Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Намоиш-фурӯши 2000 нусха китоб


Намоиш-фурӯши 2000 нусха китоб


      2-юми июли соли равон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ва Муассисаи давлатии нашриёти “Адиб” дар майдони «70-солагии Водии Вахш» намоиш-фурӯши китобҳои нашриёти мазкур баргузор гардид.

                                     
     
      Ба иттилои Давлат Сафар, директори нашриёти “Адиб” иқдоми мазкур дар шаҳри Бохтар соли равон бори дувум аст, ки роҳандозӣ карда мешавад. Дар намоиш-фурӯши китоб беш 120 номгӯйи китоб бо теъдоди бештар аз 2000 нусха бо нархҳои аз 10 – то 80 сомонӣ пешкаши мардум гардонида шуд. -Ҳадафи нашриёти “Адиб” аз ташкили ин намоиш - фурӯши китоб, ки дар заминаи озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм-фурӯғи маърифат” ба роҳ монда шудааст, дар мадди аввал ҷалби беш аз пеши мардум ба китобу китобхонӣ, муаррифии адибон-шоирону нависандагони кишвар, аз ҷумла гурӯҳи ҷавони ин табақаи ҷомеа ва маҳсули заҳмати онҳо ба мардум аст, - афзуд ӯ. Яке аз корҳои мондагори анҷомдодаи ин муассисаи нашриявии кишвар нашри 46 ҷилди “Ахтарони адаб” маҳсуб меёбад. Роҳбарияти нашриёти “Адиб” тасмим гирифтаанд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 ҷилди боқимондаи “Ахтарони адаб”-ро ба нашр расонда, ҳамчун як ҳадяи гаронбаҳо ба мардуми кишвар пешкаш намоянд. Абдуғаффор Абдуҷабборов - шоир, нависанда, драматург, ҳамзамон, мудири шуъбаи адабиёти ҷаҳон, очерк, публитсистикаи нашриёти “Адиб” изҳор дошт, ки қаблан аз ҷониби нашриёт дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар доираи донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ намоиш-фурӯши китоб баргузор шуда буд. Ӯ гуфт: “Бо сабаби маҳдуд будани намоиш-фурӯши қаблӣ ба ғайр аз донишҷӯёну омӯзгорон дигар сокинони шаҳри Бохтар ва умуман, вилояти Хатлон имкони баҳраманд шудан аз китобҳоро надоштанд. Аз ин рӯ, бо даъвату дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Бохтар барои доманаи васеи сокинон намоиш-фурӯши китобро ташкил намудем”. Масъулини нашриёти “Адиб” ният доранд, ки ин гуна намоиш-фурӯши китобро минбаъд дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилояти Хатлон бо дарназардошти нуфус ва иқтидори молиявии аҳолӣ ташкил намоянд, то шумораи ҳарчи бештари мардумро аз фоидаҳои китобу китобхонӣ баҳраманд созанд.

Суннатуллоҳи Мирзо, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода