Хомадоре чун сипар дар минбар аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 апрел, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 156
![]()
Шарифзода Маҳмуд Муҳаммадӣ 9 апрели соли 2004 дар деҳаи Шаҳидони Ҷамоати деҳоти “Сари Хосор”-и ноҳияи Балҷувон дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ таҳсили ибтидоии худро соли 2011 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Бохтар оғоз намуда, баъдан дар муассисаи давлатии Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён ва Литсейи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар таҳсил намудааст. Соли 2021 таҳсили худро дар Литсейи барои хонандагони болаёқати шаҳри Бохтар идома дода, соли 2022 Литсейи мазкурро бо баҳои аъло хатм намудааст. Соли 2022 ӯ тариқи Маркази миллии тестӣ бо таври ройгон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, айни ҳол донишҷӯи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносӣ мебошад.
Маҳмуд шарифзода аз замони хонандаи мактаб буданаш ба эҷодкорӣ шавқ дошта, афсонаю ҳикояву мақолаҳояш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун пайваста чоп мегардиданд. Бояд қайд намуд, ки мавзуҳои эҷоднамудаи ӯ ба инсондӯстиву ватандӯстӣ, эҳтироми калонсолон, таърихи пурғановати халқи тоҷик ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз бахшида шудаанд.
Мутолиаи зиёд буд, ки ӯ соли 2022 дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи эҷоди назму наср дар бахши наср иштирок намуда, дар даври ҷумҳуривии озмуни мазкур сазовори ҷойи дуюм гардида, дар дигар самтҳо низ фаъол аст. Аз ҷумла, моҳи ноябри соли 2024 дар озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорони ояндасоз» аз рӯйи номинатсияи «Сайёҳӣ-кишваршиносӣ» иштирок намуда, ба аъзои ҳакамон китоберо бо номи «Роҳнамо барои сайёҳон» пешниҳод намуд, ки дар он бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) дар бораи манзараҳои таърихӣ, фарҳангиву сайёҳии Тоҷикистони азизамон маълумотҳо мавҷуд мебошанд. Ин китоб аз ҷониби ҳакамон баҳои баланд гирифт ва Маҳмуд ша-рифзода ғолиби озмун шуд.
Боиси ифтихор аст, ки Маҳмуд шарифзода моҳи марти соли 2025, яке аз ҷавонтарин узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардида, яъне ба қатори онҳое пазируфта шуд, ки ҳамдаму ҳамрози мардуманд. Бо ибораи дигар:
То ки масъуле шавад воқифи халқ,
Хомадоре чун сипар дар минбар аст.
Маҳмуд шарифзода бар асари мутолиаи зиёди осори адабӣ ба равишу услуби қалами илмӣ ошноӣ пайдо карда, худ низ ба навиштани осори адабӣ пардохтааст. Асарҳои ба озмунҳо пешниҳодкардаи ӯ дар рӯзномаю маҷаллаҳои шаҳрӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ба нашр расидаанд. Метавон гуфт, ки агар ӯ бад-ин минвол эҷодкории худро идома диҳад, боварӣ ҳаст, ки тавфиқ ёфта, дар оянда аз ӯ қаламкори хубе хоҳад баромад.
С. БАЁЗӢ,
собиқадори матбуоти тоҷик
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...