Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » СИРРИ 80-СОЛА ОШКОР ШУД


СИРРИ 80-СОЛА ОШКОР ШУД



Дар яке аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рашт хонандагон ба ҷашни “Рӯзи Ғалаба” тайёрӣ диданд. Роҳбари муассиса ба ҷонишини таълим ва дигар зердас-тонаш супориш дод, ки агар дар наздикиҳои муассиса ё дар гирду атрофи деҳа ягон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ бошад, ба чорабинӣ даъват намоем, то ки ба хонандагон аз набардҳо ё аз рӯзҳои мудҳише, ки дар солҳои 1941 - 1945 аз сар гузаронидаанд, нақл кунад. «Зеро хонандагон аз даҳони худи иштирокчии ҷанг шунаванд, боз дигар аст» - гуфт роҳбари муассиса.

Ҷонишини директор дарҳол супориш дод, як нафарро аз ким-кадом деҳае ёфта оварданд. Гӯё ӯ дар ҷанг иштирок карда будааст. Синну соли мӯйсафед аллакай ба ҷое расида буд, ҳатто намедонист, ки чӣ гӯяд. Баъди оғози чорабинӣ ва суханронии ровӣ, ки хонандаи синфи ёздаҳи муассиса буд, аз таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва оғозу анҷоми ҷанг маълумоти мухтассар дода, риштаи суханро ба мӯйсафед дод. Мӯйсафед қаблан ба ҳозирин салом дод ва баъди салом ба сухан оғоз кард: “Бачаҳои азиз! Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар фронт нон набуд, мо хлеб мехӯрдем, - гуфту якбора хомӯш монд.

Дигар намедонист, чӣ гӯяд. Хонандагону омӯзгорон, падарону модароне, ки дар чорабинӣ иштирок доштанд, ҳама ҳайрон шуда, ҳатто баъзеҳо ноаён ме-хандиданду қисме аз ин суханони мӯйсафед шарм медоштанд. Роҳбари муассиса ба ровӣ ишора на-муд, ки баландгӯякро аз дасти мӯйсафед гирифта, барномаро давом диҳад, то иштирокчиён нороҳат нашаванд. Ровӣ дарҳол рафта баландгӯякро аз да-сти мӯйсафед гирифту “раҳмат бобоҷон, марҳамат нишинед”- гуфт.

Мӯйсафед бо сари хам намедонист, ки чӣ кор кунад. Дар охири барнома ба роҳбари муассиса сухан дода шуд. Роҳбари муассиса баъди суханронӣ ва табрикот миннатдориҳои зиёд намуда, туҳфаи омоданамударо бо ҳамроҳии гулдастаи зебое ба мӯйсафед тақдим кард. Мӯйсафед аз ҷой бархоста, туҳфаҳоро аз дасти роҳбари муассиса гирифт ва миннатдории худро ба хонандагону омӯзгорон баён намуд.

Ӯ ғайричашмдошт боз ба сухан баромада гуфт: “Бачаҳои азиз, сирреро, ки ман солиёни дароз пинҳон карда, ба касе нагуфта будам, худи ҳозир, дар ҳамин ҷо ба ҳамаи шумо мегӯям. Тӯли солиёни зиёд аст, ки ин сир маро азоб медиҳад. Аз умри ман шояд кам боқӣ монда бошад. Агар онро нагӯям, мумкин аз ақл бегона шавам”. Иштирокчи-ён ҳайрон-ҳайрон ба мӯйсафед нигариста гӯш ба қимор шуданд. Барояшон муаммо буд, мӯйсафед чӣ мегуфта бошад.

Баъди лаҳзаи хомӯшӣ мӯйсафед суханро идома дод: “Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яъне дар анҷоми он, боз як қатор тоҷикписаронро ба фронт сафарбар намуданд. Ман низ дар қатори онҳо будам. Вақте ки моро аз мошинҳои болопӯш фаровар-данд, гуфтанд, ки ин ҷо шаҳри Петербург аст. Ду рӯз дар ин ҷо шуморо ба ҷанг омода намуда, баъд ба сарҳад мефиристанд.

Ҳамин ки шаб шуд, ҳама хоб рафтанд. Ман аз назди онҳо гурехта, хело роҳро тай намуда, ба як деҳае расидам. Аллакай субҳ дамида истода буд. Дари хонаеро кӯфтам. Дарро як зани ҷавону зебои рус кушод ва аз ман пурсид, ки чӣ мехоҳам. Ман ба зан дурӯғ гуфтам, ки аз ҳамроҳонам қафо мондаам, маро то субҳ дар хонааш роҳ диҳад ва ман субҳ аз ақиби ҳамяроқонам меравам. боз роҳи худамро меёбам. Ман каму беш забони русиро медонистам. Шавҳари ин зан дар солҳои аввали ҷанг дар фронт вафот карда будаасту ӯ як писардоштааст.

Субҳ дамид, рӯз шуд. Аз байн чанд рӯз гузашт, мо якдигарро дӯст доштем. Ин зан ҷойи махсусро барои пинҳон кардани ман омода намуда буд.

Ҳар гоҳ ки дари хона тақ-тақ мешуд, дарҳол маро пинҳон мекард. Ҳамин тавр, ҷанг тамом шуд. Ман қариб як сол пинҳон гаштаму ба фронт нарафтам.

Рӯзе зан бемор шуда, аз олам даргузашт. Ман бо азобу машаққатҳои зиёде ба Тоҷикистон баргаштам.Тӯли солиёни дароз аст, ки маро ҳамчун иш-тирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ қадр мекунанду ба чорабиниҳо даъват менамоянд, вале ман худро бемор мепиндорам, ё ин ки ба ягон баҳонае дар чорабинию ҷашнвораҳои онҳо иштирок намекунам.

Новобаста ба ин, ба ман туҳфаҳо мефиристанд, қадрдонӣ мекунанд. Вале ман ба фарзандонам мегӯям, ки ҳамон туҳфаҳоро ба фалон ятим, ё ин ки ба фалон зани бекас диҳанд. Дар хона онҳоро нигоҳ надоред, чунки ҳар боре онҳоро бинам, виҷдонам маро азоб медиҳад.

Солҳое, ки ин корро кардам, ҷавони беандеша будам. Баъди гузашти вақт аз кардаи худ пушаймон гаштам. Дар тӯли ҳаёти худ баъди ин ҳодисаи нангин хурсандӣ аз дил ва табассум аз лаб парида буд.

«Виҷдонам намегузошт, ки хуш бошам. Ана акнун дарде, ки солиёни дароз маро ғам медод, имрӯз гуфтам, сирри пинҳониамро кушодам. Худованди муттаол ҷонамро гирад ҳам, дигар парвое надорам. Шумо, хонандагони азиз, ҳеҷ гоҳ ба мисли ман ҷавони тарсую буздил нашавед. Баҳри ҳифзи Ватан доимо омода бошед. Ҳар кори бад ва ҳар дурӯғ подоше дорад...»,-гӯён мӯйсафед бо лабханди сохта афзуд: «Акнун ин туҳфаро худам ба хона мебарам». Мӯйсафед вазнин аз ҷояш хесту роҳи хонаашро пеш гирифт. Дар охир ҳама аз сирру асрори мӯйсафед огоҳ шуда, ангушти ҳайрат мегазиданд...

Сабоҳат АБДУРАҲИМОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббӣ-инноватсионии
шаҳри Бохтар

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода