодари худро мекашид. Боди тирамоҳӣ гуё чангу ғубори заминро меруфт. Ҳанӯз ҳама ҷоро торикӣ фаро нагирифта, борони сел ба боридан сар кард. Қ. Сафархолов баъди бо “меҳмон” шинос гаштан дар ошёнаи дуюми идораи хоҷагӣ, дар утоқи раис менишаст. Ӯ дар солҳои дар кумита кор кардан бо чунин “меҳмон”-ҳои либоси низомипӯш бори чорум вомехӯрд. Вале ин “меҳмон” аз он “хилъат”- пӯшон то ҷое фарқ дошт.
Зеро ӯ бо яроқ –таппончаю корд мусаллаҳ буд. Саҳве боиси фоҷиае мегашт. Бинобар ин, Қутбиддин оромона матлаби “ҳамкасб”- ашро гӯш дода, гуё барои боз-доштани дуздҳо ба ӯ кумак мерасонида бошад, ба “меҳмон” нақшаи дастгир кардани “дузд”-ҳоро тарҳрезӣ мекард. Ҳарчанд “меҳмон” ба Қ. Сафархолов ҳини ошноӣ шаҳодномаашро пешниҳод кард, вале аз хирагии рӯшноии шамъ қиёси расму чеҳрааш чандон кори осон набуд.Чизи аз ҳама шубҳаовар он, ки аз кисаи костюми “меҳмон” мили таппонча намудор буд.
“Меҳмон” аз ҷиддияти Қ. Сафархолов барои худ чизеро кашф кардагӣ барин, аз барор нагирифтани “амалиёти кумакрасонӣ”-аш ба ҳарос афтода, аз раиси хоҷагӣ таъмини мошинро барои ба даст наафтоданаш талаб кард. Маънии ин талабро Қ. Сафархолов зуд эҳсос карда, раисро таъкид намуд, ки (ҳатто ба забони русӣ) зуд барои “меҳмон” мошин омода намоянд. Қутбиддин ин лаҳзаҳо бештар ба он мекӯшид, ки “меҳмон”-и хавфнокро ба гуф-тушуниди ҳамдигарӣ овора намояду кормандони милитсия ба мадади онҳо омада расанд. Мутаассифона, кормандони милиса дар ҷаласае нишаста буданд. Вақт беист мегузашту “меҳмон” бесабронаю хотирпарешон мегашт. Ӯ аз дер карда омадани мошини фармудааш боз ҳам беқарор гашта, зуд-зуд аз тиреза ба берун менигарист. Оқибат гӯё косаи сабраш лабрез гардид, ки ғур-ғуркунон: “Дар ин хоҷагӣ ҳеҷ гуна тартибот набудааст”,-гуён ба ошёнаи якум фаромад.
Қ. Сафархолов ӯро бо ваъдаҳои “самимона”- аш шефта месохт. ”Меҳмон”, ки лаҳзае дасташро аз киссаи таппончадораш намегирифт, “Худам мошин меёбам”,-гӯён ба берун баромаданӣ шуд. Қ. Сафархолов пеши роҳашро гирифт. Ӯ дигар чӣ кор карданашро надониста, таппончаро аз ҷайбаш бароварда, тарафи Қ. Сафархолов рост намуд. Дигар фурсати фикр кардан намонда буд. Ӯ аз чунин вазъияти мусоид ва таҷрибаи касбию обутоби ҷисмониаш истифода бурда, бо тамоми қувва ба дасти таппончадори дузд зарба зада, силоҳро аз кафи дасти “меҳмон” ба замин афтонду ӯро дастгир кард.
“Меҳмон”-и дар либоси корманди “КБД-и СССР”- буда, 27 сол дошта, шаҳрванди шаҳри Омски Федератсияи Русия будааст Ӯ чанд рӯз қабл муҳлати 5-солаи ҳабсро барои ғоратгарӣ адо кардааст...
Ин корнома, ки аз ҷасорату шуҷоати бемисли Қутбиддин Сафар-холов шаҳодат медиҳад, эътибори ӯро боз ҳам боло намуд. Корнамоии Қутбиддин Сафархолов бо медали “Барои шуҷоати шахсӣ” (27 декабри 1990) қадрдонӣ гашт, ки чунин арҷгузорӣ дар таърихи мавҷудияти Кумитаи давлатии амнияти милли кишварҳои Осиёи Марказии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ нахустин бор ба Қутбиддин Сафархолов, сарва-ри шуъбаи Бехатарии давлатии ноҳияи Ҳисор насиб гардид...
Ҳамчунин, дар давраи хизма-таш бо як қатор ордену медалҳо, Ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.
... Имрӯзҳо инсони наҷиб Қутбиддин ба синни 89-солагӣ расидаю давлати пирӣ меронад. Ӯ ба нафақа баромада бошад ҳам, боз дилаш қарор на-мегирад. Назди шогирдону ҳамкорони ҷавонаш рафта, ба онҳо маслиҳатҳо медиҳад. Бо ҷавонону мактаббачагон вохӯрда, онҳоро ба роҳи ростию покӣ ҳидоят менамояд.
Ҳар гоҳ дӯстонаш ҳангоми суҳбат ҳазломез аз ӯ пурсон мешаванд: “Доруи ҷавонии Шумо дар чист?”. Ӯ аввал табассуми ба худ хосу ширине карда, ба андеша меравад. Кас аз ин ҳис менамояд, ки дар ин хомӯшии тӯлонӣ ӯ ҳаёти ибратбахши хешро як-як пеши рӯ меоварад. Баъди чанде лаб ба сухан мекушояд.
-Шукр, ки умри бобаракат дидам. Дӯстону устодони арзанда дарёфтам. Ҳамроҳи завҷаи меҳрубонам Анвармо 70 сол зиндагии ширин дошта, соҳиби 7 фарзанду бобои 26 набера ва 34 абера ҳастам. 21 марти соли 2024 завҷаам аз дунё гузашт ва ин зарбаи сахти тақдир буд. Ҷавонӣ тезгузару бебозгашт аст. Инсон рӯзе ба пирӣ мерасад. Пирӣ давлат аст, агар он беғаму бедард бошад. Доруи ҷавонӣ ин, пеш аз ҳама, завҷаи меҳрубон аст, ки дар ҳаёт дар шодию ғам бурду бохтам ҳамроҳи ман буд. Чизи дигар, вақте ки кас танҳо мемонад, зуд пирии худро эҳсос менамояд. Дар байни мардум ва ҳалқаи аҳли оила хастагии худро мебарорӣ. Шукр ки ҳоло қобилияти гаштану сухан гуфтанро дорам. Барои пирӣ вақт намемонад...
Бобои соҳибдил ҳар гоҳ рӯйи ҳавлӣ баромада, набераю абераҳои худро машғули бозӣ дида, шукрона мекунаду мегӯяд: “Ана ҳаминҳоянд давлату дунё ва ҷавонии ман!”
Ҳақ ҷониби ин инсони поку наҷиб аст. Маҳз дар ҳалқаи аҳли оила, завҷаю фарзандон, набераю абераҳо кас доимо ҷавон боқӣ мемонад...
С. АТТОР,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00