Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » Х. Давлатов: «Мутолиаи асарҳои Абдулҳамид Самад, Ӯрун Кӯҳзод ва Балзакро тавсия медиҳам»


Х. Давлатов: «Мутолиаи асарҳои Абдулҳамид Самад, Ӯрун Кӯҳзод ва Балзакро тавсия медиҳам»



“Шеъру ғазалҳо барои кайфияти руҳиянд, вале барои фаҳмишу дарки маъниву дарки дунё роман хондан даркор”, - мегӯяд Хайрулло Давлатов, директори театри вилоятии лӯхтаки “Афсона”. 

Ӯ  аз  Соли  фарҳанги китобхонӣ  эълон  гаштани соли  2025  аз  ҷониби  раиси вилояти  Хатлон  Давлаталӣ Саид  ҷонибдорӣ  намуда, ба  тамоми  ҷавонон  таъкид мекунад,  ки  пайваста  китоб  хонанд.  Дар  ин  баробар,  ӯ номгӯи чанде аз асарҳои нависандагони тоҷик ва хориҷиро низ оварда, мутолиаи ононро тавсия намуд. 

“Вақте  ки  ман  ҷавон  будам,”Косаи  давр”-и Абдулҳамид  Самадро  хондам.  Ҷолибияти  асар ва сабку нигориши нависанда чунон таъсирбахш аст, ки кас баробари хонданаш бо қаҳрамонони асар дар ҳамон пастхамиҳову пайроҳаҳои қишлоқ беихтиёр ҳамроҳ мешавад”, - нақл мекунад Хай-рулло  Давлатов.  Дар  ин  баробар,  ӯ  ёдоварӣ  аз чандин  асари  нависандагони  хориҷӣ  ба  монанди Иван Гончаров, Чернишевский, Валтер Скотт, Оноре де Балзак ва дигарон намуда, бо як эҳсоси фавқулода аз ин асарҳо қисса менамуд.

Ӯ хондани асарҳои бузурги нависандагони муосири тоҷик Абдулҳамид  Самад  “Косаи  давр”,  Ӯрун  Кӯҳзод “Сукути қуллаҳо”-ро тавсия медиҳад: «Барои суханпардоз  шудан  асари  машҳури  Н.  Чернышев-ский “Что делать” ва барои донистани ҳурмати устоду  шогирд  повести  машҳури  Оноре  де  Балзак  “Неведомий  шедевр”-ро  бояд  хонд».  Тавре ки  Хайрулло  Давлатов  мегӯяд,  касе,  ки  роман меофарад, шахси яктарафа набуда, аз ҳама чиз бохабар аст.

Аҳадуллои Мирзоалӣ
Хатлон

Дигар хабарҳо

Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 117/рз-97 аз 07 январи соли 2019 аз нав ба ҳисоб гирифта шудааст.

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода