Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Лаҳзаҳои хандадори «Хатлон»-иён


Лаҳзаҳои хандадори «Хатлон»-иён


Ба ифтихори 90-солагии рӯзномаи «Хатлон»

Лаҳзаҳои хандадори «Хатлон»-иён 

     Рӯзҳои аввали фаъолияти рӯзномаи навтаъсиси “Ҳақиқати Қӯрғонтеппа” (ҳозира “Хатлон”) журналисти шинохта, устоди сухан Муқимҷон Абдураҳмонов ба ҳайси муҳаррир ба интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, омодагӣ ба нашри шумораи аввал шурӯъ намуд. Ҳайати эҷодӣ аз рӯзномаҳои ноҳиявии шаҳру навоҳии вилоят ба кор даъват шуданд. Хушбахтона, муаллифи ин сатрҳо низ дар байни даъватшудагон буд. Дар як муддати кӯтоҳ ҳайати хуби эҷодӣ, коллективи аҳлу тифоқ ҷамъ омад. Кормандон зуд ба якдигар унс гирифтанд. Ҳар як рӯзу соли сипаришуда хотирмон буд ва аз худ лаҳзаҳои хандадор ва нотакрор боқӣ мегузошт. Мехоҳам дар ин рӯзҳои барои мо-рӯзноманигорон муборак-90- солагии рӯзномаи “Хатлон” аз он лаҳзаҳои хандадори ҳаёти рӯзноманигории ҳамкорон қисса кунам.

Маро интизор нашавед!...


      Соати кории рӯзи душанбеи ҳар ҳафта, чун анъана, аз машварати эҷодии 5-дақиқагӣ оғоз меёфт. Дар он натиҷаи кори ҳафтаи гузашта ва нақшаҳои ҳафтаи нав муайян мегардид. Дар яке аз рӯзҳои душанбе, ки машварати эҷодӣ аллакай оғоз ёфта буд, дари утоқи кории муҳаррир башаст кушода шуд. Марди тахминан 30-32-солаи хушсару либос ва дар даст ҷузвдон бе иҷозату салом вориди утоқ шуд. -Калони идора кист? - амирона пурсид мард. -Ман, - гӯён устод Абдураҳмонов бо ҳалимию одоби баланд аз ҷой нимхез шуда, худро шиносонд. -Ман фалонӣ, директори мактаб, - бо виқору ҳавобаландӣ худро муаррифӣ кард мард. -Бисёр хуб, ҳоло маҷлис дорем, бемалол бошад, дар даромадгоҳ каме сабр мекардед, - хоҳиш намуд муҳаррир. -Рӯз дароз, маҷлисгузаронӣ дер намешавад, кори ман муҳимтар. -Марҳамат, шуморо гӯш мекунам, - муҳаррир меҳмонро таклифи нишастан кард. -Идораи шумо навтаъсис будааст, албатта, ба кадри болаёқат эҳтиёҷ дорад? -Бале, - кӯтоҳак посух дод устод. -Банда ҳамон кадри даркорӣ, - гуфт меҳмон. -Чӣ ҳунар доред? -Ҳунари ташкилотчигӣ! -Идораи мо ҷойи эҷодкорист... -Маро ба ягон шуъба роҳбар қабул кунед, - сухани устодро бурида сари мақсад омад “кадр”-и болаёқат. -Хуб шудааст, пагоҳ биёед, маслиҳат мекунем. Меҳмон ба соне ки вориди утоқ шуда буд, ҳамон зайл назди дари баромад расида, онро кушод ва якбора суол кард. -Дар вазифае, ки маро ба кор қабул мекунед, мошини хизматӣ дорад? -Не, мошин надорад. Мо-рӯзноманигорон мошин не, қалам дорему блокнот, шабу рӯз дар идора, дар хона, дар кӯча, дар сафар аз пайи эҷод ҳастем. Ҳатто рӯзи истироҳат ҳам надорем. -Ин тавр бошад, чунин касбу кори миёншикану бе мошин ба ман лозим нест, маро интизор нашавед,-гӯён мард идораро тарк намуд... -Аҷаб одамҳое, якбора аз осмон ситора мехоҳанд,-гӯён устод зери лаб табассуме карда, ҷаласаро идома бахшид... (Идома дорад) С. АТТОР, «Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода