Ошкоршавии ду ҳолати дуздӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 декабр, Бахш: Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 332
![]()
Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон ду ҳолати дуздӣ ошкор шуда, гумонбарон дастгир шуданд.
Тавре манбаъ хабар додааст, ахиран ба ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён аризаи зани 37-солаи сокини ҳамин ноҳия ворид гардид, ки тибқи он 3 декабри соли 2024 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз онҷо 31 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷа кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Ваҳдатро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намудаанд.
Ҳамзамон манбаъ иттилоъ додааст, ки ба ШВКД дар ноҳияи Фархор ҳам аризаи марди 47-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст, ки шаби 26 ба 27 ноябри соли 2024, тахминан соати 01:00 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 54 ҳазор сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
- Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини ноҳияи Восеъро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намудаанд, - таъкид дошт манбаъ.
Инчунин дафтари матбуоти вазорати умури дохила зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаҳо мазкур тафтишот идома дорад.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
9-03-2024, 16:45
Ҳамватанони азиз!Муҳтарам фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин!...
-
26-01-2021, 14:00